Марзбонони рус тоҷиконро дар марз манъ кардаанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зиёда аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон як ҳафта боз дар гузаргоҳи Сагарчин дар сарҳади Қазоқистон бо Русия банд мондаанд. Баъзе аз онҳо барои дароз кардани муҳлати будубош дар Русия вориди Қазоқистон шуда буданд, вале ҳоло марзбонони Русия иҷозаи даромадан намедиҳанд ва ҳам намегӯянд, ки иллаташ чист.