Пулис ва нируҳои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия тақрибан 400 муҳоҷири эҳтимолан ғайриқонуниро дар Маскав боздошт кардаанд.
Мақомоти расмии вазорати корҳои дохилаи Русия мегӯянд, ки ин муҳоҷирон дар ҷараёни як амалиёти вижа 5 июн дар "Масква-Сити"--дар сохтмони маркази тиҷоратии пойтахти Русия боздошт шудаанд. Бештари муҳоҷирони кории боздоштшуда аз Тоҷикистону Молдова ва Украинаву Узбакистон будаанд. Пулис мегӯяд, ки онҳо гузаштаи ҳар муҳоҷири боздоштшударо тафтиш мекунанд ва интизор меравад, ки онҳоро ба кишварашон депорт ё истирдод кунанд.
Пулис ва Хадамоти федеролии муҳоҷират ҳамаи сохтмони ин муҷтамаи тиҷоратиро низ бозрасӣ мекунанд. Дар ин ҷо дар охири моҳи май байни муҳоҷирон задухӯрд ба амал омада буд ва муҳоҷирони зиёди корӣ ҷароҳат бардошта буданд. Дар мусоҳибае аз Каримҷон Ёров-раҳбари ҷамъияти муҳоҷирони тоҷики Русия бо номи “ЭТМОС” дар Маскав пурсидам, дар миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд?
Ёров: Дар миёни ин 400 нафар боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд, бо вуҷуди он ки дар бораи шумораи дақиқи онҳо хабар дода намешавад. Дар ин сохтмон асосан шаҳрвандони Узбакистону Молдова ва Украина кор мекунанд. Тоҷикон дар ин сохтмон на бештар аз 100 нафар ҳастанд ва кори ҳамаи онҳо қонунист. Иҷозаи корӣ ва ҳақи иқомат дар Русияро ҳам доранд.
Суол: Сабаби чунин амалиёти густарда чӣ аст, чун нируҳои Русия маҳали сохтмонро ҳам тафтиш мекунанд?
Ёров: Сабаби асосӣ ҳамон муноқишаи охири моҳи май байни шаҳрвандони Узбакистон аст. Мехоҳанд ин муноқишаро таҳқиқ кунанд. Он вақт 450 нафарро боздошт карда буданд ва дар муноқиша шумораи зиёди муҳоҷирони узбакистонӣ ҷароҳат бардошта буданд. Чунин ба назар мерасад, ки 450 нафар боздоштшуда сабабҳои аслии муноқишаро шарҳ надодаанд ва онро ошкор накардаанд. Онҳое, ки сабабгори ҷанг шуда буданд, боздошт нашудаанд. Онҳо аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Мардуми маҳаллӣ сабаби аслиро намедонанд
ва хеле нигаронанд. Сару садоҳо ҳам паҳн шудааст, ки муҳоҷирон имрӯз байни худ задухӯрд кардаанд ва пагоҳ ба сари мо меоянд. Яке аз сабаҳои боздошти ахир шояд ором кардани хотири мардуми маҳаллӣ ва ошкор кардани сабабҳои аслии муноқиша мебошад. Ба фикри ман, масъалаи ҷанҷол масъалаи пул аст. Пештар дар он ҷо тақрибан 1000 нафар муҳоҷирони тоҷик кор мекарданд, вале оҳиста-оҳиста шаҳрвандони Узбакистон тоҷиконро аз ин сохтмон берун карданд. Шаҳрвандони Узбакистон бо пули камтар кор мекунанд. Мо баъд аз рондани тоҷикон аз сохтмон бо раҳбарони ширкат, ки бештар шаҳрвандони Туркия ҳастанд, муроҷиат кардем. Онҳо сабаби асосиро надонистани забон мегӯянд. Мегӯянд, ки забони узбакиву туркӣ қариб як забон аст ва барои мо кор бо шаҳрвандони Узбакистон осонтар аст. Лекин дар асл масъалаи дастмузд аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон соати муайян кор мекарданд ва маоши муайян талаб менамуданд.
Суол: Дар миёни боздоштшудагони рӯзи 5 июн тоҷикон зиёданд?
Ёров: Тоҷикон ҳастанд, ман бо чанд нафар тоҷикон дар ин сохтмон сӯҳбат кардам. Онҳо мегӯянд, ки ҳамаи тоҷикон аз рӯи қонун кор мекунанд ва илова карданд, ки боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон кори беҳуда аст. Вале мардуми маҳаллӣ фикр мекунанд, ки бисёри муҳоҷирон дар ин сохтмон ғайриқонунӣ кар мекунанд. Вале дар ин сохтмон бе иҷозатномаи корӣ ба кор қабул намекунанд. Дар гузашта сардори ин сохтмон гурехта рафта буд ва он вақт шаҳрвандони Тоҷикистон бемаош монданд ва бисёрашон аз кор рафтанд.
Суол: Оё ононе, ки ҳоло боздошт шудаанд, ба ватанашон депорт мешаванд?
Ёров: Ононе, ки ҳуҷҷат надоранд ва ё қонунро риоят накарда бошанд, онҳо албатта барои депорт омода мешаванд. Вале нуктае дигар ин аст, ки ҳоло “спетсприёмникҳо”-е, ки муҳоҷиронро бояд нигаҳ доранд, пур шудааст ва ин боздоштшудагонро боз дар шӯъбаҳои пулис нигоҳ медоранд. Дар он ҷо ҳам аз рӯи қонун танҳо 10 рӯз нигоҳ медоранд ва раҳо мекунанд. Ман боварӣ дорам, ки шаҳрвандони Тоҷикистон гуноҳе надоранд ва ба кори худ бармегарданд. Бештар шаҳрвандони Узбакистонро тафтиш мекунанд.