"Дискоклуб"-ҳо дар Хуҷанд бастаанд, ё кушода? ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дарҳои кушодаи дискоклубҳои "баста" дар Хуҷанд

Дар ҳоле ки мақомоти Хуҷанд моҳи октябр "барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ" дари марказҳои дилхуширо баста буданд, баъзе аз корбарон мегӯянд, "дар онҷо пойкӯбиву рақсу суруд ҳанӯз идома дорад". Намояндагони идораи беҳдоштӣ гуфтанд, ба фаъолияти дубораи дискоклубҳо иҷозат надодаанд.

Дар маркази вилояти Суғд ҳашт маркази бузурги дилхушӣ вуҷуд дорад, ки ҳаводоронро аз худи шаҳр ва гӯшаҳои дигари ҷумҳурӣ ҷалб мекунад. Кандукови мо ва наворҳои корбарон нишон дод, ки рӯзҳои охир шаш марказ ("Барбарос", "Очил", "Опера", "Парламент", "Ёсуман" ва "Амнезия") фаъоланд.

Мақомот мегӯянд аз фаъол будани марказҳои дилхушӣ хабар надоранд ва то ҳанӯз расман барои дубора фаъол шудани онҳо иҷозат надодаанд. Таҳмина Усмонова, раиси Маркази назорати тандурустӣ ва эпидемиологии шаҳри Хуҷанд, рӯзи 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "фаъолияти марказҳои дилхуширо муваққатан боздошта будем. Ҳоло корҳои санҷишӣ ҷараён дорад."

Ӯ афзуд, мизони сирояти беморӣ дар муқоиса ба моҳҳои гузашта кам шудааст ва эҳтимоли дубора фаъол кардани марказҳои дилхуширо баррасӣ доранд. "Дар шаҳри Хуҷанд шумори беморон як миқдор кам шудааст. Бинобар ин, барои дубора иҷозат додан ба фаъолияти марказҳои дилхушӣ санҷиш гузаронида истодаем", -- шарҳ дод Таҳмина Усмонова.

Рӯзи 23-юми октябри имсол ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо нашри изҳороте гуфта буд, "масъулони клубҳои шабона қоидаҳои беҳдоштӣ ва дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳриро оид ба пешгирии бемории короновирусиҷро накардаанд" ва фаъолияти онҳо боздошта мешавад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рақс дар дискоклубҳои "баста"-и Хуҷанд идома дорад

Тоҷикистон танҳо 30-юми апрели имсол аввалин мавридҳои сирояти короновирусро тасдиқ кард, аммо ба фарқ аз кишварҳои ҳамсоя карантини саросарӣ ҷорӣ накард. Дар авҷи сирояти беморӣ танҳо фаъолияти бозорҳо, масҷидҳо ва тарабхонаҳо дар кишвар муваққатан боздошта шуданд.

Бо кам шудани мизони бемории COVID-19 фаъолияти бозорҳо ва марказҳои дилхушӣ иҷозат дода шуд. Ҳоло дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари кишвар марказҳои дилхушӣ фаъоланд, аммо мақомот аз онҳо тақозо кардаанд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Марказҳои дилхушии Хуҷандро барои пешгирӣ аз COVID-19 бастанд. ВИДЕО

Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрел то 20-уми ноябр дар Тоҷикистон бемории коронавирус ба 11 ҳазору 815 нафар сироят кардааст. Аз ин миён 86 нафар фавтидаанд. Ба иддаои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 11 ҳазору 188 нафар ё беш аз 94 дарсади беморон шифо ёфтаанд. Аммо муттахасисон омори расмиро дар бораи беморони коронавируси нав ва маргу мир аз он дар Тоҷикистон зери шубҳа мегузоранд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус баргузории ҳамагуна маъракаҳои бахшида ба Соли нави милодиро манъ кард. Ин ид дар гузашта пуршукӯҳ таҷлил мешуд ва дар маркази Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо арчаи солинавӣ мегузоштанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Марказҳои дилхушии Хуҷандро барои пешгирӣ аз COVID-19 бастанд. ВИДЕОСадоҳои баландро дар Душанбе "паст" мекунанд, вале на садои сохтмонҳороЧӣ шуд, чӣ нашуд? Тоҷикистон ва ҳамсоягонаш дар мубориза бо COVID-19