Марги ду наврас аз дуди ангишт дар Шаҳристон

Акс аз бойгонӣ

Ду кӯдак, яке шаш ва дигаре сездаҳсола, дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд аз дуди ангишт ҷон бохтаанд. Дуи дигар, яке даҳ ва дигаре чордаҳсола, дар ҳолати вазнин ҳастанд.

Ҳодиса шаби 17-уми декабр рӯй дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 18-уми декабр гуфт, ҳамаи онҳо аз як оила ҳастанд ва аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд.

“Кӯдакон фаврӣ ба бемористон интиқол дода шуданд. Мутаассифона, бар асари расидани зарари бештар ва заҳролудӣ бо дуди ангишт ду нафари онҳо ҷони худро аз даст доданд,” – гуфта шудааст дар баёнияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Мақомоти ин ниҳоди давлатӣ ҳамзамон аз сокинон дар гӯшаҳои Тоҷикистон хостаанд, ки ҳангоми истифода аз ангишт барои гарм кардани хонаҳо дар фасли зимистон эҳтиёт кунанд.

Сокинони Тоҷикистон дар тирамоҳу зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд ва дар минтақаҳо барои гарм кардани хонаҳо бештар аз ангишту ҳезум истифода мекунанд.

Бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт моҳи марти соли 2024 се нафар дар деҳаи Турушбоғи Ҳисор ҷон бохтанд.

Моҳи декабри соли 2023 се узви як оила, аз ҷумла як кӯдак дар шаҳри Душанбе ва аз он пештар дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон як зану шавҳари ҷавон аз дуди ангишт фавтиданд.