Маросимҳои асосии таҷлил аз 25-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 8 сентябр бо гашти низомӣ дар майдони "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе оғоз шуданд. Дар маросими расмии гашт ё паради низомӣ дар маркази Душанбе, беш аз 16 ҳазор ҷузъу томҳои мухталиф, бо шумули бонувони низомӣ, иштирок карданд.
Дар ин маросим, ки мустақиман тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ пахш шуд, президент, раисони Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Олӣ, сарвазир ва дигар мақомоти баландпояи кишвар ширкат карданд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон қабл аз оғози гашти низомӣ дар суханронии кӯтоҳи худ низомиёни кишварро ба ҳушёриву зиракӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар даъват кард.
Паради низомӣ дар майдони "Дӯстӣ" таҳти фармондеҳии генерал Латиф Файзиев сурат гирифта ва дар он неруҳои вазорати дифоъ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва дигар ниҳодҳои қудратӣ, иштирок карданд.
Дар парад аз техникаи ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳо истифода нашуд, аммо низомиёни аспсавор ё кавалерия ва сагҳои хизматӣ аз майдон гузаштанд. Ин сеюмин паради ҳарбӣ аст, ки дар он низомиёни зан ҷалб гардидаанд. Расонаҳои давлатии Тоҷикистон навиштанд, ки ин боҳашаматтарин паради низомӣ дар таърихи Тоҷикистон мебошад.
Артиши миллии Тоҷикистон, ки ҳеҷ меросе аз Шӯравии собиқ нагирифтааст, ягона артиши Осиёи Марказист, ки аз оташи як ҷанги тамом гузаштааст. Он фаъолияти хешро дар соли 1993 дар авҷи ҷанги дохилӣ шурӯъ карда, солҳои баъдӣ низ ҳамеша дар амалиёт ва чораҷӯиҳои амниятӣ саҳм гирифтааст.
Ин артиш аз неруҳои хушкигард, зудамал, ҳарбӣ-ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоӣ таркиб ёфта, ҳудудан аз 12 то 16 ҳазор нафар иборат аст ва Тоҷикистон солона барои артишаш беш аз 72 миллион доллари амрикоӣ тахсис медиҳад. Артиши миллии Тоҷикистон ҳамакнун дар ихтиёри худ 46 зиреҳпӯшу 37 тонк, 23 тӯпхона ва танҳо 3 чархболу 1 ҳавопаймо дорад.
Идомаи маросимҳо ба муносибати Рӯзи Истиқлол
Маросимҳо ба муносибати Рӯзи Истиқлол дар тамоми минтақаҳои кишвар идома доранд. Бино ба маълумоти Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, субҳи рӯзи 9 сентябр ҳудуди 50 ҳазор донишҷӯву шогирди мактабҳо ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то Исмоили Сомонӣ раҳпаймоӣ мекунанд.
Шаҳри Хуҷанд -- маркази вилояти Суғд низ рӯзҳои оянда мизбони маросими бошукӯҳи дигар ба муносибати ин ҷашн хоҳад буд, ки қарор аст раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар он иштирок кунад.
25 соли Истиқлоли Тоҷикистон
25 сол қабл, рӯзи 9-уми сентяби 1991, дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул шуд. Зери ин санад раиси вақти Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳур Қадриддин Аслонов имзо гузошт ва дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наве ифтитоҳ шуд.
Тоҷикистон пас аз 8 моҳи эълони истиқлолият ба гирдоби ҷанги дохилӣ фурӯ рафт, ки панҷ сол идома кард. Дар ин ҷанг, ки то соли 1997, замони имзои Созишномаи сулҳ, давом кард, 150 ҳазор сокини Тоҷикистон кушта ва наздики як миллион нафар бехонаву дар шуд.