М.Кабирӣ: Аз асли мушкили дунёи Ислом то "тахтабанд" будани наҳзат (ВИДЕО)

Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар мулоқоти навбатиаш бо ҷавонон аз сабабҳои бештар аз дигарон гирифтори мушкил будани ҷаҳони Ислом гуфта ва аз тасмими ҳизбаш барои ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи феврал ҳимоят кардааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), умдатарин ташаккули сиёсии мухолифин дар ин кишвар, рӯзи 15 ноябр дар мулоқоти навбатиаш бо ҷавонони фаъол дар қароргоҳи ҳизб дар Душанбе ба ин мавзӯъ пардохтааст, чаро дар ҷаҳони имрӯза бештар аз ҳама ҷаҳони Ислом гирифтори мушкилот аст?

Оқои Кабирӣ решаи ин мушкилро дар камбуди маърифти худи мусалмонҳо дониста, аз ҷумла гуфт: “Имрӯз ҷанг дар олами Ислом аст, фақр дар олами ислом аст, мушкилоти сиёсӣ дар олами Ислом аст ва аз ҳама ҳукуматҳои диктаториву худкома дар олами ислом аст. Ҳамеша мегӯем, ки моро дигарон ҷанг меандозанд. Моро дигарон мусаллаҳ мекунанд. Аммо боре савол намегузорем, ки чаро дигарон метавонанд моро бо ҳам ҷанг андозанд. Моро дар муқобили худ қарор диҳанд. Мо бояд ҷасорат дошта бошем, ки ин саволро ба худ бидиҳем ва баргардему замони садри исломро нигоҳ кунем. Даврони тиллоии таърихи Исломро мурур кунем ва бубинем, ки мусалмонон чиқадар каромату иззат доштанд."

Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, Аврупо дар он аҳд аз ҷаҳони Ислом донишу савод меҷуст ва толибилмонашро барои таҳсил ба Шарқи исломӣ мефиристод, вале ҳоло "мо аз кишварҳои дигар хоҳишу таманно мекунем, ки донишҷӯёни моро бипазиранд ва ба мо грант бидиҳанд барои омӯзиш ва таълим. Пас маълум мешавад, ки мушкил дар ислом нест. Мушкил дар мо мусалмонҳост.”

Муҳиддин Кабирӣ дар ин мулоқот ба масъалаи ширкати ҳизбаш дар интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2015 низ пардохт ва аз тасмими ширкати ҲНИТ дар ин корзор пуштибонӣ кард. Ин дар ҳолест ки бархе аз мунтақидон ин қарори наҳзатро боз як аломати дигари ба қоидаҳои дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон муқарраркардаи низоми ҳоким сар фуровардани ин ҳизб маънидод карда, хитоб ба раҳбарони ҲНИТ, аз ҷумла оқои Кабирӣ гуфтаанд, ки онҳо бо ин тасмими худ интихоботи соли ояндаро зоҳиран пурррақобт ҷилва додаву ба он ҷомаи машрӯъият мепӯшонанд.

Наҳзати "тахтабанд" ва интихобот-2015

Муҳиддин Кабирӣ дар посух ба ин гуна иддаоҳо бо овардани байти маъруфи:

Дар миёни 4 дарё тахтабандам кардаӣ,

Боз мегӯӣ, ки доман тар накун, ҳушёр бош!

гуфт, “наҳзат дар миёни 4 дарё тахтабанд аст. Агар ширкат накард, як гурӯҳ мумкин розӣ шаванд аз ун ва бигӯянд, офарин, наҳзат бо ин ширкат накарданаш гуфт, ки мо ба ин интихоботҳо бовар надорем, зидди сиёсати ҳукумат кор кард. Мо ки ин ҳадафро надорем.Агар ширкат кардему боз тақаллубу фишор шуд, мегӯянд, ки дидед, наҳзат донишу саводи казоии сиёсӣ надорад, аслан намедонист ки интихобот боз ҳамин гуна бармегузор мешавад, боз рафтанду худашонро дар интихобот шарик карданд, боз фиребашон доданд, тақаллуб карданд, овозашонро гирифтанд. Дар ҳарду сурат наҳзат бозанда аст.”

Аммо ба ақидаи раҳбари ҲНИТ, ширкати ҲНИТ дар интихобот ба нафъи миллат ва кишвар хоҳад шуд, чунки “дасти касоне ки мехоҳанд вазъиятро аз бештар ноором кунанд, кӯтоҳ мешавад. Пас бояд мо дар интихобот ширкат кунем, агарчӣ аксарият бар ин назар ҳастанд, боз тақаллубу фишор мешавад...”

Оқои Кабирӣ дар ин росто хостори ҳадди ақал ҳифзби “комёбӣ”-ҳое шуд, ки ҲНИТ дар корзори интихоботи қаблии порлумонӣ дар соли 2010 ба даст оварда буд. Дар пайи он интихобот ҲНИТ иддао дошт, ки бо дар дастони худ мунсаҷим кардани овози тамоми электорати аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон норозӣ дастикам 30 дарсади райъҳоро соҳиб шудааст.

Вале дар ниҳоят мақомоти интихоботӣ ба ин ҳизб зери 9 дарсад ва боз ҳамон 2 курсӣ дар Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистонро “ҷоиз” диданд. Дар натиҷаи танҳо “комёбӣ”-и ҲНИТ аз интихоботҳои гузашта ин шуд, ки он аз мақоми дуюм дар сабқати аҳзоби сиёсӣ ҳизби коммунистро танг кард ва расман баъди ҳизби ҳокими халқии демократии президент Эмомалӣ Раҳмон нирӯи дуюми сиёсии Тоҷикистон шуд.

ҲНИТ натиҷаҳои расман эълоншударо “зулм” номид, вале дар ниҳоят бо такя ба сиёсати сабре, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон пеш гирифтааст, натиҷаҳои интихоботро пазируфт ва дигар эътироз накард.

Баъд аз интихоботи соли 2010 ҲНИТ таҳти фишору таъқиби шадиде қарор дошт ва дар ин муддат чандин нафар аз аъзо ва раҳбарони созмонҳои маҳаллиаш боздошту зиндонӣ ҳам шуданд. Ҳамин тавр, дар матбуоти давлатӣ пайваста матлабҳое алайҳи ин ташаккули сиёсӣ нашр мешаванд, ки ҳадафашон пойин бурдани эътибори ҲНИТ дар чашми мардум гуфта мешавад.

Муҳиддини Кабирӣ мӯътақид аст, ки ин маъракаи маъруф ба номи “анти-наҳзат” эътимоди мардум ба ҳизбашро коҳиш надодааст. Ӯ дар мулоқот бо ҷавонон гуфт: “Ман бовар дорам, ки ин фишорҳо, ин тӯҳматҳо, ин тавтиаҳое, ки болои наҳзат карданду карда истодаанд, инҳо таъсири баръакс додааст. Мардум дигар сиёҳу сафедро мешиносад, огоҳтар шудааст. Ва ин дар масъулияти мост, ки ширкати фаъолтар дошта бошем ва раъйи мардумро ҳифз кунем.”

Аммо мунтақидон мегӯянд, дар асл “мева”-и ин фишорҳоро ҲНИТ дар интихоботи моҳи феврал ба чашми сар хоҳад дид ва гумон аст, ки ҳатто он натиҷаеро, ки дар соли 2010 соҳиб шуда буд, ин бор ба даст биорад. Як таҳлилгари масоили сиёсии Тоҷикистон бидуни бурдани ном гуфт, аз эҳтимол дур нест, ки раъйи ҲНИТ-ро дар интихоботи моҳи феврал боз ҳам бизананд ва як ваё ҳатто ҳарду курсии ин ҳизбро дар порлумони оянда аз дасташ бигиранд. Ба гуфтаи ӯ, ҲНИТ зоҳиран ба чунин сенария ҳам омода аст, вале ба ҳайси як "бозигари фармонбардор"-и майдони сиёсати Тоҷикистон чорае ба ҷуз таҳаммул надорад.