Муҳоҷиронро дар як вилояти Русия аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум карданд

Муҳоҷиронро дар вилояти Курски Русия аз ҳаққи рондани таксӣ маҳрум карданд. Чунин қарорро губернатори он вилоят Роман Старовойт имзо гузошт.

Вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, пеш аз тасмимгирӣ миёни сокинони маҳаллӣ назарпурсӣ анҷом шудааст.

Ба гуфтаи Старовойт, бештар аз 42 ҳазор кас дар ин назарпусӣ ширкат кардааст. 82 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, муҳоҷирон аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум шаванд.

Вай илова кардааст, ки "ҳар кас ҳақ дорад бо тартиби муайян кардаи қонун шаҳрвандии Русияро дарёфт кунад ва корашро дар ҳар соҳае, ки мехоҳад, давом диҳад".

Баъди ҳамла ба толори консерти "Крокус Сити Ҳол", ки бино ба фарзияҳои расмӣ, онро шаҳрвандони Тоҷикистон анҷом додаанд, бадбинӣ дар Русия нисбати муҳоҷирон афзоиш ёфтааст.