Марги мармузи Сабина Хуррамдил дар Ню-Йорк

Сабина Хуррамдил (Росас)

Полиси Амрико марги мармузи Сабина Хуррамдил (Росас), зодаи 33-солаи Тоҷикистон ва муассиси тарҳи ҳунарии “Руъё”-ро таҳқиқ мекунад. Ӯ соли 2009 ба Иёлоти Муттаҳида рафта буд.

Ҷасади ӯро рӯзи 29-уми октябр дар осоишгоҳи боҳашамати “Shou Sugi Ban House” дар Ню-Йорк ёфтаанд.

Намояндагони полис ба матбуоти маҳаллӣ гуфтаанд, ҷасади зани ҷавон бо осори захми зиёд ошкор шуд. Ҳарчанд таҳқиқ оғоз ёфтааст, ҳанӯз ҳеч кас боздошт ё гумонзад нашудааст.

Оилаи Сабина дар изҳороти мухтасари матуботӣ навиштааст, ки ӯ фарзанди сеюм ва дӯстдоштаи оилаашон буд. Онҳо аз ҷомеаву сохторҳои қудратӣ хостаанд, ки барои таҳқиқи қазияи марги мармузи духтарашон мусоидат кунанд.

Сабина, ки бо насаби Росас ҳам маъруф аст, зодаи Тоҷикистон буд ва солҳои охир дар минтақаи Брукилини Ню-Йорк мезист. Ӯ дар доираи тарҳи иҷтимоии “Руъё” ба муаррифии фарҳангу ҳунари Осиёи Марказӣ маъруф буд.

Аниса Собирӣ, коргардони тоҷики муқими Лондон, рӯзи 30-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, марги Сабина “талафоти азиме барои фарҳанги Осиёи Марказӣ аст. Ӯ фарҳангу ҳунарро бисёр дастгирӣ мекард ва тарҳҳои зиёде дар нақша дошт”.

Нашрияи бритониёии "The Independent" бо такя ба пулис хабар додааст, ки гумонбар дар куштори мармузи Сабина, баъди ҳодиса ба эҳтимоли зиёд худкушӣ кардааст. Аз ӯ Томас Гэннон ном бурда шудааст, ки 56 сол дошта, ба иттилои пулис дар хонаи худ, дар аёлати Пенсилвания, худкушӣ кардааст.