Шамс Зарифов ва Ҷӯрахон Кабиров – 2 ҳақталаб ё 2 аризабоз? ВИДЕО

Шамс Зарифов ва Ҷӯрахон Кабиров

Шамс Зарифов ва Ҷӯрахон Кабиров, ду марди бознишаста аз минтақаи Кӯлобро бештар бо аризаҳои шикоятиашон мешиносанд. Онҳо дар як сол фақат ба идораи зиддифасоди Кӯлоб то 100 нома фиристодаанд. Вале ҳам Шамс Зарифов ва ҳам Ҷӯрахон Кабиров мегӯянд, ки аризабоз ё "моҷароҷӯи хушку холӣ" нестанд, балки тантанаи ҳақиқат асоси кору ҳаракаташон аст.

Бензин гирифтам ва гуфтам, ки ба болои чанор баромада, худро оташ мезанам. Ҳамаи журналистонро даъват мекунам. Бигзор сабт кунанд, ба навор гиранд. Чаро ҳаққи шаҳрвандии маро нодида мегиранд?"
Шамс Зарифов

"Мо барои адолат мубориза мебарем", - гуфт Ҷӯрахон Кабиров, сокини 61-солаи деҳаи Лағмони шаҳри Кӯлоб. Ӯ рӯзи 21 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар номаҳои худ мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз камбуди мансабдорони давлатӣ, ҳолатҳои ришвагирӣ, тақсими ноодилонаи замин, истифодаи ғайриҳадафмандонаи пули буҷа ва бетафовутӣ ба қонуну қарорҳо огоҳ мекунанд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муйсафедони кӯлобӣ мегӯянд, мо на аризабоз, балки ҳақиқатҷӯй ҳастем!

Шамс Зарифов, сокини 78-солаи деҳаи Саричашмаи ноҳияи Восеъ, гуфт, аммо ин кору ҳаракати онҳо зоҳиран ба мақомоти маҳаллӣ "намефорад" ва барои ҳамин чанд дафъа дар остонаи сафари президент ба минтақа онҳоро ҳабс кардаанд. "Танҳо баъд аз анҷоми сафар раҳо мекунанд", - афзуд ӯ.

Зарифов гуфт, дафъаи охир ҳушдор дод, ки дар сурати чунин бархӯрд бо ӯ худашро оташ хоҳад зад. "Бензин гирифтам ва гуфтам, ки ба болои чанор баромада, худро оташ мезанам. Ҳамаи журналистонро даъват мекунам. Бигзор сабт кунанд, ба навор гиранд. Чаро ҳаққи шаҳрвандии маро нодида мегиранд?" – суол гузошт ӯ.

Шамс Зарифов то кунун даҳҳо номаи шикоятӣ навиштааст, ки дар онҳо ба қавли худаш аз аъмоли ғайриқонунӣ пардакушоӣ кардааст. Ин арзу шикоятҳоро ё аз тариқи почта ба мақомоти дахлдор ва аз ҷумла дастгоҳи президент фиристодааст, ё дар васоити ахбори умум чоп намудааст. Вай ҳатто як ҳуҷраи хонаашро ба утоқи корӣ табдил додааст, ки дар он инчунин бастаи арзу шикоятҳои сокинон нигаҳдорӣ мешавад.

Ин сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, соли 1980 ҳангоме омӯзгор буд, мактуби нахустини худро дар бораи амалҳои, ба қавли худаш, ғайриқонунии мақомоти ҳизбии маҳаллӣ ба унвонии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Шӯравии собиқ навишт. Аммо ин нома ба ҷои онки мушкилро ҳал кунад, чор сол ба зиндонаш буд. Дертар Додгоҳи олӣ Шамс Зарифовро бегуноҳ баровардааст.

Ҷӯрахон Кабиров

Ӯ мегӯяд, аз роҳи навиштани арзу шикоят низ метавон муқобили ришваситонӣ мубориза бурд ва ҷомеаи орӣ аз фасодро бунёд гузошт. Дар мақомоти давлатӣ низ иқрор мекунанд, тафтиши арзу шикоятҳое, ки аз ӯ ва дигар шаҳрвандон мерасанд, натиҷа додааст. Бо вуҷуди он, мақомот гуфтанд, Шамс Зарифов ва Ҷӯрахон Кабировро овони сафари президент ба Кӯлоб ба сабаби амниятӣ "ҳабс" мекунанд. "Чунки онҳо чанд дафъа кӯшиш карданд, ба сафари раиси ҷумҳур халал расонанд", - гуфт як мақом ба шарти ифшо нашудани номаш.

Ин ду нафар 15 сол қабл дар боздоштгоҳ бо ҳам ошно шуданд. Ба қавли ҳарду, онҳоро ҳадафи муштарак наздик сохтааст ва то ҳанӯз бо якдигар вохӯрда, дарди дил мекунанд ва роҳи расидан ба ҳақиқатро баҳс менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар варзишгоҳи Кӯлоб. Соли 2013

Ҷӯрахон Кабиров мегӯяд, тамоми талоши онҳо ба манфиати шахсӣ нест. Ӯ гуфт, чун мардумро дар илоҷи талаби ҳаққи қонунии худ ночор мебинанд, ба онҳо кумак мерасонанд. Бо ёрии Кабиров то кунун 40 ҳазор зиёни молиявӣ ошкор шудааст, вале ӯ ҳанӯз аз кори мақомот норизост. Ба қавли ӯ, мактубҳояш сарсарӣ баррасӣ мешаванд ва мақомот ва аксуламали онҳоро ӯ “ҳисоботи дурӯғ” меномад.

Таҳдиди ҳабс ва тундгӯии мансабдорон ин ду нафарро рӯҳафтода накардааст. Умеди охирини онҳо ин аст, ки бо як илоҷ бо раиси ҷумҳур мулоқот карда, ҳақиқати ҳолро ба ӯ бингӯянд. Чун ҳарду бовар доранд, президент аз амалҳое, ки онҳо ғайриқонунӣ медонанд, бехабар аст.