Раҷаббой Аҳмадзода – раиси Хуҷанд дастур додааст, ки бинои масҷидҳои, ба қавли ӯ, "зиёдатӣ" дар маҳаллаҳои ин шаҳр ба сехи дӯзандагӣ ё чойхонаву боғчаҳои бачагона табдил дода шаванд. Оқои Аҳмадзода ин нуктаро рӯзи 8 феврал дар ҷаласаи фаъолони Хуҷанд баён дошта, барои мушаххас кардани теъдоди масҷидҳои "зиёдатӣ" ва роҳҳои кам кардани онҳо як гурӯҳи махсус ташкил додааст. Ба ин гурӯҳ дар баробари масъулони бахши дин кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ шомиланд.
Раиси Хуҷанд гуфтааст, ки агар дар як маҳалла 2 ё 3 масҷид воқеъ бошад ва фосилаи миёни ин масҷидҳо 50 ё 100 метрро ташкил диҳад, беҳтар аст, ба ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ табдил дода шаванд. "Ягон сехи дӯзандагӣ ё чойхона кунед. Агар масҷиди калонтар бошад, кӯдакистон кунед, то ба мардум ҷойҳои корӣ шавад," – афзудааст ӯ.
Раҷаббой Аҳмадзода дар идома аз камсаводии баъзе имом-хатибон низ интиқод карда ва аз ифтитоҳи 11 парвандаи сокинони маркази Суғд барои ифротгароӣ хабар додааст.
Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар кишвар ҳудуди 4 ҳазор масҷид, аз ҷумла дар вилояти Суғд 951 масҷиди панҷвақта, 13 масҷиди ҷомеи марказӣ ва 91 масҷиди ҷомеъ сабтином шудааст. Дар Хуҷанд низ ҳоло 40 масҷиди панҷвақта ва 5 масҷиди ҷомеъ расман фаъолият доранд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи васеи ҳукумати кишвар дар рӯзи 22 январи соли ҷорӣ масҷидҳоро дар баробари интернет яке аз маконҳои ифротишавии ҷавонон номида ва гуфт, ки ҳоло теъдоди умумии масоҷид аз мактабҳои миёна зиёдтар шудааст.
"Худатон қазоват кунед, ки ҳоло дар қаламрави мамлакат, дар маҷмӯъ, қариб 5 400 масҷид, аз ҷумла 3 930 масҷиди расмӣ ва 1470 масҷиди ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд. Дар баробари ин, дар миқёси кишвар 3 836 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд аст, ки аз теъдоди умумии масҷидҳо кам буда, 25 фоизи онҳо ба таъмир ниёз доранд," - таъкид дошт ӯ.
Мақомоти Суғд низ шумораи масоҷиди минтақаро беш аз теъдоди мактабҳои таҳсилоти умумӣ медонанд. Бар пояи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар шимоли Тоҷикистон камобеш 1 ҳазор мактаб ва ҳудуди 1 ҳазору 50 масҷид фаъолият доштаанд.
Табдили масҷидҳои ғайрирасмӣ ба маконҳои тафреҳӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дар соли 2010, баъди мавриди иҷро қраор гирифтани қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ оғоз шуд. Дар ин муддат беш аз ҳазор масҷид дар гӯшаҳои Тоҷикистон ба ҷои ҷамъиятӣ табдил дода шудааст. Аз ҷумла ба қавли масъулони шуъбаи оид ба корҳои дини вилояти Суғд, онҳо дар соли гузашта беш аз 100 масҷиди ғайриқонуниро баста, ба марказҳои фарҳангиву бунгоҳҳои тиббӣ, боғчаи кӯдакон ва дафтари кумитаи маҳаллаҳо табдил додаанд.
Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, чунин рафтор бархӯрди номуносиби мақомот бо диндоронро ба намоиш гузошта, эҳтимол дар дили бархе аз сокинони Тоҷикистон, ки беш аз 90 дарсадашон мусалмонанд, доғ бигузорад. Онҳо мегӯянд, мақомот бояд тахриби масоҷид ва ё табидил онҳо ба корхона ва ё чойхонаро тавре анҷом бидиҳанд, ки "на сих сӯзад, на кабоб".