Баҳси марзу "иғво" дар сӯҳбати Раҳмон бо Отамбоев

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар пайи баҳсҳои марзии кишвараш бо Тоҷикистон даъвати Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷоми як сафари расмӣ пазируфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, баъд аз поёни нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС), ки 12 сентябр дар Душанбе ҷараён гирифт, бо ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев гуфтугӯ анҷом додааст. Ҷузъиёти бештари ин мулоқот то ҳол рӯи даст нест.

Аммо дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бо нашри як иттилоияи расмӣ гуфта, ки “зимни суҳбат масоили вобаста ба муносиботи ҳамсоягӣ ва рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд”. Бар асоси иттилои манбаъ, Раҳмону Отамбоев таъкид кардаанд, ҳарчи зудтар баҳсҳои марзӣ, бахусус дар минтақаи Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон ҳаллу фасл шуда, аз ҳама гуна иғвогариҳо ҷилавгирӣ гардад.

“Изҳори бовар карда шуд, дӯстию бародарии тоҷикону қирғизҳо ҳифз шуда, минбаъд низ ба нафъи ҳарду давлати ҳамсояи дорои манфиатҳои муштарак ва шароити ба ҳам наздик хизмат хоҳад кард”,-таъкид шудааст дар иттилоияи расмӣ. Дар охири суҳбат Эмомалӣ Размон аз Алмосбек Отамбоев хостааст, дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд ва ин давъат аз ҷониби раҳбари Қирғизистон ҳам пазируфта шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳайси кишварҳои болооби минтақаи Осиёи Марказӣ ду ҳамтақдир дониста мешуданд, ки яке дар ғами бунёди Роғуну дигаре дар талоши сохтани Қамбарота аст. Аммо тайи як соли охир зоҳиран аз миёни ин ду ҳамсояи наздик “гурбаи сиёҳ” гузаштааст, ки минтақаҳои марзияшон рӯзҳои ками оромиро мебинанд.

Ин ноамниҳо моҳи январи соли ҷорӣ дар пайи тирпаронии марзбонҳои қирғизу тоҷик оғоз шуда, моҳи гузашта бо задухӯрду тирпаронӣ дар Қалъачаи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд идома кард, ки панҷ захмӣ ва ду кушта боқӣ гузошт.

Соҳибназарон ва мақомоти ду кишвар қисматҳои мушаххаснашудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мояи асосии нофаҳмӣ ва задухӯрдҳо дар марз медонанд. То имрӯз аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Оғоз ё идомаи сохтмони иншоот, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо дар минтақаҳои баҳсии марз ҳар дафъа ба низои навбатӣ дар марзи ин ду кишвар мунҷар шуда, марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои охир амалан ба доғтарин нуқта аз нигоҳи амниятӣ табдил ёфтааст.