Зебо Мамадназарова, модари Димон Ашӯров мехоҳад, қазияи писари истирдодшудааш одилона баррасӣ шавад
Зебо Мамадназарова, модари Димон Ашуров, як сокини шаҳри Хоруғ, ки рӯзи 8-уми январ аз Урумчӣ ба Душанбе истирдод шуд, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хост, ба қазияи писараш расидагии одилона сурат гирад. Дар як мусоҳибааш бо радиои Озодӣ аз Хоруғ хонум Мамадназарова гуфт, ки сафари писараш ба Чин "бо нияти муолиҷа" сурат гирифтааст.
Димон Ашӯров, ки дар Бадахшон бо номи Давлатбек маъруф аст, рӯзи 20-уми августи соли ҷорӣ аз ҷониби нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилӣ дар постгоҳи Хоруғ боздошт ва барои пурсиш ба раёсати корҳои дохилии вилоят оварда шуд. Аммо дастгиршуда аз ошёнаи саввуми утоқи бинои раёсати умури дохилӣ худро ба замин партофта, осеби сахти ҷисмонӣ гирифт. Димон, ки бо исми Давлатбек низ маъруф аст, яке наздикони собиқ фармондеҳи мухолифин, Имомназар Имомназаров арзёбӣ мешавад, ки тобистони соли 2012, ба дунболи амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар Хоруғ, кушта шуд. Додситонии вилояти Бадахшон гуфтааст, Димон Ашӯров ҳанӯз чанд сол қабл аз ҳаводиси моҳи июли Хоруғ ба қаллобӣ дар муомилоти хариду фурӯши воситаи нақлиётӣ муттаҳам шуда, таҳти пайгард қарор дошт ва ба ин сабаб боздошт гардид. Рӯзи 8 январ Д.Ашӯров аз шаҳри Урумчии Чин ба Душанбе истирдод ва дар фурудгоҳи пойтахт аз ҷониби ходимони Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон боздошт шуд.
Рӯзи 9 январ додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки истирдоди Ашӯров мувофиқи муоҳидаи Тоҷикистону Чин сурат гирифта, акнун ӯ на фақат барои қаллобӣ, балки барои фирор аз беморхонаи Хоруғ, ки ӯ дар ҷараёни тафтишот барои муолиҷа он ҷо нигоҳ дошта мешуд, муттаҳам мешавад
Модари боздоштшуда мегӯяд, сафари писараш ба Чин "як амри зарурӣ" буд, чун дар паи муолиҷаи ноком дар бемористони Хоруғ вай маҷбур шуд барои барқарорсозии поҳояш ба Чин равад. Вале модари гумонбар мегӯяд, ки
мақсади писараш аз сафар ба Чин гурез аз ҷавобгарӣ нест ва агар мақомот имкон медоданд, баъди табобат Димон ихтиёран ба Тоҷикистон баргашта дар назди қонун ҷавоб мегуфт. Зебо Мамадназарова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз он изҳори норозигӣ кард, ки мақомот ба вакили дифоъ ва наздикони Димон имкони мулоқот надодаанд.
- Писари ман 38 рӯз дар бемористони Чин муолиҷа гирифт. Дар беморхонаи Хоруғ қариб чор моҳ буд, чор бор ҷарроҳӣ карданд. Ман аз духтурҳо миннатдорам, аммо технологияи тиббии Хоруғ ба ин хел ҷарроҳиҳо мувофиқ нест ва писари ман бо визаи сафорат ба Чин рафт. Дар он ҷо табибон ба писарам гуфтаанд, ки агар чор рӯзи дигар дер мекардед, пойи туро мебуридем. Гуфтаанд, "поятон бисёр чирк кардааст ва нағз кардед, ки омадед." Писарам аз Чин телефон кард, ки табобати ман нағз аст. Духтурҳои он ҷо ташхисҳои духтурони тоҷикро нодуруст бароварданд.
Зебо Мамадназарова мегӯяд, ки пеш аз истирдоди писараш ба Душанбе, ба кормандони додситонӣ замонат додааст, ки баъди анҷоми муолиҷа писараш "ихтиёран" худро ба мақомоти тафтишотӣ таслим мекунад.
- Ҳоло моро он чиз нигарон кардаст, ки барои чӣ парвандаи тафтишотии писари ман дар прокуратураи вилояту вайро амният гирифта мебарад. Ман аз президенти кишвар ва мақомоти вилоят миннатдорам, ки дар Бадахшон оромӣ карданд. Ман чун модар аз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш дорам, ки барои таъмини волоияти қонун кӯмак кунад. Чун парвандаи ҷиноятии писарам дар прокуратураи вилоят аст, бигузор писарам дар прокуратура ва суди вилоят дар пеши қонун ҷавоб диҳад.
Модари гумонбар мегӯяд, хостори баррасии одилонаи қазияи писараш мебошад.
Радиои Озодӣ