Қурбонгалеева рӯзи 13-уми феврал дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки муфаттишон ба волидонаш дар бораи ӯ саволҳо доданд.
“Мухтасар гӯям, - навишт Фарида, - аз падару модарам пурсиданд, ки чӣ гуна ман ҷинояткори сатҳи олӣ шудаам”. Аз ин пеш ӯ навишт, ки ходимони пулиси Чехия ба дасти ӯ номае супурданд, ки дар он талаби истирдоди ӯ аз Прага ба Маскав карда шудааст.
Қарор аст ин талабро Додгоҳи шаҳри Прага дар ҷаласа муҳокима намояд. Қурбонгалеева гуфт, ки як вакили дифоъ розӣ шуд, аз ҳуқуқи ӯ ройгон дифоъ кунад.
Фарида Қурбонгалееваро моҳи июни соли 2024 додгоҳе дар Русия дар ғайбаш барои нашри хабарҳои “дурӯғин” дар бораи артиш ва даъват ба терроризм ба ҳабс гирифт. Аз ин пеш исми ӯро ба феҳристи “агентҳои хориҷӣ” ва “террористу ифротгароҳо” ворид карданд.
Фарида Қурбонгалеева зодаи шаҳри Қазони Тотористон аст. Баъди солҳо кораш дар телевизиони давлатии Тотористон, дар шабакаи давлатии “Россия-1” барандаи барномаҳои хабарию иттилоотии “Вести” буд.
Баъди ишғоли Қрим аз ҷониби Русия дар соли 2014 Қурбонгалеева ихтиёран кор дар телевизиони давлатиро тарк карда ба Прага кӯчид ва солҳои 2018-2021 дар телевизиони "Настоящее время" чун барандаи барномаҳои хабарӣ кор кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Русия ду хабарнигори Радиои Озодиро "агенти хориҷӣ" эълон кардАлсу Қурмашева барандаи ҷоизаи Кумитаи дифоъ аз журналистон шудВазорати адлияи Русия рӯйхати "агентҳои хориҷӣ"-ро нав кард