Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе шаш сарбози Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро барои шикастани ҷоғи ҳамхидматашон Акбархӯҷа Абдураҳмонов аз 2 то 2.5-солӣ ба зиндон фиристод.
Хусрав Нарзуллозода -- додраси Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 5 май ҳангоми қироати ҳукм гуфт, Довар Абдуаҳадов, Далер Раҳмонов ва Алибек Имомназаров ба дунимсолӣ ва Фурқат Авезов, Шукурҷон Акбаров ва Шералӣ Ғафуров ба дусолии маҳбас маҳкум шудаанд.
Вакилони мудофеи ин шаш сарбози маҳкумшуда мегӯянд, додраси Додгоҳи ҳарбӣ нафарони таҳти ҳимояти онҳоро бар асоси моддаи 63-и Кодекси ҷиноӣ айбдор кардааст, дар ҳоле ки қаблан намояндаи додситонӣ онҳоро бар асоси моддаи 373, қисми 2, ки аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекард, мутатаҳм намуда, аз додрас хоста буд, онҳоро панҷсолӣ ба зиндон фиристад.
Худи айбдоршавандаҳо ҳангоми ироаи сухани охиринашон дар додгоҳ гуфтанд, ки бигзор додрас мӯҳлати хидмати онҳоро дарозтар кунад ва ё зиндонро бо ҷазои сабуктар иваз намояд.
Ин моҷаро моҳи ноябри соли гузашта ба вуқӯъ пайваста ва сарбози ҷабрдида моҳи феврали имсол ба додгоҳ муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи тафтишот, ин шаш сарбози ВКД шаби 5 ноябри 2014 ҳамхидмати худ Акбархӯҷа Абдураҳмоновро якҷоя латту кӯб карда ва ҷоғи ӯро шикастаанд.
Аммо наздикони сарбозоне, ки аз озодӣ маҳрум шуданд, гуфтанд, ки фарзандони онҳо дар азияти ҳамхизмати худ иштирок надошта ва танҳо шоҳиди даъвои Довар Абдуаҳатов бо Акбархӯҷа Абдураҳмонов будаанд.
Шаш сарбозе, ки ба латту кӯби гурӯҳии ҳамхидматашон муттаҳам мешаванд, як сол пеш бо хоҳиши худ ба хидмат рафтаанд. Онҳо, ки аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ҳастанд, мебоист, дар моҳи феврали имсол рутбаи сержантиро соҳиб мешуданд. Пайвандони ин сарбозон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо танҳо баъд аз 1 моҳи нигаҳдории фарзандонашон дар боздоштгоҳи мувақаттӣ дар ин бора огаҳ шудаанд ва тӯли ин чанд моҳ сарсону саргардонанд.
Кумуш Ҷиянова, модари Довар Абдуаҳадов, гуфт, дар сар задани муноқишаҳо афсарҳо гунаҳкоранд, ки низому тартибот ва риояи оинномаи ҳарбӣ дар қисмҳои низомиро дуруст назорат намекунанд: "Албатта, миёни сарбозон ҷангу ҷанҷол мешавад, ин аз беназоратии командирони қисмҳои низомӣ сар мезанад. Агар онҳо бодиққат мебуданд, шояд ин ҳодиса намешуд. Мо ҳам бо як умеди калон фарзандонамро барои ҳифзи ватан ба давлат супоридем, ҳоло ҳоли писарамро дида дилам реш мешавад."
Видеои шикояти волидони сарбозон аз 15 апрел:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гурӯҳи шашнафарии қисми низомии 6592 дар шаҳри Турсунзода, бар тибқи моддаи 373-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне риоят накардани тартиби муносибат бо сарбозон, ба шумули таҳқиру паст задани эътибори сарбоз ва ё маҷрӯҳ кардани он муттаҳам мешаванд. Аз ин пештар дар моҳи январ додгоҳи низомии шаҳри Душанбе Аслиддин Абдуллоев, Муродҷон Бобоев, сокинони ноҳияи Конибодом ва Фазлиддин Унаров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳама сарбозони қиси ҳарбии 2712 Кумитаи амнияти миллиро барои бадрафторӣ бо ҳамхидматонашон ба 5 солии зиндон маҳкум кард.
Ба гуфтаи додгоҳ ин се нафар, 9 сарбози ҷавон ва ҳамхидмати худро дар майдончаи сафороии бинои қаровулхона саф кашонида ва бо баҳонаи онки, ин сарбозон дар паси ҳоҷатхона, ибораи “даъвати баҳории соли 2013” хабаркаш яъне (буз) навиштаанд, ба шикам хобонда ва 4-5 маротибагӣ ба қафаси синаҳои онҳо бо пояфзоли соқбаландашон зарба заданд. Айбдоршавандаҳо бо ин қаноат накарда, аскарони ҷавонро пушти бинои қаровулхона бурданд ва дастаҷамъона латукӯб карданд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти кишвар барои аз байн бурдани "дедовшина" ё меҳтарсолорӣ дар артиш саъйу кӯшиши кофӣ ба харҷ намедиҳанд, ҳарчанд ба гуфтаи теъдоде аз сарбозоне, ки ҳамин сол артишро тамом карданд, ҳоло дар бисёре аз қисмҳои низомӣ, назорат сахттар шудааст ва дар онҳо телефонҳои додситонҳои низомиро ҳам навиштаанд, то сарбоз дар сурати бадрафтории ҳамхизматҳояш ба додситонӣ муроҷиат кунад. Вале бо вуҷуди ин муносибати ғайриоиннномавӣ дар артиш зиёд мушоҳида мешавад ва сарбозони ҷавон бо сари хам зарари ҷисмонӣ ва таҳқирро таҳаммул мекунанд.
Афсарон низ дар бисёр маврид ҷангу муноқишаҳоеро, ки дар воҳиди низомиашон сурат мегирад, пинҳон медоранд. Қазияи гурӯҳи 6-нафарӣ ҳам моҳи ноябр рух дода вале танҳо аввали имсол рӯ зад.