Бадахшон: «Размоиш-2012» поён ёфт. Хатари эҳтимолӣ боқӣ мемонад

Хурду калон дар Бадахшон 10 рӯз дар вазъияти ҷангӣ зиндагӣ карданд.
Яке аз шартҳои машқи ҳарбии «Ҳифз-2012» дар ин ҷо омодагии умумӣ ба ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҳамоҳангӣ дар ташкили мудофиа аз хатарҳои эҳтимолӣ буд. Бахусус, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории нерӯҳои низомӣ ва амниятӣ бо мақомоти раҳбарӣ дар вазъи фавқулода ба маърази имтиҳон гузошта шуд.


Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев гуфт, ки дар давоми 10 рӯз дар минтақа хатари ҷанг эълон шуда, раисони ноҳия, шаҳр ва вилоят дар ҷараёни он омодагӣ ба сафарбарии мудофиа, танзиму ҳифзи ҳуҷаттҳои зарурӣ, баҳисобгирирӣ ва истифодаи захираҳои эҳтиётиро озмуданд. Аммо то куҷо чунин хатар ба Бадахшон таҳдид карда метавонад? Ҷаноби Маҳмадалиев чунин
посух дод: "Терроризм на миллат дорад, на сарҳад дорад ва ҳар лаҳза метавонад, ки зуҳур кунад.Аз ин рӯ нерӯҳо мақомот ва мардум бояд ба он омода бошанд".


Машқҳои муштараки «Ҳифз-2012» дар ВМКБ дар ҳоле баргузор шуданд, ки аз хатари фаъолшавии толибон дар шимоли Афғонистон сухан мегӯянд. Рӯйдодҳои охир дар ин ҷо хатарро ҷилваи воқеӣ медиҳанд. Дар навори марзии Бадахшони Афғонистон фармондеҳони марзбонӣ, ба шумули Воҳидхон - кумандони сарҳадии Ишкошиму Шуғнон ва Помирот аз вазифа барканор шуданд.


Бархе аз манобеъ барканории Воҳидхонро, ки қариб 15 сол зимоми марзро дар даст дошт, ба ҳодисоти маҳалли Вардуҷ бастагӣ медиҳанд. Гуфта мешавад, ки дар амалиёти поксозии толибон дар маҳал ин фармондеҳ зиёда аз 20 сарбозро аз даст дода, ин калонтарини талафоти минтақаи таҳти назораташ боиси норизоияти мақомоти болоӣ ва табдили кумандонҳои сарҳадӣ шудааст.Бархе аз манобеи дигари марзбонӣ ва гумруки кишвари ҳамҷавор, ки бо онҳо дар гузаргоҳии марзии маҳалли Теми Хоруғ ҳамсӯҳбат шудам, ҳаводиси Варуҷро натиҷаи ихтилофи байни худи фармондеҳон мешуморанд, ки ахиран ба тағйиру табдилашон сабаб гаштааст.


Аммо роҳбари консулгарии Афғонистон дар Хоруғ оқои Абдулҳаким Ҳайдарӣ мавҷудияти ихтилоф байни фармондеҳони навори марзии Бадахшони Афғонистонро такзиб карда гуфт, ки тағйиру табдили онҳо бар асоси усули идорӣ
ба вуқӯъ пайвастааст.

Вай гуфт: "Баъзе аз кумандонҳо сарҳадии поину боло ки табдил шуданд, ин тасмими бар асоси он набуда, ки марз бесубот буда, ва ё ки марзҳо халоъ дошта, ё кудом ихтилофеъ байни кумандонҳо афтода бошад.Ин бар асоси усули идорӣ буда, ки бархе аз кумандонҳо, ки вақти зиёде дар кор карданд, инҳоро ба ҷойи дигар бурданд ва ба ҷояшон ашхоси дигарро оварданд".


Коршиносон дар робита бо ихроҷи нерӯҳҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон аз ташаннуҷи эҳтимолии авзоъ дар марз ва бозгашт ба манзараи шабеҳи даврони хуруҷи нерӯҳои шуравӣ аз Афғонистон дар соли 1989 нигаронанд. Вале масъули консулгарӣ бозгашт ба давраи шабеҳи собиқро номумкин мешуморад ва мегӯяд, ки авзоъ дар минтақа ва марз аз таҳти назорат мемонад.

Ба ҳар сурат ҷиддияти машқи ҳарбии «Ҳифз-2012» дар ВМКБ, бо вуҷуди он ки мақомот батаъкид онро як размоиш зидди хатари эҳтимолӣ номиданд, ин зеҳниятро ба вуҷуд овардааст, чунин хатар метавонад ба осонӣ аз гумон ба воқеият табдил ёбад.