Ин сабқат ба моҳи июли соли ҷорӣ барномарезӣ шуда дар он духтарҳо ва ҷавонмардҳо вориди мусобиқа хоҳанд шуд.
Мақомот ба тавони духтарон барои ширкат дар сабқатҳои обрӯманд дар ҳоле бовар карданд, ки онҳо бидуни ҳеҷ тамрин ҳунари шиноварӣ омӯхтанд ва беҳтарин оббозҳои ҳавзи Мӯъминобод эътироф шуданд. Ин духтаронро мардуми минтақа бо шӯхӣ “париҳои обӣ” ном гузоштаанд, зеро на ҳама ба оббозӣ дар ин ҳавзи бузург, ки ягона обанбор дар минтақаи Кӯлоб будааст, ҷуръат мекунад. Жарфно ё ҷуқурии ин ҳавз 30-40 метр ва паноҳи он ҳудудан 3 километр будааст.
Матлуба Раҳматова, сокини деҳаи Душанбеи ҷамоати Деҳбаланди ноҳияи Мӯъминобод 17 сол дорад ва шиновариро аз хурдӣ дар канораҳои ин ҳавз оғоз карда ҳоло худро дар ин ҳавзи бузург мисли моҳӣ роҳат эҳсос мекунад. Мо бо Матлуба рӯзи чоршанбеи 4 март дар ноҳияи Мӯъминобод сӯҳбат кардем. Ӯ тобистони соли гузашта дар сабқати қаиқронҳои ҷавон ҷои аввалро ба даст овард. Вай мегӯяд, “Шавқу ҳаваси ман ба обу қаиқронӣ дар ҳоле бештар шуд, ки дар телевизион духтарҳоро аз давлатҳои дигар дидам, ки заврақро ҳунармандона идора мекунанд. Вақте ба ҳавзи назди хонаамон заврақ оварданд, ман аввалин духтаре будам, ки бо ихтиёри худ рафта, заврақронӣ кардам. Баъди ин хоҳарам Ороста низ маро дида ба заврақронӣ ҳавас кард. Ҳоло мо чор духтарем, ки қаиқрон шудаем, ҳатто писарон ҷуръат намекунанд бо мо мусобиқа кунанд”, - гуфт Матлуба Раҳматова.
Ороста, хоҳари Матлуба Раҳматова як сол аз ӯ хурд буда, мегӯяд, ки бори аввал, вақте ба қаиқ нишаст, он чаппагардон шуд ва хаёл кард, ки шояд ин ҳунар барои ӯ нест. Аммо баъдан хоҳари бузургаш ӯро борҳо бо
худ гирифт ва ин навъи варзишро омӯзонд. Онҳо баъдан ду духтари дигарро ба қаиқронӣ шавқманд карданд.
Падару модари Матлуба ва Ороста мегӯянд, ки ҳар гоҳ духтарҳо барои чанд соат нопадид шаванд, онҳоро ҳатман дар лаби ҳавз пайдо мекунанд. Насим Раҳматов, падари Матлуба ва Ороста дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, хонаводаи онҳо ва аҳли деҳаашон ҳама ба варзиш сару кор доранд. Ӯ мегӯяд, азбаски он вақт писар надошт, аз рӯи ҳавас бо духтаронаш тавре рафтор мекард, ки гӯё онҳо писар бошанд. Насим Раҳматов мегӯяд, ҳоло ду духтараш дар қаиқронӣ ҳамто надоранд.
“Хайр, буданд нафароне, ки омада мегуфтанд «духтар чиву қаиқрониаш чӣ?» Дар вақти ташкил кардани мактаби қаиқронӣ ман худам духтарҳоямро овардам ва хоҳиш кардам, ки онҳоро ба ин мактаб қабул
кунанд. Ҳоло ду духтари ман дар мусобиқаҳо медал ҳам мегиранд. Вақте писар надоштам, духтарамро Шурик ном гузошта, ҳоло ӯро на Матлуба, балки бо ду ном – «маликаи обӣ» ва Шурик мешиносанд”, - гуфт Насим Раҳматов.
Бибиносо Муродова, сокини дигари ин деҳот, мегӯяд, ки аҳли деҳа ҳама ба варзиш шавқ доранд.
“Дар деҳоти мо аз писар дида бештар духтар ба дунё омадааст. Баъдан кампирҳои мо ҳам варзишгаранд. Чанд кампир, ҳатто хушдомани ман дар моҳидорӣ ҳамто надорад. Духтари ман низ мисли писар аст, ҳоло мехоҳам ӯро ба дарси қаиқронӣ бидиҳам. Дар ин деҳа писарон ҳоло хурданд, барои ҳамин духтарҳо ғалаба карданд. Агар лозим бошад, худам низ ба қаиқронӣ меравам”, – гуфт Бибинисо Муродова.
Мактаби қаиқронӣ, ки як устод ва чаҳор шогирд дорад, соли 1914 таъсис ёфт. Инро мактаб гуфтан ҳам шояд дуруст нест, зеро як бинои нимсохта дорад ва 10 заврақи тамринӣ. Аммо раиси ноҳияи Мӯъминобод Тоҳир Амиршоев дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, онҳо тасмим доранд, ки ин
мактабро бо тамоми шароиташ муҳайё созанд.
Раҷабалӣ Маҳсиддинов, мураббии 4 духтари қаиқрон мегӯяд, ҷалби гурӯҳҳои бештари духтарон ба ин навъи варзиш вақту талош мехоҳад, зеро на ҳама ба монанди Насим Раҳматов ба рушди духтарҳои худ ҳавас доранд. “Бо падару модарони духтарҳои дигар бояд кор кард”, - мегӯяд устоди қаиқронӣ Раҷабалӣ Муҳсиддинов. Тамринҳои аслии ин гурӯҳ баъди ҷашни Наврӯз оғоз мешаванд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад