Муҷассамаи "Оилаи хушбахт" дар Кӯлоб қомат афрохт

Дар маркази шаҳри Кӯлоб ба муносибати "Соли оила" эълон шудани соли ҷорӣ -- 2015, муҷассамаи "Оилаи хушбахт" қомат афрохт.

Аввалин муҷасаммаи “Оилаи хушбахт” дар маркази шаҳри Кӯлоб қомат афрохтааст. Дар ин пайкара падар, модар ва фарзанди онҳо тасвир ёфтаанд, ки дар дасти писар парчами Тоҷикистон аст ва паёмест аз зиндагии орому осоиштаи як хонаводаи тоҷик.

Ин муҷасcама дар назди бинои “Хонаи бахт” ё Идораи сабти ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб воқеъ аст ва ба маблағи 18 миллион сомонӣ ё муодили ҳудуди 3 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ бунёд шудааст.

Зоиршоҳ Ғозиев, сармеъмори шаҳри Кӯлоб панҷшанбеи 10 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “қарор буд, ки муҷассама дар дохили Боғи фарҳангии шаҳр бунёд шавад, аммо баъдан масъулон ба ин натиҷа расиданд, ки ҷойи он назди бинои “Хонаи бахт” аст”.

Зеро ба гуфтаи ҷаноби Ғозиев, ҳар ҳафта даҳҳо тан аз ҷавондухтарону писарон ба манзури ақди никоҳ ба “Хонаи бахт” меоянд ва гузаштан аз пеши ин муҷассама, андешаи оилаи устувор доштан барои онҳоро бештар мекунад.

«Ин аввлин ҳайкале ҳаст, ки ҳамаи идеяҳои он куллан тоҷикӣ ҳаст. Модар бо либоси миллӣ ва дар сар рӯймоли кӯлобӣ дорад, бо шавҳару писараш даст ба даст ӯро ба сӯи мактаб мебаранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо оилаи хушбахт ҳаст. Бояд навхонадорон низ дар зиндагӣ ингуна ҳаётро шиори худ кунанд»,--гуфт мусоҳиби мо.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҷассамаи "Оилаи хушбахт" дар маркази Кӯлоб қомат афрохт.

Бо он, ки ин муҷассамаи “Оила хушбахт” дар маркази шаҳри Кӯлоб разми оилаи хушбахт ва пойдорро таҷассум мекунад, аммо тибқи гузоришҳои расмӣ, дар солҳои ахир мавориди аз ҳам пошидани оилаҳои ҷавон дар ин минтақа боз ҳам афзоиш ёфтааст.

Ҷамила Рӯзиева, як масъули ЗАГС ё Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ҷудошавӣ бештар миёни оилаҳои ҷавон ба мушоҳида мерасад. Ба гуфтаи хонум Рӯзиева, духтарон бо андаке мушкилӣ мехоҳанд аз ҳамсари ояндаи худ ҷудо шуда, алоҳида басар баранд.

Ба гуфтаи хонум Рӯзиева, бо вуҷуди он, ки ба ҷавонон шаш моҳ мӯҳлат медиҳанд, то тавонанд бо ҳамдигар созиш кунанд ва зиндагиашонро идома диҳанд, аммо қисмати каме аз ин хонаводаҳо аз фикри ҷудошавӣ бармегарданд.

Хонуми Рӯзиева афзуд: «Дар шаҳри Кӯлоб дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 91 оила аз ҳам пошиданд ва аз ин шумора 52 ҳолат бо қарори додгоҳ аз ҳам ҷудо шудаанд, ки дар натиҷа 61 кӯдак бе падар мондааст. Аз ин шумора 39-тои он оилаҳои ҷавон буда, фарзанд надоштанд, ки онҳо бо ариза ва бо розигии тарафайн аз ҳам ҷудо шудаанд ва ин шумора нисбати соли 2014 нӯҳ нафар кам аст.»

Коршиносон маҳаллӣ сабаби аз ҳам пошии хонаводаҳои ҷавонро ба издивоҷи маҷбурии онҳо ва омодаи зиндагӣ набуданашон рабт медиҳанд. Эраҷ Давлатзода, коршиноси маҳаллӣ аз қомат афрохтани муҷассамаи “Оилаи хушбахт” истиқбол кард ва гуфт, “агар чунин пайкара дар назди дигар "Хонаҳои бахт" сохта ва дар назди он навиштаҷоте ба номи «Аз ин оила, ибрат гиред» насб гардад, шояд барои баъзеҳо ибрат шавад.

Ҳамакнун бо он, ки муҷасаммаи “Оила хушбахт” ба таври расмӣ мавриди истифода қарор нагирифтааст, вале ба рӯҳияи бархе аз ҷавонон таъсир гузоштааст. Нигина, як духтари 25-сола, ки бо як писари 4-сола аз ҳамсараш ҷудо шудааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дирӯз бегоҳ ин пайкараро дидам ва оби чашмам низ барои аз ҳам пошидани оилаамон рехт. Аслан хушдоманам барои идомаи зиндагии мо зид баромад. Ҳол он ки ҳамсарам намехост мо аз ҳам ҷудо шавем, аммо хушдоманам шарт гузошт, ки аз ман ҷудо шавад”

Дар ҳамин ҳол қарор аст, ки рӯзҳои наздик шаҳрдори Кӯлоб Хайруллои Амонулло парда аз рӯи муҷассаи “Оилаи хушбахт” бардорад. Бо пардабардорӣ аз рӯи ин муҷассама, масъулон ва сокинон ибрози умедворӣ мекунанд, ки ин иқдом дар ҷиҳати коҳиши азҳампошии оилаҳои ҷавонон мусоидат хоҳад намуд.