Ҳоло, ба иддаои Сюдун, дар пойгоҳи бунёдкардаи ӯ "Комбинати металлургии тоҷик", ки ба гуфтааш ба собиқ ширкати "Фароз" марбут аст, бо як коршарики чинии худ машғули истихроҷ ва коркарди мармар мебошад. "Ман фикр мекунам, сабаби асосӣ фишор овардан аз ҷониби собиқ ширкати "Фароз" аст. Мо ҳама чизро омода кардем, барои фоида гирифтан аз тиҷорати мармар," – нақл кард соҳибкори чинӣ рӯзи 18-уми июл.
А. Ватанов, раиси “Комбинати металлургии тоҷик”, рӯзи 19-уми июл дар номае дар посух ба суолҳои Радиои Озодӣ навишт, ки ширкати “Фароз” ба ҷамъияти онҳо ҳеч рабт надорад ва иддаои мудири ширкати “Хрустал” Ху Сюдун дар мавриди “гуё мо мақсади соҳиб шудани тиҷорати ӯро дорем, бепояву дурӯғ аст”. Вай дар идома навиштааст, “ҷамъияти мо ҳеч фишоре ба ширкати “Хрустал” наоварда ва ба ягон мақомот, аз ҷумла Вазорати саноат ва технологияҳои нав муроҷиат накардааст.”
Аммо Ватанов дар посухҳояш нагуфта, ки онҳо дар ҳоли ҳозир пойгоҳҳои омодакардаи ширкати “Хрустал”-ро соҳиб шудаанд ва дар он ҷо мармар истихроҷ мекунанд ё не.
Ҳарчанд раҳбарии “Комбинати металлургии тоҷик” мансубияти худро ба собиқ ширкати пурбаҳси “Фароз” рад кардааст, дар ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии ВМКБ ҷойе, ки ба баҳси “Хрустал” бо ин ширкат пардохта мешавад, чунин омадааст: “Комбинати металлургии тоҷик” (ҶСП “Фароз”). Дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ низ “Фароз” муассиси “Комбинати металлургии тоҷик” зикр шудааст. Тибқи ин санад "Комбинат"-ро соли 2015 дар идораи андоз ё молиёт сабт кардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: $400 000 куҷо шуд? Баҳси як соҳибкори чинӣ бо "Нахш" аз ТоҷикистонБайни соҳибкори чинӣ ва мақомоти тоҷик чӣ гузашт?
Ху Сюдун, мудири ширкати “Хрустал”, мегӯяд, муҷаввиз ё парвонаи корро дар соли 2014 барои даҳ сол гирифт ва то кунун наздик ба 7 миллион доллар барои зербино ва истихроҷи мармар сармоягузорӣ кардааст.
Вазорати саноат дар моҳи июни соли 2022 ба ширкати “Хрустал” иҷозаи содироти маҳсулоти коркардшудаи тайёрро дода, вале бо гузашти камтар аз як сол иҷозатномаро боздоштааст. Дар идома бо дархости ҳамин вазорат ва даъвои Додситонии кулли Тоҷикистон, Додгоҳи иқтисодии ВМКБ моҳи августи соли 2023 муҷаввизи ширкатро комилан бекор кардааст.
“Сарфи назар аз он ки барои содироти мармар иҷозат доштам, омада, ба ман гуфтанд, ки иҷозат надорӣ. Чи ҳуҷҷате, ки лозим буд, ба онҳо пешниҳод кардам,” -- мегӯяд Ху Сюдун.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар посухи хатӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, муҷаввиз ё парвонаи ширкати “Хрустал” бо даъвои Додситонии кулли Тоҷикистон аз сӯйи мақомоти додгоҳӣ бекор карда шудааст. Масъулони ин ниҳод посух надоданд, ки чаро дар аввал ба ширкати “Хрустал” иҷозаи содироти санги мармарро дода, боз ба бекор намудани парвонаи кори ин ширкат иқдом карданд.
Ҳоло раиси ширкати “Хрустал” барои бекор кардани ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии ВМКБ ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шикоят бурда, мехоҳад, ки мақомоти тоҷик ё ба ӯ имкон диҳанд, корашро давом диҳад ё наздик ба 7 миллион доллар сармояеро, ки ӯ дар ин роҳ масраф кардааст, бозпас бидиҳанд.
Баҳси ин ширкат бо Вазорати саноат ва Додситонии кул ба долонҳои сафорати Чин дар Душанбе ва ҳукумати Тоҷикистон кашида шудааст. Сарвазири Тоҷикистон дар робита ба дархости Вазорати корҳои хориҷӣ дар пайи ёддоштҳои сафорати Чин ба ниҳодҳои давлатӣ супориш додааст, ки қазияро баррасӣ кунанд.
Ба ҷуз Вазорати саноат ва Додситонии кулли Тоҷикистон вазорату кумитаҳои дигари хулоса додаанд, ки қазияи ширкати “Хрустал” агар мусбат ҳал шавад, ба нафъи идомаи ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Талошу нокомии Тоҷикистон барои ҷалби сармоя. Монеаи асосӣ чист?Тоҷикистон дар чанд соли охир барои ҷалби сармояи бештари хориҷӣ минбарҳои гуногуни ҷаҳониро истифода ва тарҳу пули ҳангуфтеро барои ин ҳадаф харҷ мекунад.
Мақомот аз раванди рӯ ба афзоиши ҷалби сармояи хориҷӣ суҳбат мекунанд, аммо иқтисоддонҳо ин талошҳоро барои рушди иқтисод ноокофӣ медонанд. Баръакс, ба будани монеаҳои гуногун ишора мекунанд, ба мисли набудани амнияти сармоя ва имтиёзҳо барои сармоягузорон; надоштани нерӯи барқи кофӣ ва доимӣ ва вуҷуди унсури фаровони фасод.