Торнамои The New York Post рӯзи 10-уми июн бо такя ба санаде, ки марзбонони амрикоӣ ба рӯзноманигорон нишон додаанд, навишт, “танҳо муҳоҷирони калонсол аз Гурҷистон, Молдава, Қирғизистон, Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон барои ихроҷ аз Амрико фавран фиристода мешаванд.”
Ба муҳоҷирони кишварҳои дигар иҷозат дода мешавад, ки то содир шудани қарори додгоҳ дар ҳудуди Иёлоти Муттаҳида бимонанд.
Марзбонони амрикоӣ ба рӯзноманигорон гуфтаанд, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз қоидаҳои нав ҳарос надоранд ва теъдоди онҳо ҳанӯз ҳам “бисёр зиёд аст”.
Ба гуфтаи марзбононе, ки бо The New York Post суҳбат кардаанд, фармони нав "хеле дер" содир шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Расонаҳо ахиран хабар доданд, ки президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи 4-уми июн додани паноҳгоҳро ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ манъ кардааст.
Мақомоти Мексика тобистони соли 2023 гуфта буданд, ки теъдоди муҳоҷирону паноҳҷӯёни тоҷик ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ки тавассути ин кишвар ба Амрико мераванд, сол ба сол зиёд мешавад.
Видео аз бойгонӣ: Чӣ гуна то Мексика мераванд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад