Муҳокимаи ҳамла ба раҳбари ҳизби ҳоким дар Кӯлоб
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муҳокимаи гумонбарон ба таркиши мошини раҳбари ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар шаҳри Кӯлоб оғоз шудааст. Ҳодиса ним сол пеш рӯй дод. Мақомот таркиши мошини Салим Сайвализода “амали террористӣ” номида, дар пайванд бо он 8 нафарро боздошт кардаанд.