Мақоми нави Зарина Раҳмон. Ҷойи Исматуллоев дар "Ориёнбонк" холӣ нест

Зарина Раҳмон. Акс аз соли 2010

Бино ба рӯйхати нави аъзои раёсати “Ориёнбонк”, ки Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми июн дид, Зарина Раҳмон, духтари президент Эмомалӣ Раҳмон, муовини аввали раиси ин бонк таъйин шудааст. Раҳбарии “Ориёнбонк”-ро Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба уҳда дорад.

Тибқи ин рӯйхат Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Илҳомҷон Раҷабов иҷрокунандаҳои вазифаи муовини раиси “Ориёнбонк” номбар шудаанд. Маҳмадаминов соли 2021 аз мақоми намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милал сабукдӯш гардида буд.

Зарина Раҳмон аз соли 2017 то ин дам дар мансаби муовини раиси "Ориёнбонк" кор мекард. Вазифаи ноиби аввалро Шӯҳрат Исматуллоев бар уҳда дошт. Ӯ соли 2023 дар назди хонааш рабуда ва сипас кушта шуд.

Номи Зарина Раҳмон бори аввал, соли 2010, баъд аз як муддат кораш ба ҳайси ровии бахши англисии барномаи “Ахбор”-и Телевизиони Тоҷикистон ба матбуот роҳ ёфт. Он вақт раиси пешинаи телевизион гуфта буд, ки муҳлати наттоқии Зарина Раҳмони он замон 16-сола ба забони англисӣ тахминан ду моҳ идома кард ва барои ӯ як таҷрибаи хубе шуд. Вай хатмкардаи коллеҷе дар Бритониё аст.

Хабари дигаре, ки исми Зарина Раҳмонро вирди забони матбуот кард, издивоҷаш бо Рамз Зуҳуров, писари калонии Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар соли 2013 буд. Рамз Зуҳуров хатмкардаи Академияи ҳавонавардии мулкии Қазоқистон аст.

Бег Сабур дар як суҳбаташ бо матбуот соли 2014 Зарина Раҳмонро “арӯси калонии хонадон” ва “мисли ду духтарам азизу муҳтарам” номида буд. Дертар, дар соли 2019, ин мансабдори тоҷик хабарҳоро дар бораи гуё ҷудо шудани писараш аз духтари раисҷумҳур рад кард.

Бонки хусусии “Ориёнбонк” бар пояи Бонки тиҷоратии осиёимиёнагӣ таъсис ёфтааст. Дар поёни солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ин бонк унвони “Стройбанк”-ро гирифта, соли 1991 ба “Ориёнбонк” табдили ном кард. Танҳо соли 2002 хусусӣ шуд ва ба ҷамъияти саҳомӣ табдил ёфт. Маҷмӯи дороиҳои ин бонк дар соли 2023 беш аз 5 миллиарду 423 миллион сомонӣ арзёбӣ шудааст.

Намояндагони мухолифон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро пайваста ба хешутаборбозӣ (непотизм) ва инҳисор (монополия)-и қудрату иқтисод танқид мекунанд.

Ӯ падари 7 духтар ва 2 писар аст. Писараш Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбест. Духтараш Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон. Рухшона Эмомалӣ сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ ва Таҳмина Раҳмон, духтари дигари раиси ҷумҳур, ҳамроҳи шавҳараш Зарифбек Давлатов машғули тиҷорат. Ашрафҷон Гулов, домоди Раҳмон, сафири Тоҷикистон дар Туркия аст.