Мастӣ - ба пастӣ ё қиссаи як бомжи тоҷик

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон солҳои ахир мавридҳои худдории фарзандон аз парастории волидайн рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Амаки Саидхӯҷа ҳамагӣ 57 сол дорад, вале шояд ба хотири симои пурожангу ғамгинаш ӯро дар хонаи пиронсолони ноҳияи Бохтар «Бобои Саидхӯҷа» ном мебаранд.


Саидхӯҷа бар асари сардиҳои зимистони қаҳратуни имсола сармозада шуда, тайи 157 рӯз дар бемористони марказии ноҳияи Бохтар бистарӣ буд. Мақомоти беҳдоштии Бохтар мегӯянд, Саидхӯҷаро дар сармои бесобиқаи моҳи январ дар хиёбоне пайдо кардаанд, ки мисли баъзе «бомж»-ҳо ягона воситаи гармшавии баданро дар майгусорӣ медиду печида мехуфт. Аммо пизишкон пас аз муоинаи ӯ ба хулосае омадаанд, ки сармо ба тамоми ҷисмаш асар карда, пойҳои Саидхӯҷа агар бурида нашаванд, эҳтимоли фавташ дар миён ҳаст.


Музаффар Ғафуров, мудири шӯъбаи тандурустии ноҳияи Бохтар, мегӯяд, Саидхӯҷа хешу табор дорад, аммо онҳо масъулияти саробонии ӯро ба дӯш

Музаффар Ғафуров

нагирифтаанд.


Вай афзуд: «Ин одам тайи солҳои зиёд майнӯшӣ карда, «хронический алкоголизм» дорад. Имсол, ки зимистон бисёр сард буд, ӯро дар бинои нимсохтаи як фурӯшгоҳи маводи сӯхти сари роҳ пайдо карда, азбаски пойҳояш пурра гангрена шуда буд, дар бемористони марказӣ оварда, амалиёти ҷарроҳӣ кардем. Пайвандонаш ҳастанд, аммо гуфтанд, ки вай майпараст шудааст ва намехоҳанд, ки саробониашро ба ӯҳда гиранд…»

Ба гуфтаи ҷаноби Ғафуров, маблағгузории амалиёти ҷарроҳии Саидхӯҷаро ҳукумати маҳаллӣ ба зимма доштааст.

Ҳоло Саидхӯҷа чандон шоду масрур нест, ки қисмат ӯро ба хонаи пиронсолон оварда, мӯҳтоҷ кардааст. Пас аз амалиёт вай аз ҳарду пой маҳрум шуда, на мустақилона гаштугузор карда метавонаду на тағйири либос.

«Тақдир маро санҷид, аввалҳо кам-кам менӯшидам, бехонаю дар мондам. Як рӯзи сарди зимистон беҷо мондаму дар берун хоб кардам, хунук задаст, бемор шудам. Хешу ақрабо аз ман рӯ тофтанд. Зиқ мешудам, чунки оила, фарзанд надорам. Пеш вақтҳо хона доштам, пахтакорӣ мекардам, дар ангурбоғ кор доштам. Аммо
зиқӣ маро бемор кард. Ҳоло дигар наменӯшам», - мегӯяд Саидхӯҷа.


Саодат Ҳалимова, ҳамшираи шафқати маркази минтақавии ёрии иҷтимоӣ дар ноҳияи Бохтар, мегӯяд, бобои Саидхӯҷа ба муроқибати доимии пизишкон, равоншиносон ва табобат аз майпарастӣ ё алкоголизм ниёз дорад. Вай афзуд, маркази мазкур шояд барои табобати босифати ӯ маблағи кофӣ дар ихтиёр надорад, аммо талош хоҳад кард, ки бобои Саидхӯҷа дар ин ҷо бекасиашро эҳсос накунад.

«Ҳоло саломатии бобои Саидхӯҷа мӯътадил аст. Одам, ки пир шуду бемор, инҷиқу эрка мешавад, барои ҳамин ӯ ва дигар пиронсолонро ҳамчун падару модар қабул карда, нигоҳубин мекунем. Агар маошам кам, ҳудудан 340 сомонӣ бошад ҳам, ба хотири савоб ва гирифтани дуои пирон аз ин кор даст нахоҳам кашид», - меафзояд хонум Саодат.

Шарофиддин Неъматов, намояндаи маъмурияти хонаи пиронсолони ноҳияи Бохтар, гуфт, дар баробари бобои Саидхӯҷа дар маркази минтақавии ёрии иҷтимоӣ ҳамчунин 11 зану марди солманди танҳою бекас нигоҳубин мешаванд. Барои озуқаи якрӯзаи як сокини хонаи пиронсолони яккаву танҳои ноҳияи Бохтар танҳо 1 сомонию 96 дирам, ҳудудан 40 сенти амрикоӣ, ихтисос дода мешавад, ки маблағи ночиз арзёбӣ мегардад.

Шарофиддин Неъматов

Ҳоло дар ин хонаи пиронсолони бекас 12 нафар, аз ҷумла 5 зани солманд истиқомат мекунанд. Вазъи гигиенӣ ва таъмини ғизо дар ин ҷо ба беҳбуд ниёз дошта, мӯйсафедон ба озуқаи бештар, хизматрасонии беҳтари тиббӣ ва санитарӣ мӯҳтоҷанд.

Як пиразани рус, ки худро Екатерина муаррифӣ кард, гуфт, ҳарчанд гоҳе мешавад, ки бошандагони хонаи пиронсолон танҳо чой ва нони қоқ истеъмол мекунанд, бо ин ҳам шукри Худоро ба ҷой меоранд, ки ҷойи хоб ва дӯстони ҳамтақдир доранд.

Вай афзуд: «Аз соли 2004-ум ба ин сӯ дар хонаи пиронсолони ноҳияи Бохтар ба сар мебарам. Як писар дорам, ки бо ҳамсараш маро тарк карду ба Русия рафт. Аммо азбаски келинам ба ман рӯйи хуш намедод, ҳоло бо онҳо робита надорам. Онҳо дар ин қадар сол боре ҳам маро суроғ накарданд. Шароити зиндагӣ дар хонаи пиронсолон бад нест, шикам гурусна намемонад. Агар ғизо нарасад ё танқисии дигаре пеш ояд, маоши бознишастагиамонро гирифта, барои худамон озуқа мехарем».


Бобои Раҳмон, сокини дигари хонаи пиронсолон, мегӯяд, ду сол қабл ӯро низ завҷаи ягона писараш аз хона рондааст. Бобои Раҳмон бо таассуф афзуд, ки писараш аз сарпарастии ӯ даст кашида, ӯро беибо ба хонаи мӯйсафедони бекасу танҳо овардааст. Вазъи сиҳҳатии бобои Раҳмон номӯътадил буда, дар зарфи ду

Ҳуҷраи занонаи хонаи пиронсолон

соли сукунаташ дар хонаи пиронсолон, шунавоӣ ва биноияш заиф гардида, ҳамчунин мубталои бемории вобаста ба асаб шудааст. Вай низ дар ҳузури намояндаи маъмурияти хонаи пиронсолон зикр кард, ки шароити будубош дар ин ҷо бад нест, ҳарчанд ба сару либос ва ҷойхоби тоза зарурат дорад.


Дар ҳамин ҳол, Шарофиддин Неъматов, намояндаи маъмурияти хонаи пиронсолони ноҳияи Бохтар, мегӯяд, агар ҳам дар ин ҷо танҳо 9 нафар сукунат доранд, дар 8 ҷамоати деҳоти ноҳия 158 нафар сабтином шудаанд, ки шахсони яккаву танҳо буда, ба муроқибати мақомоти давлатӣ эҳтиёҷ доранд. Ба гуфтаи ҷаноби Неъматов, кам касоне пайдо мешаванд, ки аз ҳолу аҳволи пиронсолони бекасу бепарастор хабар бигиранд ва ҳол бипурсанд. Ҳатто фарзандони ин пирони нуронӣ ҳам ба аёдати падар ё модарашон ба хонаи пиронсолон намеомадаанд.


«Тайи беш аз 10 соле, ки дар ин ҷо кор мекунам, нафареро аз фарзандони ин пирони нуронӣ вонахӯрдам, ки а суроғи волидонашон омада бошанд. Ҳарчанд қариб аксарияти сокинони хонаи пиронсолони мо соҳиби фарзанд ҳастанд. Яке аз онҳо ҳатто 5 духтару 6 писар дорад. Дар тааҷҷуб меафтам, ки чаро ин гуна иттифоқҳои барои фарҳанги тоҷикон бегона зиёд рух медиҳанд. Зеро одати тоҷикон, бахусус одамони деҳотӣ ин аст, ки парастории нафареро, ҳарчанд агар фарзандони худаш нест, бародарону хоҳарон ва дигар ақрабо, ҳатто ҳамсояҳо низ ба дӯш мегиранд», - мегӯяд Ш. Неъматов.


Ҷомеашиносон ва аҳли мазҳаб бо изҳори нигаронӣ аз ин ки шумораи сокинони хонаҳои пиронсолон дар Тоҷикистон солҳои охир рӯ ба афзоиш аст, мегӯянд, мегӯянд, тарбияи нокомил ва заифи фарзандон гоҳе сабаб мешавад, ки онҳо падару модарро дар дами пириашон аз сар соқит мекунанд. Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини муфтии Тоҷикистон, дар ин иртибот мегӯяд:


Саидҷони Сорбонхӯҷа

«Аз нуктаи назари ислом, падару модар болои фарзандони худ ҳаққи зиёдеро доранд. Масалан, писар ҳақ надорад, ки ба сӯйи падару модар бо чашми тез нигоҳ кунад, аз саробонии онҳо даст кашад. Писар ҳар он чиро, ки мепӯшад ва мехӯрад, бояд нахуст ба волидонаш муҳайё созад. Ин вазифа ва қарзи фарзанд аст дар назди падару модараш. Хуб мешуд, ки ҷавонмардони мӯҳтарам падару модарашонро ҳурмат кунанд. Зеро оне ки падару модарашро иззат намекунад, ин дунё ва ахираташ обод нахоҳад шуд».


Ҳуқуқшиносон ҳам бо истинод ба банди 34-уми Қонуни асосии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки «…фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд».


Вале воқеияти имрӯз гувоҳи ин ҳол аст, ки дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ҳам солҳои ахир мавридҳои худдории фарзандон аз парастории волидайн рӯ ба афзоиш ниҳодааст.