Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бори қатли ду зан аз души "Pussy Riot” дур шуд


Полиси Тотористон гумобаршудаи қатли ваҳшиёнаи ду сокини Қазонро боздошт кард. Қотили эҳтимолӣ устоди донишгоҳи Қазон будааст.

Ин фоҷеъа бинобар ошкор шудани шиори “Озодӣ ба Pussy Riot” дар саҳнаи куштор, дар сархати ахбор қарор гирифт.

Маълум шуд, ки ин куштор ба қазияи пурсарусадои “Pussy Riot” ҳеҷ рабте надорад ва қотили эҳтимолӣ ин шиорро ба хотири гумроҳ намудани тафтишот навиштааст. Биноба фарзияи гурӯҳи тафтишот, куштори модари 76-сола ва духтари 38-солаи ӯро устоди кафедраи таърихи яке аз донишгоҳҳои Қазон анҷом додааст. Хабаргузориҳо ӯро Игор Даниловский муаррифӣ кардаанд. Нозирон мегӯянд, ин далел, ки шиори “Озодӣ ба Pussy Riot” ба забони англисӣ бе ҳеҷ иштибоҳ навишта шудааст, аз оғоз имкони даст доштани майзада ва нашъамандон дар ин кушторро соқит мекард.

Тавре, ки аз ибтидо гумон мерафт, қотили эҳтимолӣ модару духтарро, ки ваҳшиёна ба қатл расидаанд, мешинохт. Кумитаи тафтишоти федеролии Русия ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки интеллигенти гумонбар ба куштор дар бозпурсӣ гуфтааст, ки дар гузашта ҳамсинфи зани 38-сола буд ва дар ҳамин авохир бо ӯ равобити дӯстона бунёд кард.

Ба гуфтаи тафтишот, устоди донишгоҳ бо ваъдаи издивоҷ эътимоди занро ба даст овард ва ӯро ба гирифтани қарзи бонкӣ маҷбур кард. Қотили эҳтимоли ин маблағро барои пӯшонидани қарзҳои бешумори худ истифода бурдааст. Азбаски ин мард илоҷи баргардонидани қарзҳои худро надошт, маҷбур худро ошиқ вонамуд кард ва ба зан паёмакҳои (sms) ошиқона мефиристод.

Аммо баҳси ахири ин ду нафар бар сари дурӯғи навбатии мард, ки дар оғоз гуфта буд, занро ба Миср мебарад, вале баъдан масъалаи сафар ба Симферополро дар миён гузошт ва ниҳоят ин сафарро низ лағв кард, бо фоҷеъа анҷом шуд.
22 август устоди донишгоҳ ба хонаи ҳамсинфи собиқи худ омад ва гуфт, ки сафари Қримро бояд ба моҳи январ кӯчонд. Ин хабар занро бисёр нороҳат карда ва ӯ ҳамсинфи собиқи худро ба дуруғгӯӣ муттаҳам намуд. Таънаҳои зан ба иззати нафси марди қарздор расиданд, ки ӯ корди рӯи мизро гирифта ба бадани зан чанд зарба зад.

Гумонбаршудаи куштор гуфтааст, ки қурбонии аввали ӯ дафъатан ҳалок шуд, вале сару садо аз ҳуҷраи ҳамсоя модари 76-соларо ба саҳнаи куштор овард. Номзади илми таърих ва қотили эҳтимолӣ гуфтааст, ки зинда гузоштани шоҳиди куштор хатарнок буд ва ӯ маҷбур шуд, модарро низ бо корд ба қатл расонад. Пулис дар бадани модару духтар аз 8 то 10 зарби кордро шумурд ва гуфт, ки тасмими қотил дар куштани занҳо ниҳоӣ буд.

Ин мард гуфтааст, танҳо ба хотири ба роҳи ғалат равон кардани тафтишот бо истифода аз хуни яке аз кушташудаҳо шиори “Озодӣ ба Pussy Riot”- дар девор навишта осори ҷинояти худро аз саҳнаи ҷанг пок кардааст. Пеш аз берун рафтан аз саҳнаи куштор “ителлигент” забонхати қарзро, ки қаблан ба зан дода буд, сад ҳазор рубл ва ду телефони мобилро бо худ бурд.

Гумонбаршудаи куштор дар хонаи волидонаш, ки паноҳгоҳи фирор аз қарзхоҳон буд, боздошт шуд. Ходимони пулис корд, забонхати қарздорӣ ва телефонҳои қурбониёнро дар балкони хонаи волидони номзади илми таърих, ки матбуот ӯро Игор Даниловский муаррифӣ кардааст, пайдо карданд.
XS
SM
MD
LG