Гуруснаву ташна ва бо ояндаи норӯшан. Фирори арманиҳо аз Қаробоғ
Фирориён дар роҳ аз Қаробоғи Куҳӣ ба деҳаи Конидзори Арманистон. 26-уми сентябри соли 2023.
Фирори дастҷамъии арманиҳо баъд аз ҳамлаи Озарбойҷон дар рӯзи 19-уми сентябри имсол оғоз шуд. Пас аз ин ҳодиса Озарбойҷон минтақаи Қаробоғи Кӯҳиро пурра зери назорат гирифт.
Гурезагон дар канори роҳе ба самти Арманистон дар гирди оташ худро гарм мекунанд. Онҳо мунтазири оғози ҳаракати нақлиёт ҳастанд. 25-уми сентябри соли 2023
Давоми 30 соли охир Арманистон ва Озарбойҷон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ ду бор ҷангиданд. Ин минтақа, ки бештари сокинонаш арманҳо буданд, баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ минтақаи бурунбум (анклав) шуд. Дар санадҳои байнулмилалӣ Қаробоғ ҳамчун ҳудуди Озарбойҷон эътироф шудааст.
Дар аксҳои моҳвораӣ қатори зиёди мошинҳо дар гузаргоҳи Лочин, ягона роҳ аз Қаробоғи Куҳӣ ба Арманистон дида мешаванд. 26-уми сентябри соли 2023.
Баъд аз ҷанги соли 1994, арманиҳо бо пуштибонии низомии Арманистон назорати Қаробоғро ба даст гирифта буданд. Дар ҷанги соли 2020 Озарбойҷон қисми калони минтақаро зери назорати худ даровард..
Гурезаи арманӣ мошини худро дар роҳ аз Қаробоғ ба Арманистон таъмир мекунад.
Ҷанги соли 2020 бо миёнаравии Русия ва бо ҷойгир кардани нерӯҳои посдори сулҳи ин кишвар ба анҷом расид. Аммо нерӯҳои посдори сулҳ барои пешгирӣ аз "амалиёти зиддитеррористи"-и Озарбойҷон дар Қаробоғ тақрибан коре накарданд.
Мошини боркаш бо гурезаҳо.
Пеш аз ҳамла, Озарбойҷон як моҳ Қаробоғи Кӯҳиро дар муҳосира гирифт ва Боку гуфт, аз интиқоли ғайриқонунии силоҳ нигарон аст. Муҳосира 120 ҳазор сокини Қаробоғи Кӯҳиро аз маводи ниёзи аввал маҳрум карда буд.
Як наврас дар дохили мошине, ки ба самти Арманистон меравад. Бисёре аз гурезагон дар роҳ мондаанд, бархе аз онҳо ғизо ва оби кофӣ надоранд.
Озарбойҷон 24-уми сентябр ва баъди чор рӯзи тавофуқ дар бораи оташбас роҳро кушод.
Гурезаҳои арманӣ дар болои мошини боркаш дар гузаргоҳи Лочин. Ин гузаргоҳ зери назорати нерӯҳои посдори сулҳи Русия ва марзбонони Озарбойҷон аст.
Боку ваъда дод, ки Озарбойҷон нисбат ба арманиҳо аз фишор (табъиз) кор намегирад, аммо Ереван аз эҳтимоли "поккории қавмӣ" ҳушдор дод.
Гурезаҳои арманӣ баъд аз гузаштан ба деҳаи Корнидзори Арманистон якдигарро ба оғӯш мегиранд.
Гурезаҳо дар мошини боркаш дар ҷануби Арманистон. Онҳо интизори сафар ба Ереван ҳастанд.
Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен 26-уми сентябр президенти Озарбойҷонро ба ҳимояи сокинони мулкии Қаробоғ даъват кард.
Гурезаҳои арманӣ дар маркази Салиби Сурх дар Горис.
Энтони Блинкен дар суҳбат ба Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, гуфтааст, Боку барои бе мамониат расондани ёриҳои башардӯстона ба Қаробоғ бояд иҷозат диҳад.
Ин мард дар натиҷаи таркиш дар анбори сӯзишворӣ дар наздикии шаҳри Степанакерти Қаробоғ захмӣ шудааст. Ӯро ба бахши беморони сӯхтагӣ ба шаҳри Ереван овардаанд.
Омбудсмени минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғ Гегам Степанян ба бахши армании Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯи маълумоти тасдиқшуда, дар таркиш 68 кас қурбон шудааст. Ҳодиса замоне рух дод, ки мошини ҳомили одамон ба самти Арманистон, дар навбат барои гирифтани бензин меистод.
Зани пиронсол бо захм дар сараш дар маркази сабтиноми гурезаҳо дар Горис истодааст. 27-уми сентябри соли 2023. Мошини ин оила дар вақти фирор аз Қаробоғ ба садама дучор шуд.
Вазорати тандурустии Озарбойҷон 27-уми сентябр хабар дод, ки дар ҳамлаи охири нерӯҳои Озарбойҷон, 192 низомии озарӣ кушта шуда, 511 кас ҷароҳат бардошт.
Намояндагони расмии арманиҳои Қаробоғ гуфтанд, дар ҷараёни амалиёти низомӣ аз тарафи онҳо камаш 200 кас, аз ҷумла 10 сокини маҳаллӣ кушта шуда, зиёда аз 400 нафар маҷруҳ шуданд.