Овозхони ҷавони тоҷик Меҳрнигори Рустам, ки дар Форуми байнамиллалии ҷавонон дар Фаронса миёни 194 давлат Тоҷикистонро муаррифӣ мекард, ба ватан баргашт.
Форуми 37-уми байналмилалии ҷавонон аз 29-уми октябр то 3-юми ноябр дар Париж баргузор шуд ва Меҳрнигори Рустам низ барои ширкат дар ин форум ба Фаронса сафар карда буд. Дар сӯҳбате, ки бо Меҳринигор доштем, нахуст пурсидем, ки ин даъват чӣ гуна сурат гирифт ва сафари ӯ чӣ ҳадафҳо дошт?
Меҳрнигори Рустам: - "Вақте дар Душанбе дар масоили об конфронс баргузор гардид, меҳмонони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд. Он замон Дабири куллии ЮНЕСКО Ирина Бокова ҳам омада буд. Ман дар як маҳфили онҳо ширкат доштам ва бо куртаи чакан таронаи мардумӣ хондам. Ирина Бокова сурудани маро дида, писандид ва гуфт, ту бисёр ҷавони фаъол ҳастӣ ва ман туро барои ширкат дар форуми ҷавонон ба Фаронса даъват мекунам. Ман ба ин сухан эътибор надодам, зеро бисёр мешавад, ки мегӯянд, ки даъват мекунем, вале дигар ғайб мезананд. Аммо ба номи ман даъватнома омад ва ман ба Фаронса рафтам."
«Озодӣ»: - Дар ин форуми ҷавонон шумо суханронӣ кардед?
Меҳрнигори Рустам: "Дар форум дар бораи зиндагӣ ва мушкилоти ҷавонон суҳбат карданд, ки ман низ фикру ақидаи худро дар бораи ҷавонони тоҷик баён кардам. Дар охир бо дархости иштирокдорон як тарона ҳам хондам, ки ба онҳо хеле писанд омад."
«Озодӣ»: Яъне, шумо як рисолати ҷамъитву сиёсиро анҷом додед, намояндаи ҷавонони Тоҷикистон будед. Пас, дар бораи ҷавонони тоҷик чӣ гуфтед?
Меҳрнигори Рустам: - "Он ҷо бештар дар бораи сиёсат ҳарф мезаданд. Мегуфтанд, ки ҷавононро бояд ба сиёсат роҳ диҳанд, онҳо бояд ҳаққи сухан гуфтан дошта бошад. Ман хеле нороҳат шудам, гуфтам, ки ин ҷаласа барои ман нест. Аз ҷоям баланд шудам ва гуфтам, чаро танҳо дар бораи сиёсат суҳбат мекунед? Бисёр ҷавонон на танҳо ба сиёсат майл доранд, ба ҳунарҳои гуногун ҳам шавқ доранд. Онҳо истеъдод доранд, аммо имкон надоранд, ки ҳунарашонро сайқал диҳанд. Дар Душанбе ҳам ҷавонони ҳунарманд зиёданд, аммо наметавонанд ҳунарашонро муаррифӣ кунанд. Ман ба ЮНЕСКО пешниҳод кардам, ки ҷавононро дастгирӣ кунанд."
«Озодӣ»: Таассуротатон аз ин сафар чӣ гуна аст?
Меҳрнигори Рустам: - "Ростӣ, ҳам таассуроти хуб дорам ва ҳам бад. Сафар бе мушкилӣ намешавад. Ман зиёд мехостам осорхонаи Лувр ва мусаввараи Моно Лизаро бубинам. Аммо аҳли гурӯҳ гуфтанд, ки чипта гарона аст ва ту рав тамошо кун, баъд ба мо нақл мекунӣ. Ман танҳо рафтам, аммо баъд баромадгоҳашро натавонистам пайдо кунам ва дар осорхона гум шудам. Ҳатто гиря кардам. Аммо чун забони инглисиро медонам, забондониам ба ман мадад кард, ки пурсида, ҳамсафаронамро дарёбам."
«Озодӣ»: Оё ин сафар ба зиндагии минбаъдаатон таъсире хоҳад гузошт?
Меҳрнигори Рустам: -"Албатта, аз ҳар сафар як дарс мегирам. Аз хабарҳои зиёд, тамошои ҷойҳои таърихӣ, ҳунари мардуми кишвар бархурдор мешавам, ки ба ман дар кору зиндагӣ кӯмак мекунад.
Дар Париж радиову телевизион ва рӯзномаҳо аз ман зиёд мусоҳиба гирифтанд. Маро дар «Евронюс» ҳам нишон доданд. Ба ҳунарҳои мардумии мо таваҷҷӯҳи зиёд доштанд. Ба онҳо аз ҳама мӯйи дарози ман писанд омада буд. Боварашон намеомад, ки ин мӯйҳои худам бошад ва мехостанд бо ман акс гиранд. Аз садоям зиёд хушашон омад. Мегуфтанд, худат хурд ҳастӣ, аммо садоят мисли калонсолон. Аммо вақте дар автобуси мусиқӣ бо гитор суруд хондам, онҳо тамоман дар ҳайрат афтоданд, ки духтари тоҷик бо гитор суруд мехонад."
«Озодӣ»: Шумо гуфтед, ки дар форум ҷавонон зиёд аз сиёсат сӯҳбат мекарданд. Оё ин ба шумо таъсире гузошт. Шумо ҳам мехоҳед ба сиёсат ворид шавед?
Меҳрнигори Рустам: "Не, намехоҳам. Ман мехоҳам ҳунарамро қавитар гардонам. Ҷавонон метавонанд аз ӯҳдаи ҳама кор бароянд. Аммо сиёсат барои ман нест. Ман дар сиёсат ҳам бо сурудҳои худ саҳм мегузорам, бо ширкат дар консертҳои ҳукуматӣ.
«Озодӣ»: Аммо бархе ҳунармандон намояндаи мардумӣ дар порлумон мешаванд, ё сафири кишвар ва ё вазири фарҳанг…
Меҳрнигори Рустам: "Вақте хурд будам, мегуфтам, ки вазири фарҳанг мешавам. Мегуфтам, агар вазири фарҳанг бошам, аз ҳамаи вазирон кори худро хубтар анҷом медиҳам, ҳама ҳунармандонро дастгирӣ мекунам ва кори худро самимӣ иҷро мекунам. Аммо баъдтар ин орзу аз дилам берун шуд. Ҳоло фикр мекунам, озод бошӣ ва касби худро пеш барӣ, хубтар аст."
«Озодӣ»: Ҳоло ба ҷуз он ки дар Консерваторияи миллӣ таҳсил мекунед, боз бо чӣ корҳо машғул ҳастед?
Меҳрнигори Рустам: Дар дастаи ҳунарии «Ориё» кор мекунам. Шуғли аспсаворӣ дорам, расм мекашам. Ба наздикӣ дар рӯзи мавлудам консерти таронаҳои академӣ баргузор кардам. Ин дар эҷоди ман як навоварӣ буд. Бовар надоштам, ки дар ин амр муваффақ мешавам ва аз уҳдаи сурудани опера хуб мебароям. Аммо ба ман баҳои баланд доданд ва бисёр хушҳол шудам. Ба устодам Бурҳон Маматқулов ташаккур мегӯям, ки ба ман сурудани операро омӯхтанд."
«Озодӣ»: Барои мухлисонатон ҷолиб аст, ки шумо на дар бахши таронаҳои эстрадӣ ё мардумӣ, балки опера таҳсил мекунед. Чаро?
Меҳрнигори Рустам: "Ростӣ, ман намехостам дар бахши опера таҳсил кунам. Модарам маҷбур кард ва ректори консерватория ҳам гуфтанд, ки агар дар ин гурӯҳ хонӣ, садоят қавитар мешавад. Аслан, ман ҳатто намехостам дар консерватория таҳсил мекунам. Орзу доштам, тарроҳи либос шавам. Аммо модарам гуфт, ту ҳунарманд ҳастӣ, шояд дар дигар донишгоҳ худро нороҳат эҳсос кунӣ. Ту бояд миёни ҳунармандон бошӣ. Ҳоло аз ин тасмим пушаймон нестам. Опера жанри классикист. Мехоҳам аз ҳама намуди санъат бархурдор бошам."
«Озодӣ»: Шумо гуфтед, ки дар Париж бо гитор тарона хондани шуморо хеле хуш истиқбол карданд. Таронаи «Модар»-ро ҳам ки бо гитор мехонед. Худатон хостед бо гитор суруд хонед?
Меҳрнигори Рустам: "Бале. Ин интихоби худам аст ва ман он чиро, ки дӯст медорам, иҷро мекунам. Гитор асбоби ҷаҳонист. Барои ман созҳои дутор, пианино ва гитор бисёр муҳиманд ва мехоҳам навохтани онҳоро хуб омӯзам."
«Озодӣ»: Дар сохтани имиҷ ба шумо кӣ кӯмак мекунад?
Меҳрнигори Рустам: "Имиҷи ман худ аз худ пайдо шуд. Имиҷамро ман худам интихоб мекунам. Либосу ороиши мӯй, жанри таронаро худам пешниҳод мекунам ва бароям омода мекунам. Аммо дастгирии модарам хеле зиёд аст."
«Озодӣ»: Орзуи ширкат дар кадом озмунҳои байналмилалиро доред?
Нахустин таронаашро Меҳрнигор дар панҷсолагиаш хонда буд, ки «Куртаи чакан» ном дошт. Меҳринигор то имрӯз дар озмунҳои зиёди ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, ҷоизаҳои зиёд ба даст овардааст. Соли 2001 дар озмуни «Ғунчаҳои умед» ва соли 2003 дар озмуни «Офтобак» ширкат карда, соҳиби Шоҳҷоизаи ин озмун шудааст. Баъдан дар озмуни байналмилалии «Йединҷи туркча олимпиадалари» дар Туркия соҳиби медалҳои тилло ва нуқра шудааст. Соли 2006 дар озмуни «Бозиҳои делфӣ» миёни наврасони кишварҳои ИДМ ба гирифтани ду медали тилло - дар бахши таронаҳои мардумӣ ва таронаҳои эстрадӣ ноил шудааст.
Ҳоло донишҷӯи соли сеюми факултаи академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аст, ҳамзамон дар дастаи ҳунарии «Ориё»-и назди Кумитаи телевизион ва радио фаъолият мекунад.
Меҳрнигори Рустам: "Ман чунин орзу надорам. Ширкат дар озмунҳо бароям амри маъмулӣ шудааст. Агар кӯшиш кунам ва таронаҳои ба талаботи озмунҳо ҷавобгӯ эҷод кунам, ҳатман дар озмунҳо ширкат хоҳам кард. Ман аз садои худам бовар дорам."
«Озодӣ»: Нахустин бор шуморо тақлид ба ҳунармандони маъруф дар як барномаи ҳаҷвӣ ба бинандагон муаррифӣ карда буд...
Меҳрнигори Рустам: "Ман аз хурдӣ кӯдаке будам, ки ба ҳама тақлид мекардам. Гурӯҳи «Ғарибшо-компания» аз ин дарак ёфтанд ва хоҳиш карданд, ки дар барномаашон иштирок кунам. Ростӣ, намехостам, аммо онҳо маҷбур карданд. Ман
дар ин барнома ба Зикриоллоҳ Ҳакимов, Зебунисо Нурова, Манижа Давлатова, Нигора Холова тақлид кардам. Ҳол ҳам ба бархе ҳунармандон тақлид мекунам, аммо пинҳонӣ, на дар саҳна."
«Озодӣ»: Мегӯед, зиндагии шумо танҳо тарона асту ҳунар. Аммо шояд нафаре ҳам ҳаст, ки мехоҳад ин маҷрои зиндагии шуморо тағйир диҳад ё баръакс манбаи илҳоми шумост. Ман дар назар дорам шояд ягон ҷавон…
Меҳрнигори Рустам: "Мутаассифона, ман ҳол дӯстписар надорам. Аммо ҷавоне ёфтан даркор аст, ки иҷозат диҳад, ман фаъолияти ҳунарӣ дошта бошам. Аз панҷсолагӣ ин қадар заҳмат кашидам, наход аз пушти шавҳар ин корро бас кунам. Ман мухлисони зиёд дорам, онҳоро ранҷондан намехоҳам. Аслан, ҳоло нияти шавҳар кардан надорам. Нав нуздаҳсола шудам. Духтар бояд дар 21-22-солагӣ шавҳар кунад, ки зиндагиро хубтар мефаҳмад. Ростӣ, зиёданд онҳое, ки мехоҳанд бо ман издивоҷ кунанд, ҷавонҳои ошиқ бисёр ғам медиҳанд, аммо ман ҳамаро рад мекунам. Ҳол мехоҳам ҳунарамро такмил диҳам, ба давлатҳои ҷаҳон сафар дошта бошам. Орзу дорам, як консерти худро дар Кохи Борбад баргузор кунам. Наздики 50 тарона эҷод кардаам ва насиб бошад, соли оянда консертамро баргузор хоҳам кард.
Меҳрнигори Рустам: - "Вақте дар Душанбе дар масоили об конфронс баргузор гардид, меҳмонони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд. Он замон Дабири куллии ЮНЕСКО Ирина Бокова ҳам омада буд. Ман дар як маҳфили онҳо ширкат доштам ва бо куртаи чакан таронаи мардумӣ хондам. Ирина Бокова сурудани маро дида, писандид ва гуфт, ту бисёр ҷавони фаъол ҳастӣ ва ман туро барои ширкат дар форуми ҷавонон ба Фаронса даъват мекунам. Ман ба ин сухан эътибор надодам, зеро бисёр мешавад, ки мегӯянд, ки даъват мекунем, вале дигар ғайб мезананд. Аммо ба номи ман даъватнома омад ва ман ба Фаронса рафтам."
«Озодӣ»: - Дар ин форуми ҷавонон шумо суханронӣ кардед?
Меҳрнигори Рустам: "Дар форум дар бораи зиндагӣ ва мушкилоти ҷавонон суҳбат карданд, ки ман низ фикру ақидаи худро дар бораи ҷавонони тоҷик баён кардам. Дар охир бо дархости иштирокдорон як тарона ҳам хондам, ки ба онҳо хеле писанд омад."
«Озодӣ»: Яъне, шумо як рисолати ҷамъитву сиёсиро анҷом додед, намояндаи ҷавонони Тоҷикистон будед. Пас, дар бораи ҷавонони тоҷик чӣ гуфтед?
Меҳрнигори Рустам: - "Он ҷо бештар дар бораи сиёсат ҳарф мезаданд. Мегуфтанд, ки ҷавононро бояд ба сиёсат роҳ диҳанд, онҳо бояд ҳаққи сухан гуфтан дошта бошад. Ман хеле нороҳат шудам, гуфтам, ки ин ҷаласа барои ман нест. Аз ҷоям баланд шудам ва гуфтам, чаро танҳо дар бораи сиёсат суҳбат мекунед? Бисёр ҷавонон на танҳо ба сиёсат майл доранд, ба ҳунарҳои гуногун ҳам шавқ доранд. Онҳо истеъдод доранд, аммо имкон надоранд, ки ҳунарашонро сайқал диҳанд. Дар Душанбе ҳам ҷавонони ҳунарманд зиёданд, аммо наметавонанд ҳунарашонро муаррифӣ кунанд. Ман ба ЮНЕСКО пешниҳод кардам, ки ҷавононро дастгирӣ кунанд."
«Озодӣ»: Таассуротатон аз ин сафар чӣ гуна аст?
Меҳрнигори Рустам: - "Ростӣ, ҳам таассуроти хуб дорам ва ҳам бад. Сафар бе мушкилӣ намешавад. Ман зиёд мехостам осорхонаи Лувр ва мусаввараи Моно Лизаро бубинам. Аммо аҳли гурӯҳ гуфтанд, ки чипта гарона аст ва ту рав тамошо кун, баъд ба мо нақл мекунӣ. Ман танҳо рафтам, аммо баъд баромадгоҳашро натавонистам пайдо кунам ва дар осорхона гум шудам. Ҳатто гиря кардам. Аммо чун забони инглисиро медонам, забондониам ба ман мадад кард, ки пурсида, ҳамсафаронамро дарёбам."
«Озодӣ»: Оё ин сафар ба зиндагии минбаъдаатон таъсире хоҳад гузошт?
Меҳрнигори Рустам: -"Албатта, аз ҳар сафар як дарс мегирам. Аз хабарҳои зиёд, тамошои ҷойҳои таърихӣ, ҳунари мардуми кишвар бархурдор мешавам, ки ба ман дар кору зиндагӣ кӯмак мекунад.
Дар Париж радиову телевизион ва рӯзномаҳо аз ман зиёд мусоҳиба гирифтанд. Маро дар «Евронюс» ҳам нишон доданд. Ба ҳунарҳои мардумии мо таваҷҷӯҳи зиёд доштанд. Ба онҳо аз ҳама мӯйи дарози ман писанд омада буд. Боварашон намеомад, ки ин мӯйҳои худам бошад ва мехостанд бо ман акс гиранд. Аз садоям зиёд хушашон омад. Мегуфтанд, худат хурд ҳастӣ, аммо садоят мисли калонсолон. Аммо вақте дар автобуси мусиқӣ бо гитор суруд хондам, онҳо тамоман дар ҳайрат афтоданд, ки духтари тоҷик бо гитор суруд мехонад."
«Озодӣ»: Шумо гуфтед, ки дар форум ҷавонон зиёд аз сиёсат сӯҳбат мекарданд. Оё ин ба шумо таъсире гузошт. Шумо ҳам мехоҳед ба сиёсат ворид шавед?
«Озодӣ»: Аммо бархе ҳунармандон намояндаи мардумӣ дар порлумон мешаванд, ё сафири кишвар ва ё вазири фарҳанг…
Меҳрнигори Рустам: "Вақте хурд будам, мегуфтам, ки вазири фарҳанг мешавам. Мегуфтам, агар вазири фарҳанг бошам, аз ҳамаи вазирон кори худро хубтар анҷом медиҳам, ҳама ҳунармандонро дастгирӣ мекунам ва кори худро самимӣ иҷро мекунам. Аммо баъдтар ин орзу аз дилам берун шуд. Ҳоло фикр мекунам, озод бошӣ ва касби худро пеш барӣ, хубтар аст."
«Озодӣ»: Ҳоло ба ҷуз он ки дар Консерваторияи миллӣ таҳсил мекунед, боз бо чӣ корҳо машғул ҳастед?
Меҳрнигори Рустам: Дар дастаи ҳунарии «Ориё» кор мекунам. Шуғли аспсаворӣ дорам, расм мекашам. Ба наздикӣ дар рӯзи мавлудам консерти таронаҳои академӣ баргузор кардам. Ин дар эҷоди ман як навоварӣ буд. Бовар надоштам, ки дар ин амр муваффақ мешавам ва аз уҳдаи сурудани опера хуб мебароям. Аммо ба ман баҳои баланд доданд ва бисёр хушҳол шудам. Ба устодам Бурҳон Маматқулов ташаккур мегӯям, ки ба ман сурудани операро омӯхтанд."
«Озодӣ»: Барои мухлисонатон ҷолиб аст, ки шумо на дар бахши таронаҳои эстрадӣ ё мардумӣ, балки опера таҳсил мекунед. Чаро?
Меҳрнигори Рустам: "Ростӣ, ман намехостам дар бахши опера таҳсил кунам. Модарам маҷбур кард ва ректори консерватория ҳам гуфтанд, ки агар дар ин гурӯҳ хонӣ, садоят қавитар мешавад. Аслан, ман ҳатто намехостам дар консерватория таҳсил мекунам. Орзу доштам, тарроҳи либос шавам. Аммо модарам гуфт, ту ҳунарманд ҳастӣ, шояд дар дигар донишгоҳ худро нороҳат эҳсос кунӣ. Ту бояд миёни ҳунармандон бошӣ. Ҳоло аз ин тасмим пушаймон нестам. Опера жанри классикист. Мехоҳам аз ҳама намуди санъат бархурдор бошам."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
«Озодӣ»: Шумо гуфтед, ки дар Париж бо гитор тарона хондани шуморо хеле хуш истиқбол карданд. Таронаи «Модар»-ро ҳам ки бо гитор мехонед. Худатон хостед бо гитор суруд хонед?
Меҳрнигори Рустам: "Бале. Ин интихоби худам аст ва ман он чиро, ки дӯст медорам, иҷро мекунам. Гитор асбоби ҷаҳонист. Барои ман созҳои дутор, пианино ва гитор бисёр муҳиманд ва мехоҳам навохтани онҳоро хуб омӯзам."
«Озодӣ»: Дар сохтани имиҷ ба шумо кӣ кӯмак мекунад?
Меҳрнигори Рустам: "Имиҷи ман худ аз худ пайдо шуд. Имиҷамро ман худам интихоб мекунам. Либосу ороиши мӯй, жанри таронаро худам пешниҳод мекунам ва бароям омода мекунам. Аммо дастгирии модарам хеле зиёд аст."
«Озодӣ»: Орзуи ширкат дар кадом озмунҳои байналмилалиро доред?
Муаррифиномаи Меҳрнигори Рустам
Меҳрнигори Рустам 14-уми октябри соли 1994 дар оилаи ҳунармандон ба дунё омадааст. Мактаби байналмилалии шаҳри Душанберо соли 2011 хатм кардааст.Нахустин таронаашро Меҳрнигор дар панҷсолагиаш хонда буд, ки «Куртаи чакан» ном дошт. Меҳринигор то имрӯз дар озмунҳои зиёди ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, ҷоизаҳои зиёд ба даст овардааст. Соли 2001 дар озмуни «Ғунчаҳои умед» ва соли 2003 дар озмуни «Офтобак» ширкат карда, соҳиби Шоҳҷоизаи ин озмун шудааст. Баъдан дар озмуни байналмилалии «Йединҷи туркча олимпиадалари» дар Туркия соҳиби медалҳои тилло ва нуқра шудааст. Соли 2006 дар озмуни «Бозиҳои делфӣ» миёни наврасони кишварҳои ИДМ ба гирифтани ду медали тилло - дар бахши таронаҳои мардумӣ ва таронаҳои эстрадӣ ноил шудааст.