Медведев гуфт, муҳоҷироне, ки кор намекунанд, дар Русия наистанд

Дмитрий Медведев

Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амният ва президенти собиқи Русия, дар як баёнияи муҳоҷирситезона гуфт, он аъзои оилаи муҳоҷироне, ки дар ҷое кор намекунанд, бояд Русияро тарк кунанд. 

Ӯ дар ин бора рӯзи 31-уми октябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия сухан гуфт. Ба қавли Медведев, бояд танҳо мутахассисон барои кору зиндагии доимӣ ба Русия даъват шаванд.

Коргарони беихтисоси хориҷӣ ҳам, ба гуфтаи ӯ, бояд то замоне дар Русия бошанд, ки ба нерӯи онҳо эҳтиёҷ ҳаст.

"Будубоши оилаи муҳоҷирон дар Русия таваҷҷӯҳи махсус металабад. Касоне, ки дар кишвари мо кор ё таҳсил намекунанд, бояд онро тарк кунанд. Дар ин ҷо нақши кордиҳанда муҳим аст, чунки онҳо ба ҷалби муҳоҷирон манфиатдоранд," – афзуд ӯ.

Медведев хостааст, ки иҷоза надиҳанд, то муҳоҷирон барои худ маҳаллаҳои хос бисозанд, зеро ба назари ӯ, ин гуна ҷомеаҳо заминаҳои густариши ифротгароиро фароҳам мекунанд.

Русия барои бисёре аз оилаҳо дар Тоҷикистон кишвари асосии кору муҳоҷират боқӣ мемонад, ҳарчанд маҳбубияти пешинаро аз даст додааст. Бинобар фишори зиёд ба онҳо, имсол муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия 15% дар сад камтар шуд.