Ҳарчанд дар Шӯрои уламои Маркази исломӣ вазъи саломати муфтиро хуб гуфтанд, пайвандонаш рӯзи 18-уми сентябр ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷоза надоданд, ки ӯро аз наздик бубинанд.
Тибқи иттилои расмӣ, як ҷавон бегоҳи 11-уми сентябр дар Масҷиди марказии Душанбе ба Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кардааст. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ҳамон рӯз ҳодисаро авбошӣ номид, вале аз он вақт то кунун шарҳи дигаре надод.
Хабари ҳамла ба муфтии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёд барпо кард. Баъзе аз корбарон аз норӯшаниҳо дар ин қазия гуфтаанд. Аз ҷумла, эълон нашудани ангезаи ҳамла.
Мақомоти интизомӣ мегӯянд, таҳқиқи ҳодиса ҳамоно идома дорад ва онро Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон анҷом медиҳад, на Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки Масҷиди марказӣ дар ҳудуди масъулияти он аст.
Дар идораи пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 17-уми август гуфтанд, ки “тафтиши чунин парвандаҳои вазнинро худи ВКД пеш мебарад. Агар ягон чизи сабук мешуд, дар инҷо медиданд. Ин ҳодисаро аз рӯзи аввал ВКД баррасӣ дорад.”
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гумонзад кист?
Намозгузрон, тоҷирону сокинони атрофи масҷид талош мекунанд, ки дар бораи ҳамла ба муфтӣ боэҳтиёт гап зананд. Чанд нафар гуфтанд, ки ҳодисаро аз дур дида, чизи бештар намедонанд ё ҳамон бегоҳ дар масҷид набуданд.
Баъзе аз шоҳидони воқеа ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳангоми ҳамла “ҷавон ба Саидмукаррам Абдулқодирзода дарафатода, садои шӯру ғавғо шунида мешуд”.
“Бо он ки чанде аз намозгузорон ба ҳимояти муфтӣ шитофтанд ва аз амалҳои он ҷавон пешгирӣ намуданд, корд ба пешонии Абдулқодирзода расидааст,” – гуфт яке аз ҳамсуҳбатони мо.
Ба иттилои ҳамкорони муфтии Тоҷикистон, ҷавоне, ки ба ӯ ҳамла кардааст, 20-21-сола ва аз шаҳри Норак буда, донишҷӯйи соли севуми Донишгоҳи молия ва иқтисод аст.
Маъмурияти Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки мақомот онҳоро дар бораи ҷавони гумонзад пурсидаанд, вале таъкид доранд, ки ӯ донишҷӯйи онҳо нест. “Номашро дар рӯйхати донишгоҳ пайдо накардем,” – гуфт як намояндаи Донишгоҳ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Саидмукаррам Абдулқодирзода 61 сол дорад ва 14 соли охир раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, аст.
Ӯ дар тӯли кораш дар ин мақом, ки зоҳиран ҷамъиятӣ, вале зери назорату итоати дастгоҳҳои давлатист, борҳо аз минбари масҷид алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ сухан ва ба ҳимоят аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст.
Мухолифон вай ва ниҳоди зери раҳбарияшро барои сукут дар баробари мушкили диндорон, аз ҷумла ташкили масҷидҳову пӯшиши мазҳабӣ ва гузоштани ришу аз минбарҳо дур кардани рӯҳониёни шинохта танқид карда, баъзе аз гурӯҳҳои ифротгаро ба воситаи интернет ба ӯ таҳдид намудаанд.