"Ваҳшатбор". Марги даҳҳо кас дар ҳамлаи мушакии Русия ба як шаҳри Украина

Раҳбарони Украина, Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаи мушакии Русияро ба шаҳри Сумии Украина маҳкум карданд.

Дар ин ҳодиса дар рӯзи 13-уми апрел 34 кас, аз ҷумла ду кӯдак кушта шуд. Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина хабар дод, ки 117 нафари дигар бо шумули 15 кӯдак захмӣ гаштанд.

Урсула фон дер Лейен, раиси Кумисюни Аврупо, ҳамлаи Русияро ба шаҳри Сумии Украина “поймоли дағалонаи қонунҳои байнулмилалӣ” номид ва хоҳони “чораҳои қатъӣ барои риояи созиши оташбас” шуд.

Сухангӯйи Антонио Гутерриш гуфт, ки дабири кулли Созмони Милал аз ҳамлаи Русия “амиқан нигарон шудааст”. Вай афзуд, ин “намунаи вайронгари ҳамлаҳои монанд ба шаҳру ноҳияҳои Украина аст, ки дар ҳафтаҳои охир идома дорад.”

Доналд Трамп, президенти Амрико, гуфт, ҳамлаи Русия ба Суми “як чизи даҳшатнок” буд. “Ба ман гуфтанд, ки онҳо хато кардаанд. Ман фикр мекунам, ин як чизи даҳшатнок аст. Ба ин назарам, ки ҷанг дар кул як чизи даҳшатнок аст,” – гуфт ӯ, аммо дақиқ шарҳ надод, ки манзураш аз “хато кардаанд” чӣ буд.

Маскав аз оғози ҷанги васеъмиқёс иддаоро дар мавриди ҳамлаи барқасдона ба ҷои кору зисти сокинон дар Украина рад кардааст. Агарчӣ борҳо ҳамлаи Маскав ба бемористону мактаб, зерсохти энержӣ ва биноҳои истиқоматӣ сабт шудааст.

Котиби давлатии Амрико Марко Рубио ҳодисаи рӯзи якшанберо “ҳамлаи даҳшатбори мушакии Русия” хонд. Фиристодаи вижаи Трамп дар умури Украина Кит Келлогг гуфт, “ҳамлаи нерӯҳои Русия ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар Сумӣ ҳама гуна хати одобро гузашт.”

Фридрих Мертс, садри аъзами нави Олмон, раисҷумҳури Русия Владимир Путинро ба содир кардани “ҷинояти ҷангии барқасдона ва ҳисобшуда” гунаҳкор кард. “Ин посухи Путин ба онҳоест, ки бо ӯ дар бораи оташбас гап мезананд,” -- гуфт Мертс.

Сарони Бритониё, Фаронса ва Итолиё низ ҳамларо маҳкум карданд.

Вазири корҳои дохилии Украина Иҳор Клименко гуфт, пулис дастрасиро ба ҷойи ҳамла маҳдуд кардааст, то маъмурони наҷот ба кори худ идома диҳанд. Вай афзуд, барои ҳамоҳангсозии амалиёти имдод ва расондани ёрӣ ба осебдидагон як марказ таъсис шудааст. Дар ҷойи ҳодиса равоншиносони хадамоти фавқулода ва пулис низ кор мекунанд.

Алёна Ятсина, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, аз ҷойи ҳодиса гуфт, “ҳамла дар ҷойи бисёр серодам – дар маркази шаҳр ва дар замоне рух додааст, ки бисёре аз украиниҳо дар остонаи иди муқаддас ба калисо мерафтанд.”

Кирило Буданов, раиси Идораи истихбороти низомии Украина, ин ҳамларо “ҷинояти дигари ҷангии Русия” номида, дар Телеграм навишт, ки Русия ду мушаки дурпарвози Искандар-М/КН-23-ро аз вилоятҳои Воронеж ва Курск ба Сумӣ сар додааст. “Вазифаи якҷояи мост, ки ҳеч ҷинояткори низомӣ беҷазо намонад,” – гуфт ӯ.

Андрей Ермак, раиси дастгоҳи президенти Украина Владимир Зеленский иддао кард, ки Русия дар мушакҳо бомбаҳои кассетӣ гузоштааст. Ба гузориши хабаргузории “Рейтерс”, ӯ гуфтааст, “русҳо ин корро мекунанд, то мардуми бештареро бикушанд.”

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт: “Танҳо нокасон чунин рафтор карда метавонанд. Ҷони инсонҳоро мегиранд. Ба наздикони қурбониён ҳамдардӣ мекунам.”

Созмони Милали Муттаҳид дар охири моҳи март гузориш дод, ки аз оғози соли 2025 дар даргириҳо дар Украина камаш 413 ғайринизомӣ кушта шуданд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар се моҳи аввали имсол дар Украина бар асари ҳамлаҳои Русия беш аз 2000 нафар захмӣ гаштанд. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024-ум 30 дарсад бештар будааст.