10 миллион доллар ҷоиза барои пайдо кардани Ҷулонӣ бекор шуд

Аҳмад ал-Шараъ, ки бо номи Абумуҳаммад Ҷулонӣ шинохта мешуд

Амрико пешниҳоди 10 миллион доллар ҷоиза барои Аҳмад ал-Шараъ, раҳбари созмони "Ҳайат Таҳрир аш-Шом"-ро бекор кард.

Аҳмад ал-Шараъ, ки бо номи Абумуҳаммад Ҷулонӣ шинохта мешуд, пас аз фирори Башор Асад дар 8-уми декабр ҳоло амалан раҳбари Сурия аст.

Чанд рӯз пеш намояндаҳои ИМА дар Димишқ бо ӯ суҳбат карданд ва қарори лағви ҷоиза барои хабар додан аз макони ӯ бекор шуд.

Барбара Лиф, ёвари вазири умури хориҷии ИМА, ки ҳайати амрикоиро раҳбари мекард, суҳбат бо Аҳмад ал-Шараъро “созанда” ва худи ӯро одами “воқеъбин” тавсиф кард.

Намояндаҳои Амрико бо ӯ дар бораи ояндаи Сурия ва таҳдидҳои террористӣ суҳбат карданд. Барбара Лиф гуфтааст, ки Ҷулонӣ омодаи ҳамкорӣ ҳаст.

Ҳамзамон масъалаи бекор кардани таҳримҳо нисбат ба Сурия, ки дар замони Башор Асад ҷорӣ шуда буд, дар ин суҳбат матраҳ шудааст.

"Ҳайат Таҳрир аш-Шом", ки дар гузашта бо “Ал-Қоида” робита дошт, дар феҳрасти созмонҳои террористии аксари кишварҳои дунё қарор дорад. ИМА барои хабар додан аз макони раҳбари он, Абумуҳаммад Ҷулонӣ 10 миллион доллар ваъда карда буд.

Абумуҳаммад Ҷулонӣ дар суҳбат бо расонаҳо пайвастанаш бо "Ал-Қоида"-ро "хатои ҷавонӣ" дониста, ба таъкид мегӯяд, ки Сурияро ба як кишвари озод табдил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, Сурия як кишваре хоҳад шуд, ки занон дар он озодона кору таҳсил хоҳанд кард ва ҳама қавму миллат баробар хоҳанд буд.

Дар замони ҳукумати ӯ дар Идлиб масеҳиён озод буданд ва калисои онҳо кор мекард. Шояд кору рафторҳои ахираш буд, ки назари ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ӯ то андозае тағйир кардааст.

"Ҳайат Таҳрир аш-Шом", ки аз соли 2015 шаҳри Идлиби Сурияро дар ихтиёр дошт, охири моҳи ноябр ҳамлаи густардае алайҳи нерӯҳои Башор Асадро оғоз кард. Рӯзи 8 уми декабр артиши ҳукумати Башор Асад таслим шуд ва худи ӯ аз кишвар фирор кард. "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" бо раҳбарии Абумуҳаммад Ҷулонӣ назорати Димишқро дар ихтиёр гирифтанд.

Онҳо ба ҳукуматдории беш аз 50-солаи хонаводаи Асад, ки бо зулму ситам ба мардум ном бароварда буд, поён доданд. Ҳоло намояндаҳои аксари кишварҳои дунё бо "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" робита барқарор кардаанд ва масъалаи аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун кардани онро баррасӣ доранд.