"Мошин наоварданд, аз пуламон маҳрум шудем"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гурӯҳе аз сокинон дар Душанбе иддао доранд, ки соҳибкор Одинамо Давлатова бо ваъдаи овардани электромобил ё худравҳои барқии арзон аз тақрибан 80 кас ҳудуди 30 миллион сомонӣ гирифта, ваъдаашро иҷро накардааст. Ин зан ҳоло дар боздошт аст. Наздиконаш аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд.