Масъуд Пизишкиён савганд ёд мекунад

Масъуд Пизишкиён

Масъуд Пизишкиён, ки дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Эрон пирӯз шуд, имрӯз, 30-юми июл, дар Маҷлис (порлумон) савганд ёд мекунад.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, рӯзи 28-уми июл аз ӯ тақозо кард, ки на бо Ғарб, балки бо ҳамсояҳои Эрон равобити наздик бунёд кунад.

Ин дастур дар ҳоле буд, ки Пизишкиён дар як паёмаш хоҳони равобити бозтар бо кишварҳои ғарбӣ шуд.

Пизишкиёни 69-сола ҷарроҳи дил аст. Ӯ рӯзи 5-уми июл дар даври дуюми интихобот номзади муҳофизакор Саид Ҷалилиро шикаст дод.

Интихоботи пеш аз муҳлат дар Эрон баъди он баргузор шуд, ки президенти пешин Иброҳим Раисӣ моҳи май дар як тасодуфе бо чархболаш ба ҳалокат расид.

Барои иштирок дар маросими савгандёдкунӣ раҳбарони чанд кишвари муттафиқи Эрон ба Теҳрон рафтаанд. Дар миёни онҳо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ ҳаст.