Марги 4 нафар дар ҳамлаи мушакии Русия ба Одесса  

Одесса

Дар ҳамлаи мушакии Русия ба вилояти Одессаи Украина камаш чаҳор ғайринизомӣ, аз ҷумла як наврас кушта ва даҳ нафари дигар захмӣ шудаанд.

Олеҳ Кипер, волии Одесса, дар Телеграм навишт, ки “як бинои дутабақа вайрон шуд. Дар он ҷо мардуми одӣ мезистанд.”

Ба иттилои ӯ, маъмурони наҷот ҷасади зани 43-сола, марди 22-сола ва духтари 16-соларо аз зери харобаҳо берун оварданд. Дертар яке аз захмиён низ ҷон бохтааст.

Чор нафар дар ҳолати вазнин дар бемористон ҳастанд.

Одесса маркази асосии содироти ғаллаи Украина аст ва аз оғози ҷанги Русия борҳо мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, хабар дод, ки рӯзи 11-уми октябр пойтахти Украина низ зери ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия монд.