Муҳаммадсобир Файзов хостааст, тамдиди ҳабси ӯро бекор кунанд

Муҳаммадсобир Файзов. Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав. Моҳи майи 2024

Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонзадҳо ба ҳамла ба “Крокус Cити Ҳолл” (канори Маскав) хостааст, ки қарори тамдиди ҳабси ӯро бекор кунанд. Хабаргузории “ТАСС”-и Русия рӯзи 21-уми август навишт, шикояти Файзов ба воситаи вакили мудофеаш расонда шуд.

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав дар як ҳафтаи охир муҳлати ҳабси ӯ ва даҳ зодаи дигари Тоҷикистонро то 22-юми ноябр дароз кард. Сабаби онро “бисёр калон будани парванда” ва “шумори зиёди шоҳидон” номиданд.

Пештар вакили дифои Муҳаммадсобир Файзов бо сабаби бисёр бад будани саломати ӯ озодияшро дар ҷараёни тафтиши парванда дархост карда буд, вале рад шуд.

Ҳамлаи маргбор ба толори мусиқии “Крокус” дар вилояти Маскав шоми 22-юми март рух дод. Ба иттилои расмӣ, 144 нафар кушта шуда, беш аз 500 кас осеб дидааст.

Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсидин аз боздоштшудаҳои аввалин ҳастанд.

Мақомоти Русия онҳоро “иҷрокунандаи бевоситаи ҳамла” ба “Крокус” меноманд, вале то ҳол далели қотеъ ва мушаххас нашр накардаанд. Маълум нест, дар ҷараёни тафтишот ва мурофиаҳо, ки паси дарҳои баста мегузарад, боздоштшудаҳо чӣ мегӯянд.

Муҳаммадсобир Файзов, моҳи марти 2024

Муҳаммадсобир Файзови 19-соларо рӯзи 23-юми марти имсол дар Русия дастгир карда, бо аробаи маъюбӣ ва либоси тиббӣ ба Додгоҳи ноҳияи Басманний оварданд. Пеш аз он дар шуъбаи эҳё буд ва бозпурсияш дар он ҷо гузашт. Ҳангоми амалиёти боздошт як чашмаш осеб дидааст.

Эҳтимоли дар натиҷаи латукӯби бераҳмона ба чунин ҳол расидани ӯ зиёд аст, чун ходимони ҳифзи ҳуқуқ навори шиканҷаи гумонзадҳои дигарро бо барқу буридани гӯш бидуни ҳеч ҳарос ошкоро нашр карда буданд.

Сайрам Файзова, модари Муҳаммадсобир Файзов, моҳи марти имсол ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеч бовараш намеояд, ки фарзандаш ҳамлаи террористӣ анҷом додааст. "Писарам шахси мазҳабӣ набуд, намозро ҳам соз намехонд, қазо мекард," -- нақл карда буд ӯ.

Дар аксу наворҳояш дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте"-и русӣ Муҳаммадсобир Файзов гоҳе бо риш ва дар бархе маврид бидуни риш ҷавони шод ва коргари хуб тасвир ёфтааст. Аз миёни аксу наворҳои гузоштаи ӯ саҳнаҳое аз кораш бо муштариҳои рус, маҳалли кор, мошинсаворӣ ва наворҳои кӯтоҳ бо мусиқӣ низ дида мешаванд. Баъзе аз расонаҳои Русия нигоштанд, ки ӯ ба варзиш ҳам рағбат дошт ва дар толори варзишии War Pro дар Иваново дар дарсҳои кикбоксинг ширкат кардааст.