Муҳлати ҳабси се гумонбари дигари "Крокус"-ро тамдид карданд

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав рӯзи 26-уми ноябр муҳлати ҳабси се гумонбари дигар дар ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-ро то се моҳи дигар дароз кард. Онҳо зодаи Тоҷикистон ҳастанд.

Бар асоси қарори додгоҳ, Зубайдулло Исмоилов, Умедҷон Солиев ва Ҳусейн Ҳамидов, ки аз Доғистон ба Маскав бурда шуданд, то 1 -уми марти соли 2025 дар Боздоштгоҳ хоҳанд монд. Ҷаласаи додгоҳ паси дарҳои баста баргузор шуд.

Ҳафтаае пеш, рӯзи 19-уми ноябр, ҳамин додгоҳ муҳлати ҳабси Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзовро то 22-юми феврали соли 2025 тамдид карда буд.

Ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти имсол рух дод ва дар натиҷа 144 нафар кушта ва садҳо тан маҷруҳ шуданд.

Мақомоти қудратии Русия беш аз 20 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ, иҷро ва ёрӣ дар ин ҳамла боздошт карданд, вале то имрӯз шубҳаву суолҳо мондааст.

Як далеле, ки ҳомиёни ҳуқуқ онро пайваста ёдрас мекунанд, иқрори гумонбарон таҳти шиканҷаи сангин мебошад. Шароити нигаҳдории гумонбарон дар Боздоштгоҳ маълум нест.