Як манбаъ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон гуфт, ки муфаттишони Оҷонсии давлатии мубориза бо фасод дар доираи таҳқиқоти вазъи “Агроинвестбонк” бо Муродалӣ Алимардон, раиси ин бонки дучори мушкил ҳам "сӯҳбат" кардаанд. Манбаъ рӯзи 13-уми июн ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "сӯҳбат" бо раҳбари “Агроинвестбонк” дар миёнаҳои моҳи май дар идораи Оҷонси зидди коррупсия анҷом шудааст.
Дуруст аст, ки бар асоси ариза нафаре бояд бозпурсӣ шавад, вале риояи одобу эҳтиром бо чунин афрод бисёр муҳим аст. Ин шахсият бисёр хизмат кардааст.
Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ ҷузъиёти даъвати раиси “Агроинвестбонк”-ро шарҳ надод, аммо гуфт, "он дар доираи қонуну одоб сурат гирифта, нисбат ба ин шахсият ҳеҷ парвандае вуҷуд надорад". Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 13-уми июн ин хабарро тасдиқ ва рад накард.
“Як саги немисӣ намерасад»
Номи Муродалӣ Алимардон, собиқ раиси Бонки Миллӣ ва муовини аввали нахуствазир ва яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 13-уми июн дар порлумон садо дод. Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумони Тоҷикистон аз тарзи бархӯрд бо ин шахсият аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ шадидан интиқод кард.
Ӯ дар ҳоле аз ҳеҷ ниҳоде ном набурд, дар ҷаласаи порлумон гуфт, "понздаҳ рӯз пеш бо дархости интихобкунандагон вориди “Агроинвестбонк” гардидам ва шоҳиди муносибати нодурусти кормандони мақомот шудам. Бисёр узр мехоҳам, ба онхо як саги немисӣ ва як либоси немисии CC намерасад. "
Ба гуфтаи ӯ, Муродалӣ Алимардон ба таври нодуруст барои пурсиш ба яке аз идораи мақомоти қудратӣ даъват шудааст.
"Агроинвестбонк"-ро ба штаб табдил додаанд
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон, рӯзи 13-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ низ гуфт, нуқтаи назараш дар робита ба шеваи бозпурсии Муродалӣ Алимардон дуруст буд. Ӯ гуфт, "ин шахсият дар паҳлӯи сарвари давлат хидмат кардааст ва дар муносибату муошират бо ӯ одобро бояд риоя кард. Дуруст аст, ки бар асоси ариза нафаре бояд бозпурсӣ шавад, вале риояи одобу эҳтиром бо чунин афрод бисёр муҳим аст. Ин шахсият бисёр хидмат кардааст."
Ба гуфтаи ин вакили порлумони Тоҷикистон, дар ҳузури одамони зиёд раиси бонкро ба мошини сабукраве савор карда бурдан ба рӯҳияи кормандон ва мизоҷони бонк таъсир мерасонад. Усмонзода гуфт, чунин бархӯрд “ба кори бонк халал мерасонад”. Вай гуфт: “Намегӯям, ки ин одамон дар онҷо ғайриқонунӣ ҳузур доранд. Ҳузурашон қонунӣ ҳаст, вале рафторашон онҷо дар ҳамин шабу рӯз дағал ба назар мерасад. Бахусус, ҳамкорӣ ва рафторашон бо Алимардонро қабул надорам."
Ба саволи Радиои Озодӣ, дар бораи инки то куҷо изҳороти ӯ дар бораи Муродалӣ Алимардон дар маҷлис бо дархости худи ӯ сурат гирифтааст, гуфт, ин ҳарфҳо асос надорад ва ӯ танҳо мушоҳидаҳои худро баён кард.
Пурсишу сӯҳбати ӯ ба як кори маъмулӣ табдил ёфтааст. Раис ба ин ҳама розӣ ҳаст, агар проблема ҳал шавад. Дар назди виҷдонашон ҳам азоб мекашанд, ки пули амонатгузоронро баргардонидан мушкил шудааст
Корманди “Агвроинвестбонк”: “Вазъи раис хуб нест”
Рӯзи 13-уми июни масъулони “Агроинвестбонк” расман аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карданд, аммо як масъули бонк дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Муродалӣ Алимардон бо мактуби расмӣ аз мақомот кумак пурсида буд, то дар баргардонидани қарзҳо аз муштариён ёрӣ намоянд.
Ӯ гуфт, тақрибан рӯзе нест, ки Муродалӣ Алимардон дар утоқи кориаш бо намояндагони ин ё он мақомот сӯҳбат накунад. “Аксари кормандонро ҷавоб додаанд. Аз чаҳор муовин як муовин боқӣ мондааст ва аз ин рӯ, ба тамоми саволҳои марбут ба бонк бевосита худи раис ҷавоб медиҳад. Муштариён барои баргардонидани амонатҳояшон ба ҳама мақомот ариза менависанд. Пурсишу сӯҳбати ӯ ба як кори маъмулӣ табдил ёфтааст. Раис ба ин ҳама розӣ ҳаст, агар проблема ҳал шавад. Дар назди виҷдонашон ҳам азоб мекашанд, ки пули амонатгузоронро баргардонидан мушкил шудааст”, - гуфт ин корманди бонк.
Ҳимоят аз раиси бонк неву, аз муштарӣ зарур аст
Дар ҳоле ки як вакили маҷлис ба ҳимояи ҳуқуқ ва обрӯи раиси бонк садо баланд кардааст, бархе нозирон мегӯянд, дар ҳолати пешомада на мақомот, балки муштариҳо ҳастанд, ки ба ҳимоят ва таъмини ҳуқуқашон ниёз доранд. Фирдавс Пулодӣ, коршиноси масоили иқтисодӣ, рӯзи 13-уми июн гуфт, ҳимоят аз Муродалӣ Алимардон ба ҳайси раҳбари як бонк чандон мантиқӣ нест. Ӯ гуфт, дар бӯҳрони бонкӣ аз ҳама бештар беэҳтиромӣ нисбат ба амонатгузорон шудааст, на ба ягон раҳбари бонк.
"Амонатгузорон моҳҳост дунболи амонати худ мегарданд ва гирифта наметавонанд. Ин беэҳтиромӣ нисбат ба муштариён аст. Буҳрони бонкӣ нобовориро пайдо кард, ки барои дубора барқарор кардани он солҳо зарур аст. Вақте муштарӣ боварро аз даст медиҳад, аз ин дида беэҳтиромӣ нест", - афзуд ӯ.
- Бино ба иттилои ахир, қарзи "Агроинвестбонк" дар назди муштариёнаш 700 миллион сомонӣ ва "Тоҷиксодиротбонк" 904 миллион сомониро ташкил медиҳад.
"Агроинвестбонк" ба амонатдоронаш то оғози соли 2018 ҳар моҳ 500-сомонӣ пардохт мекард, вале моҳҳои охир ин пардохтҳо боз ҳам коҳиш ёфта, бархе аз муштариҳо мегӯянд, моҳҳо боз ҳамин маблағро ҳам дарёфт карда наметавонанд.
Аксари кулли муштариҳо – қишри миёнаҳоли ҷомеа буда, захираҳои муайяни пулии онҳо дар бонк танҳо дороиашон ҳисоб мешавад. Дар як изҳороти ахираш дар парлумон раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, ки мудирони бонкҳо муваззаф шудаанд, ки то соли 2019 мушкилоти молии бонкҳоро ҳаллу фасл ва маблағи ироакардаи давлатро бозгардонанд.
“Агроинвестбонк” яке аз бонкҳои дучори мушкил дар Тоҷикистон аст. Мақомоти “Агроинвестбонк” дар гузашта гуфтаанд, ки барои ислоҳи вазъ ва хидматрасонии муносиб ба муштариён барномаҳои зиёде иҷро мекунад. Аз ҷумла, ду ҳазор корманди бонкро ихтисор карданд, то харҷ камтар шавад. Айни замон садҳо парвандаи он мизоҷоне, ки қарз гирифтаву барнагардондаанд дар додгоҳҳо баррасӣ мешавад ва ҳарду бонк мехоҳанд, ин мардум бо фурӯши моликияташон қарзҳояшонро баргардонанд.
Мушкили бонкҳои Тоҷикистон соли 2016 шурӯъ шуд ва баъди коҳиши воридоти маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик шиддат гирифт. Давлати Тоҷикистон аз бими норизоиятии мардум, ки дар “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк” садҳо миллион сомонӣ пасандоз доранд, онҳоро аз вартаи муфлисӣ раҳонд, вале бонкҳои хурде ба мисли "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд.