Мулло Ҳайдар Шарифзода аз имомати Масҷиди ҷомеи Кӯлоб барканор шуд

Мулло Ҳайдар Шарифзода

Мулло Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии шинохта ва узви Шӯрои олии Тоҷикистон дар солҳои 90-ум, аз мақомаш дар масҷиди ҷомеи марказии Кӯлоб канор рафтааст. Ӯ солҳои дароз сархатиб буд.

Худаш рӯзи 13-уми август дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ тасмимро ба синну сол пайванд дод ва гуфт, "вазифаро ба каси дигар супурд". Мулло Ҳайдар Шарифзода 78-сола аст.

Ба ҷойи ӯ каси дигарро таъйин карданд. Муаррифӣ рӯзи 9-уми август, ҳангоми намози ҷумъа, гузаштааст. Яке аз намозгузорон гуфт, "Мулло Ҳайдар аз мардум маъзарат хост. Гуфт, ки танҳо аз вазифа меравад, аммо сохтмони масҷидро назорат хоҳад кард."

Дар Тоҷикистон чаҳор ҳазор масҷид сабти ном шудааст ва ҳар яке аз онҳо имому имомхатиб ва сархатиб доранд. Онҳо аз тарафи муассисони масҷиду раисони маҳаллаҳо пешниҳод шуда, дар мувофиқа бо мақомоти расмӣ таъин мегарданд. Ин тартиб аз соли 2014 ҷорист.

Сархатибон дар масҷидҳои ҷомеи марказии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ имоматӣ мекунанд.

Мулло Ҳайдар Шарифзода дар гирудорҳои дохилии солҳои навадум ширкати фаъол дошт ва аз тарафдорони ҳукумати ҳозираи Тоҷикистон ба шумор мерафт.

Агарчи чанд соли охир аз сиёсат канор рафту ба сархатибӣ машғул буд, номаш чанд дафъа дар пайванд ба изҳороташ дар бораи иштироки ҷавонон дар ҷанги Ироқу Сурия, ташкили китобхонаву кам кардани масҷидҳо, сӯхтори хонааш ва ҳамлаи як ҷавон бо "элеткрошокер" дар сархати расонаҳо ҷой гирифт.