Мақомот мегӯянд, беш аз 112 ҳазор оилаи камбизоат кӯмак гирифтанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, аз оғози сол ба беш аз 112 ҳазору оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон ба маблағи 67 миллиону 613 ҳазору 400 сомонӣ кӯмаки яквақта расонида шуд.

Ба иттилои манбаъ, ба гурӯҳҳои гуногуни оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 600 сомонӣ кӯмаки яквақта супорида шуд.

Ин маблағҳо дар доираи "Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ" будааст, ки тавассути грантҳои байнулмилалӣ маблағгузорӣ мешавад.

Кӯмакпулӣ асосан ба шахсоне дода мешавад, ки дар рӯйхати шахсони камбизоати ҷамоатҳои деҳот, номашон сабт шудааст.

Ҳарчанд на ҳама шахсони камбизоат ба гуфтаи худашон, метавонанд дар ин рӯйхат сабти ном шаванд.

Созишнома дар хусуси ин тарҳ бо Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд ба маблағи 35 млн доллар, моҳи июни соли 2023 ба имзо расида буд.