"Моро ба Афғонистон ихроҷ накунед!"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ихроҷи баъзе аз муҳоҷирону паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба қаламрави зери ҳукумати “Толибон” наздиконашонро нигарон кардааст. Ба иттилои Комиссариати олии Созмони Милал дар умури гурезаҳо, танҳо дар моҳи декабри соли 2024-ум 80 афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба ватанашон фиристода шудаанд.