Мошини "Портер" дар Ҷалолобод 29 кӯдакро пахш кард

Як мошини “Портер” дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон 29 кӯдакро пахш кардааст. Ҳодиса 2-юми май замоне рух дод, ки хонандагон дар ҷамъомаде дар поёни куҳ дар маъракае шеърхонӣ мекарданд.

Як мошини “Портер” дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон 29 кӯдакро пахш кардааст. Ҳодиса 2-юми май замоне рух дод, ки хонандагон дар ҷамъомаде дар поёни куҳ дар маъракае шеърхонӣ мекарданд.

Дар навори ҳодиса, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки мошини “Портер” аз баландӣ ба ҳаракат даромада, кӯдаконро пахш мекунад. Мақомот гуфтанд, ронанда дар дохили мошин набуд ва маълум нест, ки “Портер” чигуна ба ҳаракат даромадааст?

Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, аз 29 кӯдаке, ки дар ҳодиса маҷруҳ шуданд, 7 нафарашон дар шуъбаи эҳё ҳастанд. Аҳволи се нафари онҳо вазнин гуфта мешавад. Пизишкон вазъи ҳашт кӯдаки дигарро вазнини миёна гуфтанд. Ба 11 нафари дигар дар ҷойи ҳодиса кумаки тиббӣ расонда, онҳоро барои идомаи табобат ба беморхона фиристоданд. Захмиён аз 9 то 16 сола будаанд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ҳодисаро таҳқиқ доранд. Соҳиби мошини “Портер” як марди 48-сола будааст.