«Ориёнбонк» аз «Мовароуннаҳр» 1 миллион доллар талаб кардааст

Ба назар мерасад, ки ширкати «Мовароуннаҳр» вориди боз як баҳси дигари молӣ мешавад ва ин бор бо «Ориёнбонк».
Ширкати «Мовароуннаҳр» аз номи Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» нома дарёфт карда, дар он таъкид шудааст, ки ҳаҷми қарзи ин ширкат дар назди бонк ҳамроҳ бо фоизҳояш тақрибан ба 4 миллиону 983 ҳазору 668 сомонию 22 дирам, яъне ба беш аз 1 миллион доллар, расидааст.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи ширкати «Мовароуннаҳр» рӯзи 20-уми июн ба Озодӣ гуфт, ки воқеан номаи раиси «Ориёнбонк»-ро дарёфт кардаанд ва дар он оқои Асадуллозода таъкид кардааст, ки агар «Мовароуннаҳр» ин қарзро барнагардонад, фурӯши амволи ширкатро боз нахоҳад дошт.

Ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров, «ширкати «Мовароуннаҳр» бар асоси созишномаи дуҷониба барои сохтмони баъзе аз биноҳои истиқоматӣ аз "Ориёнбонк" қарз гирифтааст ва ҳаҷми ин қарз ба 2 миллиону 462 хазору 173 сомониву 41 дирам баробар аст, на ба он нишондоде, ки «Ориёнбонк» иддао дорад.»

Бузургмеҳр Ёров афзуд, ки дар номаи ҷавобӣ ҳамаи далелҳоро ба раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода пешниҳод намуда ва зикр карданд, ки муддати се сол ҳамаи амволи "Мовароуннаҳр" аз тарафи мақомоти қудратӣ ба ҳабс гирифта шуда буд ва бояд ин ҳолатҳо ба эътибор гирифта шавад.

Як намояндаи шӯъбаи ҳуқуқии «Ориёнбонк» ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло баҳси онҳо идома дорад ва ин бонк то таърихи 5-уми уми октябри соли равон фурӯши амволе, ки «Мовароуннаҳр» дар ивази маблағи қарз биноҳои худро ба гарав монда буд, аз фурӯш боз нахоҳад дошт: «Мақсади мо фақат ин аст, ки қарзи ширкат дар назди бонк пурра баргардонида шавад, тамом.»

Аммо вакили мудофеи ширкати «Мовароуннаҳр» мегӯяд, иддаои «Ориёнбонк» дар мавриди қарз ва санаду далелҳое, ки онҳо дар даст доранд, сӯитафоҳумро ба вуҷуд овардааст, ки чи гуна ва дар асоси кадом хуҷҷатҳо ва ҳисобҳо, маблағи 2 миллиону 462 ҳазору 173 сомониву 41 дирам, ба 4 983 668,22 сомонӣ табдил ёфтааст: «Дар номаи ҷавобӣ мо пешниҳод кардем, ки ба хотири ҳамкории нек, намояндагони соҳаи муҳосиботи ду тараф якҷо нишинанду аз нав бубинанад, ки масъалаи аслӣ чӣ аст.»

Дар ҳоли ҳозир, масъулини ширкати «Мовароуннаҳр» умедворанд, ки ин баҳси онҳо ба додгоҳ кашида нашуда, ҳалли мусбати худро пайдо кунад. Ширкати "Моваруннаҳр" дар соли 2009 тибқи қарордод, дар ивази ба гарав мондани амволи худ, яъне биноҳои истиқоматӣ, аз «Ориёнбон дар ҳаҷми бештар аз 2 миллион сомонӣ қарз гирифта буд.

Қазияи «Мовароуннаҳр» се сол ба ин сӯ идома дорад. Раиси ширкат Ҷӯрабек Охунов бо ҷурми қаллобӣ 13, 5 сол ҳукми зиндон гирифт ва Додгоҳи олӣ танҳояк моҳ пеш ҳукм баровард, ки ситонидани зарари молии муштариёни ширкат аз ҳисоби биноҳои нотамоми «Мовароуннаҳр» бароварда шавад. Иҷрои ин ҳукм ба зиммаи иҷрочиёни суди ноҳияи Сино, ки дар тобеияти вазорати адлия аст, вогузор шуд ва моҳи ноябри соли гузашта ин ниҳод эълом кард, ки биноҳои нотамоми ширкатро ба фурӯш мегузорад. Муштариёни «Мовароуннаҳр» талаб карданд, ки биноҳои нотамомро дар ихтиёри онҳо ва ширкат гузоранд, то худ онҳоро ба итмом расонанд. Додгоҳи Олӣ танҳо посух дод, ки фурӯши биноҳои нотамом матраҳ нест.

То моҳи май мавқеи Додгоҳи олӣ рӯшан нашуд ва 12 май зимни як ариза ё огоҳинома раҳбарият ва муштариёни «Мовароуннаҳр» аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев хостанд, ки барои баргузории як гирдиҳамоӣ дар санаи 3-юми июн иҷоза диҳанд. Муштариёни «Мовароуннаҳр» мегуфтанд, маҳз қарорҳои норӯшани Додгоҳи Олӣ, иҷро нашудани дастури он ва иқдомҳои вазорати адлия онҳоро водор кард, ки чунин тасмим ба гирдиҳамоӣ бигиранд.

Гирдиҳамоии муштарёни ин ширкатро иҷозат надоданд, вале додгоҳи ноҳияи Сино билофосила бо судури ҳукми нав талаби онҳо барои дар ихтиёрашон гузоштани биноҳои нотамоми «Мовароуннаҳр»-ро қонеъ ва фурӯши амволи ин ширкати хонасозиро манъ кард. Аммо акнун «Ориёнбонк» вориди баҳс шуда, 1 миллион доллар қарзи худро аз «Мовароуннаҳр» талаб мекунад.