Муҷозоти беш аз 30 кас барои чидани пистаи хом дар Кӯлоб

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Беш аз 30 нафарро дар минтақаи Кӯлоб ба гуноҳи чидани пистаи хом ҷазо додаанд.

Тоҳир Амиршоҳзода, мудири хоҷагии ҷангали минтақа, ҳафтае пеш дар нишасти матбуотӣ гуфт: “Чаҳор нафар дар ноҳияи Ҳамадонӣ, шаш нафар дар хоҷагии ҷангали Саричашма, 25 нафар дар хоҷагии ҷангали Данғара.”

Ҷамъоварии пистаи хом барои бахше аз мардум василаи асосии рӯзгузаронӣ будааст, чун мегӯянд, кору даромади муайян надоранд.

Тоҷикистон зиёда аз ҳаштод ҳазор гектар пистазори худрӯй дорад. Қисми асосии он дар ҳудуди вилояти Хатлон аст. Дар солҳои гузашта писта дар баробари пахта яке аз маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо зикр шудааст.

Соле пеш ҳосили писта бисёр кам буд ва на танҳо содироти он коҳиш ёфт, балки ба нарх дар бозорҳои ҷумҳурӣ таъсир расонд. Як килои он то 150 сомонӣ боло рафт.

Ҷангалбонҳои минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ҳосили имсола дар муқоиса ба гузашта зиёд аст. Нақша доранд, то 27 тонна писта ҷамъ биоранду ба бозор бароранд. Маълум нест, кӯшиши онҳо нархи пистаро дар бозорҳо поин ва донаашро дар рӯйи дасторхони мардум фаровон хоҳад кард ё не.