Роҳи осони интиқоли пул ба Тоҷикистон, боздошти рӯҳониёну муаллимони тоҷик бо гумони ифротгароӣ, пули тарснок дар Кӯлоб ва ҷанги муҳоҷирон барои хунсупорӣ видеову мавзуъҳои "Озодӣ Онлайн"-и имрӯз аст.
Баъди шикоятҳои пай дар пай дар бораи мушкил шудани интиқоли пул, даҳҳо муҳоҷир аз Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки роҳи осони фиристодани пул тавассути системаҳои "Контакт" ва "Юнистрим" ҳаст ва шарт нест, аз хона бароеду ба бонк ё ҷои дигар равед.
Ҳоло, ба гуфтаи муҳоҷирон, пуле, ки аз шумо мегиранд, фақат як дарсади пулест, ки мефиристед. Аммо баъди моҳи январ, мумкин аст, ҳаққи интиқол тағйир ёфта, боло равад.
Видеое, ки дар оғози барнома мебинем, аз маркази муолиҷавии шаҳри Иркутск фиристоданд. Дар онҷо манзараи кашмакаш барои ҳарчӣ зудтар ворид шудан ба назди табибон ва супурдани хун тасвир ёфтааст. Ин як муқаррароти гирифтани иҷозаи кор дар Русия будааст.
Муаллифи видео ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин вазъ ҳар сол дар ин мавсим такрор мешавад.
Барномаро дар Ютуб бинед:
Шояд аз барномаҳои гузашта ва ё вебсайти Радиои Озодӣ дар бораи боздошти даҳҳо руҳониву муаллим ва донишҷӯёни тоҷик хабар дошта бошед, ки ба узвият дар созмони дар кишвар мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" муттаҳам мешаванд. Гузориши Радиои Озодӣ дар ин бора баҳси зиёдеро дар вебсайти мо ва Инстаграм барангехт.
Яке аз корбарон бо номи Абдулло дар вебсайти мо навиштааст: "Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ягон нафарро беасос паси панҷара накардаанд. Онҳо шояд дидаю дониста узви созмон шудаанд."
Корбаре ба номи Марат шак дорад, ки ин афрод гуноҳе карда бошанд ва гуфтааст, мумкин аст, мақомот онҳоро бо иттиҳоми бардурӯғ дастгир кардаанд. Ӯ гуфтааст: "Худам шоҳид будам, ҳамсояамро бурданд ва чанд корманди милиса хонаҳоро кофтанд. Ҳар китобе буд, бурданд. Баъдан фаҳмидем, ки дар ҳаққашон туҳмат кардаанд."
Дар Инстаграм як корбаре бо номи Батиров рӯҳониёни тоҷикро "камсавод" номида ва онҳоро ба "гумроҳ кардани мардум" муттаҳам кардааст. Ӯ навиштааст: "Бисёре аз муллову эшонҳои мо саводи дуруст надоранд. Агар каме дошта бошанд, худро олим мешуморанд. Бисёре аз муллою эшонҳо тарҷумаи сураҳои Қуръонро намедонанд."
Корбаре бо номи "Тоҷик" дар вебсайти мо навиштааст, агар зиндагии мардум дуруст бошад, ифротгароӣ ҳам кам мешавад ва ё аз байн меравад. Шарҳи ӯро мехонем: "Сабаби ҳамаи ин шароити пасти зиндагӣ мебошад. Инсон дар вақти маҷбурӣ узви ҳар гуна равияҳо мешавад. Шароити зиндагиро дуруст кардан зарур аст. Корхонаҳое сохтан лозим аст, ки даҳҳо ҳазор одам кор кунад, на 10 - 20 нафар."
Агар ин гузоришро надидед ва ё нахондед, пас, саре бизанед ба инҷо.
Дар охири барнома ба дидани як пул ё кӯпруки тарснок дар Кӯлоб меравем. Ин видеоро як сокини деҳаи Панҷосиёби Кӯлоб фиристод ва гуфт, ин пул, ки чанд деҳаи ҷамоати Зарбдорро ба ҳам мепайвандад, се сол боз вайрон аст ва "мақомот меоянду мегӯянд, ки таъмир мекунем ва бо ҳамин дигар барнамегарданд." Ба қавли ӯ, "дар инҷо чанд дафъа мошин афтодааст."
Шумо ҳам видеое доред, бифристед, шарт нест фақат харобӣ бошад. Ба ин шумора +420 607 900 808 ва аз ҳар роҳе, ки мехоҳед. Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграм дорем. Тавассути вебсайти мо ҳам фиристода метавонед. То дидор дар барномаи оянда.