Ҳизбаллоҳ ва Д. Ишқе, ки бо фоҷиа анҷомид

Дар акс: Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода ва дӯстдоштааш

Волидони Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода, сокини Исфара, иддао доранд, ки писари онҳо аз дасти падари духтари дӯстдоштааш кушта шудааст.

Қиссаи ошиқии Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода, сокини 19-солаи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, бо марги ӯ анҷомида ва хонаводаашро дар мотам нишондааст. Онҳо мегӯянд, Ҳизбаллоҳ бо Д. ном духтаре аҳди ошиқӣ дошт, аммо мухолифати хонаводаи дӯстдоштааш рӯзи 7 январи соли ҷорӣ боис ба куштори ӯ гардидааст.

Хонаводаи Ҳизбаллоҳ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон талаб доранд, то Бадриддин Шаропов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ ва падари Д., бар асоси моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ муҳокима шавад. Ин дар ҳолест, ки додситонии шаҳри Исфара парвандаи куштори Ҳизбаллоҳ Басирҷонзодаро ба итмом расонда, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст.

Басирҷон Зарифов, падари Ҳизбаллоҳ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣрӯзи 23 феврал дар тамос шуда ва гуфт, писараш бисёр мехост бо Д. оиладор шавад ва зиндагии хубу хуше дошта бошад, аммо оилаи Д. бисёр монеи хонадоршавии онҳо буд. Вай гуфт: "Писари маро чанд дафъа латту кӯб карданд. Баъд аз як заданаш ман худам хонаи Бадриддин Шаропов хостгорӣ рафтам. Гуфтам, биё, ҳамин гапу корро як сӯ монему духтаратро ба мо деҳ. Аммо не гуфт."

Зарифов мегӯяд, наздикони Шаропов омада, ҳатто оинаҳои хонаашро шикаста рафтанд, аммо бо ин вуҷуд ӯ ба мақомот шикоят набурд. Ба умеде ки афзуд Зарифов рӯзе ин ду оила бо ҳам қудо мешаванд.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, рӯзи 7 январи соли ҷорӣ Бадриддин Шаропов тариқи телефон писари ӯро ба хонаашон даъват карда, хостори суҳбати рӯ ба рӯ бо вай мешавад. Ба таъкиди Басирҷон Зарифов, Шаропов ба писараш Ҳизбаллоҳ таъкид мекунад, танҳо баъд аз намози хуфтан ба хонааш биёяд: “Писарам дар ҳузури модараш мепурсад, ки мабодо ӯро намезанад. Аммо Бадриддин Шаропов қавл медиҳад, ӯро намезанад. Вале шаб, вақте писарам ба хонаи онҳо меравад, ӯро мезананд ва... мекушанд. Танҳо пагоҳ ба модараш хабар додаанд, ки ҷасади писарамонро омада аз мурдахона гиранд.”

Хонаводаи Бадриддин Шаропов аз суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи ин қазия худдорӣ карданд. Аммо наздикони Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода мегӯянд, ӯ гуноҳ надошт ва танҳо барои муҳаббаташ ба Д. кушта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, додситонии шаҳри Исфара дар робита бо куштори Ҳизбаллоҳ Басирҷонзодаи 19-сола нисбати Бадриддин Шаропов тибқи банди яки моддаи 104−и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ -- "одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар"−ро дар назар дошта ва маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 15 солро дар пай дорад.

Аммо Басирҷон Зарифов - падари Ҳизбаллоҳ мегӯяд, аз ҷараёни тафтишот шадидан нигарон аст ва талаб дорад, нисбат ба Шаропов на бо қисми як, балки бо қисми дуи модаии 104−и Кодекси ҷионоӣ парванда боз кунанд. Вай мегӯяд: “Муфаттишон бо қисми яки моддаи 104 парванда боз кардаанд. Ин модда 8 сол ҳабсро дар назар доштааст. Наход барои куштани одам ҳамагӣ 8 сол маҳбас кунанд?”

Дар ҳамин ҳол, Муродалӣ Умурзоқов -- муфаттиши додситонии Исфара дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба падари духтар парванда тартиб дода шуда, алакай барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шудааст. Вай гуфт: “Ин ки инҳо мегӯянд, дар куштори писарашон ҳамсару дигар наздикони Шаропов ҳам даст доштааст, дар рафти тафтишот тасдиқ нашуд. Хайр, шахси ҷабрдида ҳар чиз мегӯяд, аммо онҳо дар ҷои ҷиноят набуданд, мо набудем, тафтишот бо далелҳои қатъӣ танҳо гуноҳи Шароповро тасдиқ карда, айб эълон намуд. Парванда ба суд фиристода шудааст”.

Издивоҷҳо дар Тоҷикистон вақтҳои охир бештар на бар асоси ишқу муҳаббат, балки бар пояи сатҳи дороӣ ва обрӯмандии оилаҳо сурат мегиранд. Мушоҳида мешавад, волидайн ҳангоми оиладор кардани фарзандонашон бештар аз мақоли “Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз" кор мегиранд.

Бойалӣ Ҳусейнов -- равоншиноси тоҷик дар ин робита мегӯяд: "Рух додани чунин фоҷиаҳои оилавӣ аз боқӣ мондани тафаккури феодалӣ дар бархе аз гӯшаҳои Тоҷикистон дарак медиҳад. Чунки мардум ба хотири пулу мол шуда, хушбахтии фарзандонашонро зери пой мегузоранд. Ин гуна ҳодисаҳо бояд боиси ташвиши амиқи ҷомеа бошад."

Ҷамоати Чоркӯҳи Исфара аз минтақаҳои мазҳабии Тоҷикистон ба шумор рафта, мардумаш шадидан тибқи қоидаҳои шариати ислом ба сар мебаранд. Ин аст, ки бархе аз коршиносон мегӯянд, қазияи мазкур то андозае паҳлӯи номусӣ ва динӣ низ дорад.