Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз вазъ дар шимоли Афғонистон нигарон аст


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ниҳодҳои қудратии ҳукумати худ дастур дод, ки бо назардошти вазъи амниятӣ дар Афғонистони ҳамсоя "дар ҳолати зарурӣ" аз нерӯҳои захираӣ истифода баранд.

Дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҷалби сарбозу афсарони захиравӣ дар ҳоли зарурат барои таҳкими марз бо Афғонистон дар як ҷаласаи машваратӣ бо аъзои Шӯрои амният, сарварони Вазорати дифоъ, Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати умури дохилӣ ва масъулони дигар ниҳодҳои қудратӣ дар рӯзҳое садо додааст, ки мақомоти Афғонистон ба як амалиёти густардаи зидди ҷангҷӯён дар шимоли ин кишвар омодагӣ мегиранд ва пас аз даргириҳои шадид дар Бадахшон вазъ дар марзи Афғонистон бо Туркманистон низ муташанниҷ шудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин хостааст, омодагии ҳарбии ҳамаи ҷузву томҳои артиши ин кишвар баланд бурда шавад. Аммо дар паёмаш ӯ бештар ба вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон тамаркуз кард. Дар ҳоле ки ба нерӯҳои Вазорати дифои Тоҷикистон ҳифзи хатти дувуми марз вогузор шуда, дидбонии сарҳад дар дӯши нерӯҳои Хадамоти марзбонии кишвар аст, дастури истифода аз нерӯҳои захиравӣ дар ҳолати зарурӣ метавонад ба садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандоне рабт гирад, ки хидмати маҷбурии ҳарбиро иҷро кардаанд ва дар феҳристи нирӯҳои эҳтиётӣ қарор доранд.

Фаридун Маҳмадалиев
Фаридун Маҳмадалиев

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар миёнаҳои моҳи марти соли равон Вазорати дифои Тоҷикистон бо эълони “Ҷанги эҳтимолӣ” дар навоҳии марзӣ бо Афғонистон ва дар тамоми навоҳии вилояти Хатлон, як размоишро барои омодагии ниҳодҳои қудратӣ ва сокинони осоиштаи минтақа, ки ҷамъан 50 ҳазор нафарро дар бар гирифт, баргузор кард. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон гуфта буд, размоиши фарогир бо ширкати намояндагони тамоми ниҳодҳои қудратӣ ва сокинони навоҳии вилояти Хатлон бо истифода аз 100 зиреҳпӯш ва теъдоди зиёди нақлиёт, сурат гирифтааст.

Ҷаноби Маҳмадалиев афзуд, дар доираи размоиши “Ҷанги эҳтимолӣ”, сатҳи тавонмандии мақомоти қудратӣ дар баробари ҳамлаи душман санҷида хоҳад шуд. Вай гуфт, шурӯъ аз намояндагони ҷамоатҳо, раисони навоҳию вилоят, намояндагони ҳама ақшори ҷомеа ба ин размоиш даъват шудаанд ва ба онҳо мутахассисони вазорати дифоъ машварату маслиҳатҳо хоҳанд дод.

Аммо намояндаи расмии Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд манзур аз истифода бурдани неруҳои эҳтиётӣ ё худ захираӣ вобаста ба ҳаҷми хатар дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон мебошад ва ҳаргиз барои муқобала бо 10 ва ё 15 нафар аз нерӯи эҳтиётӣ кор гирифта намешавад. Вай афзуд "манзур аз кор гирифтани неруи захиравӣ ҳолатҳои ба мисли ҳамлаҳои эҳтимолии ногаҳонӣ ва ё таҷовузи ногаҳонии хатти марз аз тарафи гурӯҳҳои террористӣ мебошад, ки амнияти кишварро таҳдид кунад. Дар чунин ҳолатҳо афсарони захиравӣ ва сокинони мулкие, ки дар машқҳои низомӣ ҷалб шудаанд ва махсусан номнавис шудаанд аз тариқи комисириятҳои ҳарбӣ даъват карда шуда сафарбар хоҳанд шуд."

Бино бар хабари дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба нерӯ додани муборизаи зидди терроризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даъват намуд.

ВАЗЪ ДАР БАДАХШОНИ АФҒОНИСТОН

Авзоъ дар се ҳафтаи охир дар Бадахшони Афғонистон ба дунболи ҳамлаи ҷангҷӯён дар ноҳияи Ҷурм ва қатли 18 сарбози нерӯҳои давлати Афғонистон, ки шуморе аз онҳо сар бурида шуданд, рӯ ба шиддат овард.Доктор Гулмуҳаммад Бедор, муовини раиси вилояти Бадахшони Афғонистон дар мусоҳибаи ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки беш аз 400 тан аз ҷангҷӯёни кишварҳои Осиёи Миёна дар дараи Хустаки ноҳияи Ҷурми ин вилоят ҳузур доранд, ки шуморе аз ин ҷангиён хонаводаҳояшонро низ ба ин минтақа интиқол додаанд. Ба гуфтаи ин масъули афғон, мавҷудияти ин гурӯҳҳои таҳдиди ҷиддӣ барои вилоятҳои шимолии он кишвар аст ва эҳтимол дорад, ки аз ин ноҳия кишварҳои Осиёи Миёни низ мавриди таҳдид қарор бигиранд.

Гулмуҳаммади Бедор
Гулмуҳаммади Бедор

Оқои Бедор мегӯяд, ки ҳоло мухолифони мусаллаҳи ва ҷангҷӯёни хориҷӣ дар вулусволиҳои ноамнӣ ин вилоят ҷавонони бекори Бадахшон ва ҷавонони бетаҷриба ва камсину соли вилоятҳои дигарро ба сафҳои худашон ҷалб менамоянд: "Бадахшон дарвозаи вилоятҳои шимол аст. Ин, ки мо бисёр дод мезанем, Бадахшонро ором кунед, ки ин мисли донаи саратон реша мекунад. Билохира решааш ба вилоятҳои Тахор, Қундуз, Бағлон, Самангон, Мазори Шариф, Ҷузҷон, Форёб ба тамомии нуқот меравад ва ҳоло аз ин нуқта дар ҳоли рафтан ҳам ҳаст."

Сардори ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон дар вилояти Бадахшон, генерал Ғуломҳайдари Ҳайдар низ ҳузури террористони хориҷӣ, аз ҷумла чеченҳо, ӯзбакистониҳо, тоҷикистониҳо, қирғизҳо, уйғурҳо ва қазоқҳоро дар шимоли Афғонистон тасдиқ кард ва гуфт, онҳо бо аҳли хонаводаашон дар ин ҷо маскан гирифта, бо тамринҳои ҳарбӣ машғуланд ва ба посгоҳҳои давлат дар навоҳии атроф ҳамла мекунанд.

Ҳукумати Афғонистон тасмим гирифтааст, барои рӯёрӯӣ ба ин гурӯҳҳо дар Хостак ва Вардуҷи вилояти Бадахшон як бригадаи зудамал таъсис диҳад ва ба зудӣ амалиёти васеи поккории ин манотиқро шурӯъ кунад. Вале бархе аз коршиносон ба тавоноиҳои нерӯҳои амниятии Афғонистон барои пешбурди чунин амалиёт шак доранд.

ВАЗЪ ДАР ВИЛОЯТИ БОДҒИС

Аз сӯи дигари мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Бодғис гуфтаанд, ки нерӯҳои марзбонии афғон дар вулусволии Боломурғоб дар наздикии марз бо Туркманистон дар муҳосираи гурӯҳи Толибон мондаанд. Мақомоти ин вилоят гуфтаанд, ки даргириҳои мусаллаҳона миёни марзбонон ва Толибон дар ин маҳал ҳоло ҳам идома дорад. Мирвайс Мирзакхел, сухангӯи волии Бодғис гуфтааст, ки Толибон бо силоҳҳои пешрафта муҷаҳҳазанд ва нерӯҳои афғон бо имкониятҳои маҳдуд бо онҳо муқовимат мекунанд ва ниёз ба пуштибонии ҳавоӣ доранд. Вай гуфтааст, ки даҳҳо тан аз мардуми ин маҳал барои наҷоти ҷони худ минтақаро тарк кардаанд.

Сафия Аймоқ
Сафия Аймоқ

Бо он ки то кунун омори дақиқ аз талафоти ин ҳодиса дар даст нест, аммо масъулони низомӣ дар вилояти Бодғис гуфтананд, ки се тан аз сарбозон дар ин даргириҳо захмӣ шуда ва ҳадди ақал панҷ Толиб кушта ва захмӣ шудаанд. Сафия Аймоқ, намояндаи мардуми Бодғис дар парлумони Афғонистон аз вазъи амниятӣ дар ин минтақаи ҳаммарз бо Туркманистон ибрози нигаронӣ намуда ва гуфтааст, ки агар ҳукумати он кишвар ба таври фаврӣ ба кӯмаки марзбонони афғон нашитобад, ҳодисаи Ҷурми Бадахшон дар Бодғис такрор хоҳад шуд. Гузоришҳо аз маҳалли даргирӣ ҳикоят аз он доранд, ки агар ҳукумати Афғонистон ба кӯмаки нерӯҳои амниятӣ нарасад, постгоҳҳои нерӯҳои давлатӣ ба дасти Толибон хоҳанд афтод.

Минтақаи Боломурғоби вилояти Бодғис дар шимолу ғарби Афғонистон қарор дорад. Вилояти Бодғис ҳудуди 200 километр бо Туркманистон марзи муштарак дорад ва вулусволии Боломурғоб яке аз нуқтаҳои ноамни ин вилоят ба шумор меравад.

СПАД, ВАЪДАҲО ВА ХОСТҲОИ РУСИЯ

Даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди истифода аз нерӯҳои эҳтиётӣ дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ҳоле садо медиҳад, ки ин масъала борҳо дар ҳамоиши сарони кишварҳои узв дар Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) баррасӣ шудааст. Бори охир баъд аз нишасти вазирони умури хориҷии СПАД дар Душанбе рӯзи 3 апрели соли равон, тарафи Русия гуфт, ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 70 миллиард рубл кӯмаки ҳарбӣ мекунад. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин кумакҳои Русия дар чаҳорчӯби як қарордодест, ки соли 2014 ҳангоми тамдиди мӯҳлати ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон имзо шудааст.

Евгений Тубол
Евгений Тубол

Фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон генерал-майор Евгений Тубол гуфт, бо назардошти хуруҷи НАТО аз Афғонистон ва эҳтимоли таҳдид аз ҷануб шумораи сарбозони ин пойгоҳ дар панҷ соли оянда ба 9000 нафар хоҳад расид. Тубол ҳамчунин аз таъмин шудани пойгоҳ бо навтарин намунаҳои силоҳи Русия хабар дод ва афзуд, вазифаи асосии пойгоҳ таъмини амнияти миллии Русия ва ҳампаймонҳои он дар Осиёи Марказӣ, мусоидат ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон "ба зидди таҷовуз аз қаламрави Афғонистон, ҳифзи иншооти муҳими давлатӣ ва ҳарбӣ дар кишвари мизбон, таъмини қабули ҷузвутомҳои Русия дар ҳудуди Тоҷикистон ҳангоми ҳалли ҳолатҳои бӯҳронӣ ва амалиёти муштарак дар ҳайати гурӯҳи якҷояи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон аст".

Аммо бештар аз ин ҳама ҳарбиён ва сиёсатмадорони Русия борҳо гуфтаанд, ки Тоҷикистон ба танҳоӣ аз ӯҳдаи ҳифзи марз бо Афғонистон намбарояд ва бояд марзбонҳои Русия ба ин сарҳад баргардонида шаванд. Дар ин маврид зикр шудааст, ки ин бозгашт бояд бо дархости Тоҷикистон ба амал ояд. Тоҷикистон соли 2005 муваффақ шуд, ки дидбонӣ ва ҳимояи марзи давлатии худро ба дасти хеш гирад ва нерӯҳои марзбони Русияро аз сарҳади Афғонистон хориҷ намояд.

XS
SM
MD
LG