Мардуми Кангурт аз дасти беобӣ ба дод омадаанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тоҷикистон як сарчашмаи аслии об дар Осиёи Марказӣ аст, вале мардумаш аз нарасидани оби ошомиданӣ ранҷ мебаранд. Ҳукумат чанд сол боз эълон мекунад, ки барои дастрасии сокинон ба об талош дорад, вале ин мушкил ҳалношуда боқӣ мондааст.