Ҷасади Манзуратро баъди ду моҳ аз лаби Панҷ ёфтанд (ВИДЕО)

Акс аз бойгонӣ.

Пас аз ду моҳи бедарак шудани Манзурат Норбоева ҷасади вай аз соҳили рӯди Панҷ, воқеъ дар ноҳия Ҳамадонии вилояти Хатлон ёфт гардид.
Бахтиёр Аминҷонов, сардори идораи пулиси ноҳияи Ҳамадонӣ, рӯзи 29-уми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки "ҷасади Манзурат Норбоеваи 22- соларо сокинони ноҳия дар соҳили дарёи Панҷ, дар наздикии ҷамоати Чубек пайдо карданд."

Ба гуфтаи ҷаноби Аминҷонов, "баъди ташхиси тиббӣ дар бадани Манзурат ҳеҷ гуна осеби ҷисмонӣ ва ё нишонаҳои лату куб ва азобу машаққат кашф нашудааст ва эхтимол ин духтар даст ба худкушӣ задааст."

Ҳамчунин ба таъкиди раиси идораи пулиси ноҳияи Ҳамадонӣ, аз тарафи кормандони тиб муайян гардид, ки Манзурат Норбоева духтари бокира будааст.

Ҳарчанд маъмурони пулис сабабҳои бедарак ва аз руди Панҷ пайдо шудани ҷасади Манзуратро таҳқиқ дорад, аммо аз додани иттиллоти бештар дар ин замина худдорӣ мекунанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳангоми пайдо кардани ҷасади Манзурат, зару зевар гӯшвора ва дигар ашёҳои ӯ дар бараш дарёфт гардидааст.

Манзурат Норбоева соли 1992 дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шуда ва ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекард. Ӯ то ҳол оиладор набудааст.

Ҷасади ӯро волидайнаш охири ҳафтаи гузашта ба зодгоҳаш бурда ва дубора намози ҷаноза карда, ба хок супурдаанд. Ҳарчанд рӯзи 18-уми январ, пас аз ҷустуҷӯҳои номуваффақ, тибқи суннатҳои мардумӣ Манзуратро намози ҷаноза карда будаанд.

Аммо то кунун ин суол беҷавоб мондааст, ки чаро ҷасади Манзурати сокини ноҳияи Панҷакент, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, аз соҳили рӯди Панҷ, дар ноҳияи Ҳамадонӣ, дар ҷануби кишвар пайдо шудааст?

Гуфта мешавад, таҳқиқи телефони мобилаш собит кардааст, ки муддати ду моҳи ахир бо ҳеҷ касе мукотиба надоштааст. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои пайвандонаш, охирон маротиба дар ду моҳи пеш ба модараш тариқи СМС паём фиристода ва гуфтааст, ки худкушӣ мекунад. Аммо то кунун сабаби даст ба худкушӣ задани Манзурати ҷавон маълум нест.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷасади духтари гумшуда




Фарзияи даст ба худкушӣ задани Манзурат дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш як ҷавони донишҷӯ дар шаҳри Кӯлоб низ қасди худкушии худ кард.

Олимҷон Назаров, донишҷӯи соли аввали факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Кӯлоб, ки 18-сол дорад, барои ҳамагӣ чанд сомонӣ ва ҳуҷҷати ронандагии бародараш қасди худкушӣ карда, ба синаи худ корд задааст. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки зери фишори сахти равонӣ қарор гирфта ба ин амал маҷбур шудааст. Тавре гуфта мешавад, Олимҷон Назаров падар надорад ва дар оилаи камбизоат умр ба сар мебарад.

Тибқи омори расмӣ, соли 2013 дар шаҳри Кӯлоб 43 ҷавон даст ба худкушӣ задаанд ва ғолибан бо сабабҳои ночизу камаҳамият.

Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи оморҳои расмӣ ва гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ бештари мавориди худкушӣ дар шимоли Тоҷикистон, яъне вилояти Суғд рух медиҳад.

Ахиран пажӯҳиши ЮНИСЕФ ё Бунёди кудакони СММ мушаххас кардааст, ки бо истифода аз руйхати ба ҳисобгирии аҳолӣ, ки соли 2010 анҷом шуда буд, дар вилояти Суғд сатҳи солонаи худкушӣ, 11, 2 дар ҳар 100 ҳазор ҷавони 12 то 24 соларо ташкил медодааст. Сатҳи худкушии духтарон 11, 7 ва писарорн 10,6 ба ҳар 100 ҳазор нафар барорбар будааст.Тибқи таҳлил 90 дарсади худкушиҳо, тариқи худовезӣ, 80 дарсад бо истифодаи доруворӣ ва 65 дарсад тариқи ғарқшавӣ, 30 дарсад бо роҳи худсӯзӣ ва 28 фисад ҳаво додан аз баландӣ анҷом гирифтааст.