"Саркӯби террористон" аз сӯи нерӯҳои вижаи лижарон дар Дарвоз. ВИДЕО

Чанд нафар аз гурӯҳи террористӣ дар зери барф хандақ дуруст карда бо рӯшан кардани шамъ мунтазири фаро расидани субҳ ҳастанд ва қасд доранд вориди қаламрави навоҳии марзии Бадахшон шаванд. Дар ҳамин лаҳза гурӯҳи мусаллаҳи таъиноти махсуси лижаронии Вазорати дифоъ онҳоро дар шароити сангини кӯҳистони пурбарф ошкор ва боздошт мекунад.

Чунин буд ривояти як машқи низомии нирӯҳои вазорати дифоъ, ки ахиран дар минтақаи кӯҳии Дарвоз, дар 280-километрии шарқи Душанбе аз ҷониби ҷузъу томи лижаронӣ анҷом шуд. Ҳадафи машқ-тамрини амалиётӣ, ошкор ва боздошти душмани эҳтимолӣ дар шароити барфиву душворгузари кӯҳистон буд, ки барои нерӯҳои дифоии Тоҷикистон кори камсобиқа будааст.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.

Машқи низомии гурӯҳи 50-нафараи сарбозони лижарон талошест барои сайқал додани малакаи мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар хоки Тоҷикистон, ки солҳои охир ба таҳдиди воқеӣ табдил шудааст. Полковник Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, мақомот аз натиҷаҳои машқҳои гурӯҳи вижаи лижаронҳо қаноатманд ҳастанд.

Ба гуфтаи Маҳмадализода, “вазифаи аслие, ки дар назди гурӯҳи таъиноти махсуси лижаронӣ меистод, аз байн бурдани душмани мусаллаҳи эҳтимолие, ки дар зери барф хандақ дуруст карда мунтазири ҳамла ҳастанд ва маълум нест, ки онҳо аз куҷо ба куҷо хоҳанд рафт ва барои кадом ҳадаф пинҳон шудаанд ва чи гуна ҳамла мекунанд. Сарбозони​лижарон бо либоси сафед бо вуҷуди шароити сангин бо истифода аз таҷриба ва маҳорати ҷангӣ макони душманро ошкор мекунанд ва онҳоро хунсо мекунанд”. Вай мегӯяд, ҷараёни ин амалиёт нишон дод, ки сарбозони таъиноти махсуси лижаронӣ дар нисбати солҳои пешин беҳтару хубтар аз ӯҳдаи иҷрои вазифа баромаданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Саркӯби террористон" аз сӯи нерӯҳои лижарон дар Дарвоз

Марзи 1400-километрии Тоҷикистону Афғонистон аз назари убури эҳтимолии гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат, аз ҷумла Толибон ва ҳам гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамеша мавриди нигаронӣ ва таваҷҷӯҳ аст. Рӯзи 27 феврал ин мавзӯъ дар мулоқоти президентони Тоҷикистону Русия – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Душанбе ҳам матраҳ

шуд ва Путин гуфт, Маскав низ аз ноамниҳои эҳтимолии марзи Афғонистону Тоҷикистон нигарон аст ва барои кӯмак ба Тоҷикистон дар сурати зарурат пойгоҳи 201-уми Русия низ сафарбар хоҳад шуд. Коршиносони низомӣ мегӯянд, бо вуҷуди ҷангдидаву таҷрибадор будани артиши Тоҷикистон, тавонмандиҳои он ва ҳам таъминоти ин нирӯҳо бо силоҳу муҳимоти низомӣ ҳанӯз ҳам қавӣ нест.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, гурӯҳи сарбозони лижарон ҳам, махсус интихоб шудааст. Ҳамаи онҳо ҷавонони қоматбаланд ва аз нигоҳи ҷисмонӣ обутобдида буда дар зарфи се моҳ машқи лижаронӣ ва тирандозиро ёд гирифтаанд. Аксари ин сарбозони тоҷик эътироф мекунанд, ки пеш аз ҷалб шудан ба ин гурӯҳ, аслан ҳунари лижарониро надоштанд ва маҷбур буданд мисли як тифл аз қадами аввал ҳаракат дар рӯи барфро ёд мегирифтанд.

Вазорати дифоъ мегӯяд, гурӯҳи сарбозони лижарон аз ҳисоби ҷавонони қоматбаланд ва аз нигоҳи ҷисмонӣ обутобдида таъсис ёфта ва дар зарфи се моҳ машқи лижаронӣ ва тирандозиро ёд гирифтаанд.

Дар зиндагии маъмулии сокинони Тоҷикистони кӯҳманзар то ҳол ҳунари лижаронӣ ба бахше аз фарҳанги зиндагӣ табдил нашудааст, тавре дар Қирғизистону Қазоқистони ҳамсоя ва ё Аврупо ба чашм мерасад. Дарси лижарониро гурӯҳи махсуси тирандозӣ дар мавзеи лижаронии “Сафедарра” омӯхтааст, ки дар чанд соли охир барқарор шудааст.

Дар маҷмӯъ ба гурӯҳи вижаи лижаронҳои вазорати дифоъ то 100 сарбоз шомил карда хоҳад шуд. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, таъиноти масуси лижаронӣ бояд дар аксари навоҳии кишвар, ки қисмҳои ҳарбӣ вуҷуд дорад, ба роҳ монда шавад, зеро 93% роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ дар фасли зисмистон барои муддати дароз пурбарф боқӣ мемонанд ва ба назорат ниёз доранд.

Дарвоз – минтақаи стратегӣ

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ноҳияи Дарвоз аз минтақаҳои стратегӣ ба шумор рафта ва дар хатти марз бо Афғонистон қарор дорад ва ин машқи низомӣ алайҳи ҳаракату гурӯҳҳои террористию қочоқбар махсус дар шароити кӯҳистони пурбарф дар ҳамин минтақа анҷом дода шуд. Ноҳияи Дарвоз ҳаммарз бо Афғонистон аст ва коршиносон мегӯянд,

шароити убури эҳтимолии марзи давлатӣ аз ҷониби гурӯҳҳои силоҳбадаст​"чандон душвор нест. Дар солҳои 1990-уми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳам бархе сокинони маҳаллӣ гурӯҳҳои силоҳбадасти худро дар ин минтақа таъсис дода, муддате аз сангари мухолифин зидди нирӯҳои ҳукуматӣ ҷангидаанд.

Дар ин авохир размоишҳои фарогир дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи шаҳри Душанбе доир шуда буд. Бузургтарини ин гуна размоиш дар ҷануби Тоҷикистон, минтақаи назди марзӣ бо Афғонистон бо ширкати беш аз 30 ҳазор нирӯ баргузор шуд. Ба иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон, дар ин размоиш аз 100 зиреҳпӯш ва теъдоди зиёди нақлиёт ва дигар техникаи ҷангӣ истифода шуда буд. Дар доираи размоиши “Ҷанги эҳтимолӣ”, сатҳи тавонмандии мақомоти қудратӣ дар баробари ҳамлаи душмани эҳтимолӣ санҷида шуд.

Назаров: Нерӯҳои Тоҷикистон ҳанӯз ҳам камбудии зиёд доранд

Нуралишо Назаров.

Нуралишо Назаров, генерали мустаъфӣ ва собиқ раиси ситоди Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кор карда, аз гузаштаву имрӯзи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон огаҳ аст. Вай аз таъсиси гурӯҳи махсуси лижаронҳо дар ҳайати вазорати дифоъ ситоиш кард ва гуфт, дар нисбати 10 соли пеш вазъи қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст. Вале бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ӯ, мушкилот дар ин бахш зиёд аст. Камбуди аслии онҳо - норасоии афсарони касбӣ аст ва бояд кадрҳои тарбиятдидаи профессионалӣ ҷалб карда шавад. Вай мегӯяд, аксари қисмҳои ҳарбии назди хати марз зиреҳпӯш надоранд ва ин дар сурати ҳамлаи гурӯҳҳои харобкор мушкил пеш меорад:

“Агар дар қисмҳои ҳарбии сарҳадӣ фармондеҳони ихтисосманди касбӣ бошанд, аз ӯҳдаи ҳамагуна таҳдидҳо мебароянд. Ва дигар ин ки даҳ сол қабл вақте сарҳадбонони Русия аз хатти марзи Тоҷкистон бо Афғонистонмерафтанд, танҳо дарқисми ҳарбии Ишкошим 10 БТР ва зиреҳпуш буд, аммо онҳо зарур нашумориданд, ки дар инҷо бимонанд ваонҳоро интиқол доданд”.