Мулоқоти намояндагони се кишвари Осиёи Марказӣ дар масъалаи марз

Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои 2021 ва 2022 шоҳиди задухӯрди хунин буд

Раҳбарони идораҳои амниятии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар мавриди "суръат бахшидан" ба нишонагузории сарҳади се кишвар "ба мувофиқа расидаанд".

Мулоқоти Саймуъмин Ятимов, Абдусалом Азизов ва Қамчибек Тошиев рӯзи 6-уми май дар шаҳри Фарғона гузашт.

“Ховар”, хабаргузории расмии Тоҷикистон, навишт, ки дар мулоқот “ҳамкорӣ дар масъалаи марз” ва “эҷоди шароити мусоид барои равобити дӯстонаи миёни кишварҳо" баррасӣ шуд.

Амнияти минтақа, аз ҷумла, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мудаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз мавзуъҳои дигари суҳбат будааст.

Ин мулоқот дар ҳоле гузашт, ки гуфтугӯйи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи таъйини хати сарҳад ҳанӯз идома дорад.

Равобити Душанбе ва Бишкек баъд аз ду муноқишаи хунин дар солҳои 2021 ва 2022 сард шуд ва сарҳади ду кишвар то ҳанӯз ба рӯйи шаҳрвандони якдигар баста мемонад.

Музокироти Тоҷикистону Узбекистон дар мавриди аломатгузории марз ҳанӯз ҷараён дорад.