Қаҳтии муҳаббати волидайн кӯдаконро кӯчагард мекунад

Акс аз бойгонӣ.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 550 кӯдак дар вилояти Суғд таҳти парастории пайвандонашон қарор доранд.
Ромиш номи шартии кӯдакест, ки падараш фавтидааст, вале модараш ҳамеш ӯро мегуфт, ки падараш дар Русия кор мекунад ва рӯзе ҳатман ӯро пеши падараш хоҳад бурд. Аммо ҳар дафъаи иҷрои ин ваъдаро ба вақти дигар мегузошт. Дар ниҳоят, Ромиш бо бачаҳои кӯчагард шарик шуда, даст ба дуздӣ мезанад.

Равоншинос Муҳаррама Раҳимова мегӯяд, қазияи Ромиш як навъ нишонаи эътирози кӯдак ба модари худ аст, ки мехоҳад бо ҳар роҳе ки бошад, таваҷҷӯҳи ӯро ба тарафи худаш ҷалб кунад.Ба таъкиди хонум Раҳимова, қаҳтии меҳру муҳаббати волидайн сабаби аслии пой ба роҳи каҷи қонуншиканиву ҷинояткорӣ ниҳодани кӯдакони тоҷик мешавад.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 550 кӯдак дар вилояти Суғд таҳти парастории пайвандонашон қарор доранд.

Аъзамҷон Холмирзоев, раҳбари котиботи комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди ҳукумати Суғд ба Озодӣ гуфт, синну соли бархе ин кӯдакони таҳти васоят ва парасторӣ томактабӣ аст ва бархе аз онҳо дар мактаби миёна таҳсил мекунанд. Вай гуфт, инҳо кӯдаконе ҳастанд, бархе падару модар надоранд ва бархеро волидон 5-10 сол боз дар Русия кор мекунанд. Ҳамчунин баъзеи онҳо дар он кишвар ҳамсар пайдо карда дигар барнагаштаанд ва баъзеи дигар “имсолу соли оянда меоям” гуфта, фарзандони худро чашм ба роҳ медоранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кӯдакони "зиндаятим"-и Суғд


Мусоҳибам афзуд, парасторони кӯдакони бекас бо қарори додгоҳ ё комиссияи мазкур барои таҳти тарбият ва назорат гирифтани кӯдакон, ба хусус аз ҷараёни таҳсил дар мактаб канор намондан ва даст ба ҷиноят назадани онҳо таъин карда шудаанд. Ба гуфтаи Холмирзоев, дар 8 моҳи аввали соли равон 105 кӯдаки суғдӣ даст ба ҷиноятҳои мухталиф зададанд. Вай гуфт, кӯдакон асосан даст ба дуздиву авбошӣ задаанд ва 60 дар сади ҷиноятсодирнамудаҳо бачаҳое будаанд, ки аз таҳсил дар мактаб барканор мондаанд.

Коршиносони маҳаллӣ теъдоди воқеии кӯдакони бепарастор дар вилояти бештар аз 550 нафари сабтиномшуда тахмин мезананд. Ҳазорон падару модарони тоҷик ҳамасла барои кор ба Русия мераванд. Аммо шумораи каме аз онҳо вақти сафар фарзандони хурдсолу танҳомондаи худро расман таҳти васоят ва парастории касе аз пайвандони худ мегузоранд.

Муҳаррам Раҳимова, муалллимаи равоншинос дар институти такмили ихтисоси муллимон дар шаҳри Хуҷанд, даст ба ҷинояткорӣ задани кӯдакони ба таъбири халкӣ, “зиндаятим”- ро як навъ эътирози онҳо ба вазъи иҷтимоии худу ҷомеа медонад. Ба ақидаи хонум Раҳимова, ҳеҷ гуна тӯҳфаю либос ва пуле, ки волидайн аз Русия ба кӯдаки танҳои худ равон мекунанд, эҳсоси партофтагӣ ва нодаркор буданро, ки дар қалби кӯдак хона кардааст, ҷуброн карда наметавонад.

Ӯ мегӯяд, оқибати муҳоҷирати кории волидайн ба кӯдакони тоҷик хеле гарон меафтад. Ба гуфти Муҳаррам Раҳимова вай бо ингуна кӯдакон доим дар сӯҳбат мекунад ва медонад, ки аксари онҳо ҷудо аз падару модар бе меҳру муҳаббат калон мешаванд.

Дар оғози соли равон вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимов афзоиши ҷинояткорӣ дар байни кӯдакони кишвар, ба хусус занозании гурӯҳии бачаҳои мактабхон бо истифода аз теғро як мушкили нигаронкунандаи ҷомеа номида буд. Бино ба омори вазорати дохила, дар соли 2012 бачаҳои тоҷик 625 ҷиноят содир кардаанд, ки назар ба соли 2011 80 адад зиёд аст.

Омори расмӣ ҳокист, ки имсол низ вазъ дар қисмати шимолии кишвар ба таври чашмрас беҳбуд наёфтааст. Куммиссиюни оид ба ҳуқуқи кӯдак дар вилояти Суғд мегӯяд, қисми зиёди 105 нафар бачаҳои суғдие, ки дар 8 моҳи аввали соли равон ҷиноят содир кардаанд, аз назорати волидайн дур қарор доштанд.