Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии Тоҷикистон гуфт, амали омӯзгори фаронсавӣ ва қотили ӯро маҳкум мекунад


Сайидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки куштори омӯзгори фаронсавӣ аз ҷониби як ҷавони 18-солаи мусалмон қобили қабул нест, вале ҳамзамон рафтори омӯзгор, ки ба шогирдон аксҳои тавҳиномези паёмбари исломро нишон дод, маҳкум мекунад.

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон рузи 28‑уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, амали ҷавони ҳамлавар ва ҳам омӯзгоре, ки карикатураҳои паёмбарро ба шогирдонаш нишон дод, қабул надорад.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода афзуд, дар ин ҳодиса набояд тамоми миллати Фаронсаро таҳқир кард.

“Мисли ҳамин, агар як мусалмон даст ба амали ғайриинсонӣ зад, исломро террористию хунрезу тундгаро гуфтан ҷоиз нест ва бигзор номи ҳамон фарде, ки кори ноҷо анҷом додааст, бурда шавад ва худи ҳамонро муҷозот карду маҳкум кард. Ҷавоне, ки ба ин кор даст зад, мо албатта, ин корро қабул надорем. Набояд мусулмон, яъне ба сарбурии якнафари дигар, новобаста аз оне ки он чӣ кор кардааст, чӣ гуноҳ кардааст, даст бизанад. Мо инро қабул надорем”,‑ гуфт ӯ.

17‑уми октябр Самуэл Пати, муаллими 47-солаи таърих ва ҷуғрофиё пас аз нишон додани карикатураҳои паёмбари ислом дар дарс, дар берун аз мактаб аз сӯи як ҳамлавари 18-солаи чечентабор кушта шуд.

Пас аз ин ҳодиса Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дар бораи исломгароии ифротӣ ва таҳдиди он ба арзишҳои дунявӣ ҳушдор дод ва гуфт, Фаронса "карикатураҳоро раҳо нахоҳад кард".

Изҳороти президенти Фаронса мавҷи вокунишҳоро дар олами ислом дар пай дошт ва боиси ҷанҷолҳои лафзӣ миёни Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия бо Эмануэл Макрон шуд.

Бархе аз чеҳраҳои шинохтаи мазҳабӣ ва сарони кишварҳои мусалмонӣ намоиши карикатураҳоро маҳкум кардаанд, вале Эмануэл Макрон омӯзгорро "қаҳрамони сокит" ва куштори ӯро "ҳамлаи террористии исломӣ" номид. Макрон гуфт, Ислом дар як вазъи буҳронӣ қарор дорад ва ӯ сокинони кишварашро ба ҳифзи арзишҳои дунявӣ ва Фаронсаи дурӣ аз "Исломи ифротӣ" даъват кард.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, таҳқири паёмбари тақрибан ду миллиард инсони рӯйи замин кори дуруст нест.

Ӯ гуфт: “Як инсон ҳам ҳақ надорад, ки пешвои тақрибан ду миллиард инсонро, ки паёмбарашонро аз падару модар, ҳатто аз ҷонашон зиёдтар дӯст медоранд, дашному тавҳину таҳқир ва масхара кунад. Ин кор оқибати баде дорад, чӣ ҳоло ва чӣ дар ояндаи наздик, чӣ дар гузаштаҳо”.

Бо гузашти ду ҳафта аз қатли омӯзгори фаронсавӣ баҳси ин мавзӯъ кам нашудааст. Дар пайи ҳамлаҳои лафзӣ, муносибати Туркия ва Фаронса, ду иттифоқчӣ дар созмони низомии НАТО ба сардӣ гароид.

XS
SM
MD
LG